logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Субҳи 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Сокинони саодатманди ноҳияи Ванҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Фазои шукӯҳу шодӣ, фараҳмандӣ ва истиқболи гарм аз садоқат ва меҳру муҳаббати самимии мардуми ноҳияи Ванҷ нисбат ба Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.
Нахуст, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар маркази ноҳияи Ванҷ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои муосиртарин шароити таълиму тарбия барои насли наврас мебошад. Иншооти мазкур аз се бинои ду ва сеошёна иборат буда, дорои 28 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла физикаю химия, технологияи компютерӣ, лингафонӣ барои забонҳои русию англисӣ ва озмоишгоҳи фанҳои физикаю химия мебошад ва бо тамоми ашёи хониш ва аёниятҳои таълимӣ таъмин аст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 - и ноҳияи Ванҷ соли 2016 бо дас-туру ҳидоятҳои Сарвари маорифпарвари мамлакат дар масоҳати 4254 метри мураббаъ оғоз гардида, иншоот як сол қабл аз муҳлат бо сифати баланди меъморӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурии хониш сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз синфхонаҳои таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода,  таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба истифодаи мақсаднок аз шароити муҳайёгардида барои таълими босифати насли наврас ва ҷалби бештари онҳо ба забономӯзию азхуд намудани нозукиҳои технологияи муосир ҷалб намуданд.
Синфхонаҳои муассисаи таълимӣ бо системаи махсуси замонавӣ гарм карда мешаванд ва дар назди он барои ҳолатҳои зарурӣ анбори махсуси нигаҳдории ангишт ҳам сохта шудааст.
Маҷлисгоҳи муассиса дорои 220 ҷойи нишаст буда, барои баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқу муносиб мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити маҷлисгоҳ ҷиҳати ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои гуногун ва ташкили ҳар гуна чорабиниҳои судманд дар самти боло бурдани савияи дониши насли наврас ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Дар муассисаи таълимӣ вобаста ба талаботи давру замон китобхонаи электронӣ низ муҳайё карда шудааст.
Мактаб, инчунин, дорои толори варзиш бо 85 ҷойи нишаст мебошад. Дар толори кушоду барҳаво барои хонандагон шароити хуби баргузории бозиҳои гуногун муҳайё карда шудааст. Дар ин ҷо майдончаҳо барои бозии футбол, волейбол ва бас-кетбол низ сохта шудааст.
Атрофи бино дар масоҳати 1200 метри мураббаъ кабудизор карда шуда, барои равшаннамоӣ 6 сутунпоя бо баландии 3,5 метр ва 6 – тои дигар бо баландии 9 метр насб гардидааст. Иншоот бо камераҳои назоратии дохилию беруна ва системаи аз сӯхтор огаҳкунанда таъмин мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар маркази ноҳияи Ванҷро дар рӯзҳои таҷлил аз 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо табрик намуданд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАНҶ
11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оғози расмӣ бахшиданд.
Бинои нав  3 - ошёна буда, бо тарҳи зебою замонавӣ дар масоҳати 2033 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои 52 ҳуҷраи корӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияту хизматрасонӣ ба сокинон ва кормандони мақомот дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҳанӯз соли 2016 оғоз гардида, бинокорону муҳандисони маҳаллӣ тавонистанд, ки дар давоми ду сол ин иншоотро бо сифати баланди меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Дар ошёнаи якуми бино маҷлисгоҳ бо 240 ҷойи нишаст, утоқҳои кории бахши занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, ҳуҷраҳои техникӣ ва бойгонӣ ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи 2-юм ва 3-юм бошад, утоқҳои кории бахши сармоягузорӣ, муҳосиб, хазинадор ва толори хурди маҷлис бо 48 ҷойи нишаст бунёд гардидааст.
Бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, дорои имконоти муосири кору фаъолият мебошад ва дар иншоот барои таъмини гармӣ дар фасли сармо дегхона бо ду деги иқтидораш 100 кВт ва анбори нигоҳдории ангишт бунёд ёфта, ҳамчунин, барои нигаҳдории воситаҳои нақлиёти хизматӣ мошинсарой ва истгоҳ сохта шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ бори дигар кулли кормандонро ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз онҳо иҷрои масъулиятҳои бардӯшдошта, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва садоқат ба давлату миллатро тақозо карданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ВАНҶ
11 сентябр дар ноҳияи Ванҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бинои қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва тарҳи меъмории бино баҳои баланд дода, иншооти муосири фарҳангиро туҳфаи арзишманд барои аҳли ҳунар ва сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маънидод намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ соли 2016 оғоз гардида, аз тарафи коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонда шудааст.
Он дуошёна буда, толори барҳавои қаср дорои 350 ҷойи нишаст мебошад. Дар ошёнаи дуюм бошад, пешайвон бо 76 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳо барои рақсҳои миллӣ, дӯзандагӣ ва утоқҳои корӣ барои ҳайати кормандон ҷойгир шудааст.
Қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ дар масоҳати беш аз 900 метри  мураббаъ бунёд шуда, дорои шароити муосир барои фаъолияти аҳли ҳунар  мебошад.  Дар толори барҳавои иншооти замонавӣ аз тарафи аҳли ҳунар барномаи рангин манзур гардонда шуд. Сипас, дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.
Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дастгирии соҳаи фарҳанг аз авлавиятҳо  дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат  қарор дода шудааст.
Бояд таъкид дошт, ки ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ванҷ барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, қонеъ сохтани талаботи маънавии сокинон ва баланд бардоштани малакаи касбии кадрҳои ҷавон имконоти васеъро фароҳам меоварад.

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ШУЪБАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ
11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хосса бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар ин ҷо ба Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида, дар давоми се сол бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.
 Дар ошёнаи якуми бино ҳафт утоқи корӣ барои кормандон ва дар қабатҳои болоӣ шароити истиқомат барои кормандони ин мақомот фароҳам оварда шудааст. Дар бинои нав, ҳамчунин, ба хотири таъмини шароити хуби зисти кормандон бо оилаҳои худ, манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин ва бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо калиди хонаҳои истиқоматии ду ва сеҳуҷрагиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ванҷ супурда, бо шароити муҳайёгардида дар онҳо шинос шуданд.
Президенти мамлакат кормандони соҳаро ба хизмати соф-дилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа даъват намуданд.

МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАНҶИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқоти озоду самимӣ доир намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ифтитоҳи иншоотҳои навро ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди ноҳияҳои дурдасти мамлакат марбут донистанд.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Ванҷ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамаҷиҳата рушд намуда, дастовардҳои назаррас дар тамоми бахшҳо ба назар мерасад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешрафти соҳаҳои гуногун иштирокчиёни мулоқотро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии ин гӯшаи дурдасти мамлакат ҳидоят намуданд.

БОЗДИД АЗ НОҲИЯИ ДАРВОЗ
Нимаи  дуюми 11 сентябри соли равон сафари кории Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт.
Меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилоят, ноҳия, аҳли санъату фарҳанг ва фаъолон бо меҳмоннавозии хоси мардуми кӯҳистони Дарвоз ва меҳру садоқати беандоза истиқбол гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии омоданамудаи сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи кӯҳистони мамлакат баҳои баланд доданд.
Дар маркази ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур 3-ошёна буда, бо тарҳи муосир сохта шудааст, ки дорои 14 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 7 ҷойи хоб ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандони соҳаи маориф, ки ба муносибати ифтитоҳи иншооти нав ҷамъ омада буданд, оид ба рушди соҳаи маориф, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат барои пешрафти ин бахши пешбарандаи ҷомеа ва дастгирии аҳли зиё андешаронӣ карда, аз омӯзгорон беҳтар кардани сифати таълиму тарбияро талаб намуданд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ
11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвозро дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт. Он сеошёна буда, аз 39 ҳуҷраи корӣ, як хонаи машваратӣ бо 39 ҷойи нишаст ва толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст иборат мебошад. Масоҳати умумии бино 1160 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани иншоот бо барқ як трансформатори иқтидораш 250 кВ, дизел - генератори иқтидораш 30 кВт насб карда шудааст.
Ҳамчунин, дар гирду атрофи бино гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуда, роҳҳо сафолакпӯш ва назди иншоот чароғон гардидааст.
Баъди ифтитоҳи бинои мақомот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи кӯҳистони мамлакат баҳои баланд доданд.

ИФТИТОҲИ СУТУНПОЯИ ПАРЧАМ ВА НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ
Дар маркази ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ сутунпояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия дар  баландии 30 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Баландии Нишони давлатӣ, ки дар паҳлуи сутунпояи Парчам сохта шудааст, 15 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар назди Нишон ва Парчами давлатӣ тоҷ бо паҳноии 12 ва дарозии 14 метр сохта шудааст.
Дар баробари сохтмони тоҷ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гирду атрофи маҷмаа гулу буттаҳои ороишӣ низ шинонда шуда, атрофи он чароғон ва ободу зебо карда шудааст.
Бунёди рамзҳои давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти муқаддасоти миллӣ сурат гирифтааст.
Пас аз ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъйиноти гуногун, дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Зимни баромади худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои ин ноҳияи кӯҳистони мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки маҳз самараи Истиқлолияти давлатӣ, тадбирҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории мардум аз сиёсати созанда боис гардид, ки имрӯз шароити кору зиндагии сокинони ноҳия беҳтар гардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.09.2018    №: 179    Мутолиа карданд: 206

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед