logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ЧАПЛИН: "ДАРСЕ, КИ АЗ ПАДАР ГИРИФТАМ"
Вақте ки наврас будам, як бегоҳӣ ҳамроҳи падарам ба театр рафтем. Дар навбат барои билет харидан пеш аз мо як хонаводаи серфарзанд - падару модар ва шаш кӯдаки аз 12 - сола пойин истода буданд. Онҳо дасти ҳамдигарро гирифта, пушти падару модарашон қарор доштанд ва байни ҳам бо ҳаяҷон дар бораи саҳнаҳое, ки бояд доир шаванд, гап  мезаданд. Ҳарчанд либосашон куҳна бошад ҳам, вале тозаю озода буд.
Вақте ки навбаташон расид, падари хонавода гуфт:
- Лутфан, ду билет барои калонсолон ва шаш билет барои кӯдакон диҳед.
Билетфурӯш баъди андаке сарашро боло карда гуфт:
- 20 доллар.
Ногаҳон чеҳраи  мард тағйир ёфт ва маъюсона ба ҳамсараш нигоҳ кард. Маълум буд, ки ӯ пули кофӣ надошт ва намедонист, ки чи кор кунад ва ба кӯдаконаш, ки дер боз мунтазири ворид шудан ба толор буданд, чи гӯяд.
Ин вақт падарам аз кисааш як 20 - доллараро берун оварда, онро ба замин партофт, сипас, хам шуда пулро гирифту ба китфи он мард даст расонда гуфт:
- Бубахшед ҷаноб, пулатон афтидааст. Мард, ки дарҳол лутфи падарамро дарк кард, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва маънидорона ташаккур гуфт. Он лаҳза барои он ки назди фарзандонаш хиҷолат нашавад ва онҳоро ноумед накунад, кумаки падарамро қабул намуд.
Баъд аз он ки онҳо билет гирифтанд, ману падарам оҳиста аз саф ҷудо шудем ва ба хона баргаштем. Аз ҳамон вақт ман бо доштани чунин падар ифтихор мекардам. Он бегоҳ ман барои худ як дарси бузург гирифтам.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР

СУД
ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
А+
Брайан Делекта дар маркази ҳуқуқие, ки як муддат мехонд, барномаи махсуси таълимиро аз худ карда, сазовори баҳои рейтингии А+ гардид. Аммо, дар мактабе, ки писарбача таҳсил мекунад, баҳои ӯ ба А табдил ёфт. Ҳарчанд дар барномаи таълимии Амрико А баҳои аз ҳама баланд ҳисобида мешавад, Брайан бо нишони эътироз барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ (ба ӯ баргардондани А+) ва ҷорӣ кардани маҳз чунин баҳои рейтингӣ дар мактаб ба суд муроҷиат кард ва, аҷиб ин аст, ки  ғолиб омад.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


Андарз
ЯК САТИЛ СЕБ
Як мард ҳавлие харид калону зебо ва боғе дошт сермева. Дар шафат бошад, дар ҳавлии фарсуда ҳамсояи ҳасуде мезист, ки шабу рӯз бо амалҳои зишт табъи ӯро хира кардан мехост: гоҳ ифлосӣ зери дараш мепартофт, гоҳи дигар бо ангишт деворашро сиёҳ мекард, ҷониби дарахтҳояш санг меандохт...
Субҳе мард бо табъи болида бедор шуда, рӯи ҳавлӣ баромад, ки аз накҳати гулҳои рангоранг муаттар буд. Ин вақт чашмаш ба сатили партов афтод, ки дар назди дарвоза меистод.
Мард сатилро холӣ ва то дурахшидан тоза кард. Баъд онро аз беҳтарин себҳои боғаш пур намуду хонаи ҳамсояаш рафт. Ҳамсоя тақ-тақи дарро шунида, бо заҳрханд аз дил гузаронд: «Оқибат ба ҷонаш расондам…». Ва бо умеди хархаша дарро кушод, ки ҳамсояи нав бо табассум сатили себро ба ӯ дароз карда гуфт: «Ҳар кас аз рӯи ҳимматаш!».
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


КӢ ЗӮРТАР?
Сангтароше зери нурҳои офтоби сӯзон бо машаққати зиёд аз кӯҳ пораҳои калони сангро канда, худ ба худ шикоят кард:
- Аз чунин зиндагӣ хаста шудам. То кай ҳаёти ман бо кӯҳканӣ мегузарад? Офтоби сӯзон мағзи сарамро об кард. Кош, ман ҳам дар осмон мисли офтоби дурахшон ба атроф нур мепошидам. Аз боло ҳама чиро назора карда, ҳокими тамоми мавҷудот мешудам.
Дуояш мустаҷоб шуд. Акнун ӯ дар само Офтоб буду аз чунин толеъ хушнуд. Вале хурсандиаш зиёд давом накард, зеро абрҳо қабат – қабат пеши нурҳояшро гирифтанд. Сангтарош ба хашм омад:
- Агар абрҳои муқаррарӣ пеши нури маро мегирифта бошанд, пас, онҳо аз Офтоб қавитаранд. Ман бояд абр шавам. Ин орзуяш низ  амалӣ  гашт. Инак, вай дунёро сайр карда, ба ҳама ҷо борон медод. Вале дар ин ҳангом аз куҷое шамол вазиду ӯро парешон кард. «Оҳ, ин шамоли беамон. Аз куҷо пайдо шуду маро парешон кард. Пас, маълум мешавад,  ки шамол пурқувваттар аст. Ман бояд шамол шавам», - гуфт ӯ. Орзуи сангтарош амалӣ мешаваду ӯ мисли шамол ба чор тараф мевазад. Ҳангоми сайру гашт шамол ба деворе бармехӯрад. Ба девор назар карда мебинад, ки он кӯҳи азиме аст. Ба азамати кӯҳ ҳасад бурда, орзу мекунад, ки кӯҳ бошад. Ин орзуяш низ амалӣ мешавад.
Инак, ӯ мисли кӯҳи азимҷусса ва қавӣ дар олам қомат афрохта, бо бузургиаш фахр мекард. Дар назари ӯ тамоми мавҷудот заиф буданд. Вале ҳис мекунад, ки чизе ӯро аз дарун нороҳат карда истодааст. Аз ҷисми азимаш пораҳои сангинро меканданд. Қӯҳ дарк кард, ки кадом як махлуқи қавитаре ӯро заиф мекунад. Назар карда мебинад, ки он як сангтарош аст.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


СУРУДХОНӢ КОР НЕСТ?
Боре Фёдор Шаляпин, яке аз машҳуртарин сарояндагони операи Русия,  баъди намоиш аз Театри калон ба кӯча баромада, ба  фойтун менишинад. Фойтунчӣ баробари ба роҳ баромадан, аз ӯ мепурсад:
- Шумо чикораед?
- Суруд мехонам,- мегӯяд Шаляпин.
- Мебахшед, ман дигар чизро дар назар дорам, ҷаноб. Сурудро ҳама мехонанд, ман ҳам ғамамро бо ашӯлахонӣ мебарорам. Ман мепурсам, ки шумо чӣ кор мекунед. Сурудхонӣ кор нест-ку, охир?
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА

 

ИНТЕЛЕКТ
1 СОЛ БО «ИНТЕЛЛЕКТ»
Як сол мешавад, ки рубрикаи «ИНТЕЛЛЕКТ» саҳифаи фарҳангӣ – фароғатии «Шоми шанбе» - ро оро медиҳад. Кроссворди навбатиро ба ин муносибат тартиб додем, ки бо ному насабҳои ғолибони ин рубрика пур карда мешавад. Ному насаби ғолибонро аз саҳифаҳои рӯзнома ёфта метавонед. Чӣ тавре ки мегӯянд: «Ҷӯянда ёбанда аст!».
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА  (238-53-40, 93-547-00-05, Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700)


ИНТИХОБ КУНЕД:
Ё ЧЕМПИОН МЕШАВЕД Ё ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕРАВЕД

Ҳукуматдорони Кореяи Ҷанубӣ ба футболбозонашон ваъда доданд, ки ба ивази чемпион шудан дар 18 - умин Бозиҳои осиёӣ дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия аз хизмати ҳарбӣ озод мешаванд. Футолбозон аз ин пешниҳод рӯҳу илҳоми тоза гирифта, то ба финали мусобиқа  баромаданд. Онҳо дар финал бо мунтахаби Ҷопон бозӣ карданд. 90 дақиқаи вақти асосӣ бидуни гол анҷом ёфт. Баъд аз оғози қисмҳои иловагӣ онҳо дар дақиқаи 93 – юм ҳисобро кушоданд. Дар дақиқаи 101-ум бошад, як голи дигар заданд. Ҷопониҳо танҳо бо як гол ҷавоб гардонда тавонистанд. Ҳамин тавр, бозигарони Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, худашонро аз хизмати ҳарбӣ озод намуданд. Миёни онҳо футболбози бошгоҳи «Тоттенхэм»-и Англия Сон Хён Мин ҳам буд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
САЁҲАТИ КАЙҲОНӢ БЕ КАФОЛАТ
Ширкати «Люкс орбис» - и Мюнхен ҳисоб карда баромад, ки ба сафари кайҳон баромадан барои як сайёҳ тақрибан 250 000 марка лозим аст. Раёсати парвозҳои кайҳонии Русия, ки бо он соҳибмулки «Люкс орбис» Сантяго де Кристос алоқа барқарор кард, омода аст имкониятҳои то ҳол махфии худро барои дӯстдорони саёҳати кайҳонӣ пешниҳод созад, аммо барои амалӣ намудани чунин лоиҳаҳои гаронбаҳо дарёфти маблағгузорон хеле душвор будааст. Ба ин нигоҳ накарда, хоҳишмандони саёҳати кайҳонӣ метавонанд дар ширкати «Люкс орбис универс супрем» номнавис шаванд. Маблағи пардохти сафар 590 марка буда, баргардонда намешавад. Аллакай садҳо нафар маблағ пардохта, дар навбат истодаанд, аммо оғози сафар маълум нест.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ҶАНГАЛИ ШИЛИН
 200 МИЛЛИОН СОЛ ПЕШ ПАЙДО ШУДААСТ
Ҷангали сангии Шилини музофоти Юннан ҳазорҳо сахраи гуногуншакл дорад, ки шабеҳи паранда, даранда, манора, дарахт, мавҷудоти афсонавӣ ва одаманд. Гумон мекунӣ, ки ин ҳайкалҳои ғароиб рост аз замин рӯида бошанд. Масоҳати  ҷангали ғайриодӣ ниҳоят калон – беш аз 350 километр аст. Шилин қадимтарин муъҷизаи табиат мебошад, ки таърихи беш аз 200 миллионсола дорад.
Қаблан дар ҷои он баҳр буд. Тадриҷан оҳаксанг ба қаъри он фурӯ рафта, қабатҳои бисёрметра ба вуҷуд овард. Заминҷунбиҳо дар навбати худ ин маҳалро дигаргун сохтанду бузургиҳои азим аз оҳаксанд пайдо шуданд. Шамолу борон тӯли садсолаҳо аз ин харсангҳои бешакл ва сахраҳои нӯгтез суробҳои ғароиб офариданд, ки имрӯз барои тамошои ин эъҷози шигифтангези табиат ҳазорҳо сайёҳон аз тамоми ҷаҳон меоянд.
Аз ин рӯ, тасодуф нест, ки ҷангали Шилини Чин аз нодиракориҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО маҳсуб меёбад.

Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

 

5 ОДАМЕ, КИ БОРҲО АЗ МАРГ НАҶОТ ЁФТААНД
1. Фране Селак
Фране Селаки хорватӣ, омӯзгори фанни мусиқӣ, дар зиндагӣ  се маротиба дучори ҳодисаҳои нохуш шуда, ҳар бор аз чанголи марг раҳо меёфт.  Бори аввал бо қатора ба Дубровник мерафт. Қатора ба садама рӯ ба рӯ шуд ва ба дарёи яхбаста афтод.  Аз байни тамоми мусофирон  Фране зинда монд. 
Дафъаи дувум, вақте ӯ аз Загреб ба Риек бо  тайёра парвоз мекард, баногоҳ дари тайёра кушода шуда, мусофирон  ба поён сарозер шуданд. Аммо бо ҳукми тақдир,  ин марди толеъбаланд ба болои  ғарами коҳ афтида, ҷароҳати на чандон  вазнин бардошт ва зинда монд. 
Бори сеюм, вақте мошини сабукраваш оташ гирифт, ӯ моҳирона худро ба берун партофта, наҷот ёфт.
Боз ҳам аҷибаш, Фране  дар синни 81 - солагӣ дар бозии лотерея 600 000 фунт  маблағ ба даст оварда, вирди забонҳо шуд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА

 

ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ  ФУТБОЛ

20 марти соли 1976 футболбози дастаи «Астон Вилла» Крис Николл дар бозӣ муқобили дастаи «Лестер Сити» ду гол ба дарвозаи ҳариф ва дуголи дигар бар дарвозаи худ зада ба номаш чор гол сабт кард. Бозӣ бошад, бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
* * *
Зудтарин худгол (автогол) дар миёнаҳои солҳои 60-уми асри XX аз ҷониби ҳимоятгари дастаи итолиёвии «Бершиа» Масси дар сонияи 38-ум муқобили тими «Мантова» зада шудааст.

Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


ГАРОНТАРИН ВА АРЗОНТАРИН
Сингапур соли сеюм аст, ки пайиҳам дар рӯйхати қиматтарин шаҳрҳои ҷаҳон садрнишин аст.
Сюрих (Швейтсария) ва Ҳонконг ҷойҳои дувуму сеюмро мегиранд. Ҷойҳои минбаъдаро дар ин рӯйхат Женева, Париж, Лондон, Ню-Йорк, Копенгаген, Сеул ва Лос-Анҷелес ишғол кардаанд.
Мутахассисон ҳангоми тартиб додани рӯйхат арзиши 160 номгӯи маҳсулоту хизматрасониҳо, аз қабили хӯрокворӣ, либос, ашёи рӯзгор, косметика, иҷораи манзил, хароҷоти нақлиёт, маблағи таҳсил ва ғайраро ба инобат гирифтаанд. Тибқи рейтинги мазкур, хароҷоти нақлиёт барои сокинони Сингапур нисбат ба сокинони Ню-Йорк 2,5 маротиба қиматтар будааст.
Арзонтарин шаҳр барои зиндагӣ пойтахти Замбия - шаҳри Лусака дониста шуд. Воқеан, Лусака бародаршаҳри Душанбе аст. Шаҳрҳои Бангалору Мумбай (Ҳиндустон), Алмаато, Алҷазоир, Ченнай, Деҳлӣ, Димишқ ва Каракас шаҳрҳои арзонтарин маҳсуб меёбанд.

Таҳияи Р. КАРИМОВ


10 КИШВАРИ  СЕРТАМОШОБИНИ  ДУНЁ
3. АМРИКО
Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико дар рӯйхати кишварҳои тамошобоби олам ҷойи сеюмро ишғол намояд ҳам, аз ҷиҳати воридоти маблағ аз ҳисоби сайёҳӣ пешсаф аст. Ҳамасола аз ин кишвари мутараққии олам ҳазорон сайёҳ дидан мекунад ва маблағи воридшуда  зиёда аз 200 миллиард долларро ташкил медиҳад. Амрико дорои табиати афсункор, иқлими мусоид ва маданияти бою рангин буда, диққати дӯстдорони сайру саёҳатро кайҳо ба худ ҷалб намудааст. Хусусан, соҳилҳои ҷазираҳои Гавая ва бешазору ҷойҳои касногузари Аляска, инчунин, марказҳои дилхушии шаҳри Лас – Вегас, ки чун «шаҳри шаб» машҳур гардидааст, барои ҷалб ва истироҳати сайёҳон аз тамоми гӯшаю канори олам заминаи мусоид фароҳам меорад. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО 


ҲУҚУҚДОН
Корманде ба ҳуҷраи кории раис даромада мегӯяд:
- Раис, шумо аз шартномаи бастаамон 200 сомонӣ камтар ба ман музд додед, ин чӣ маъно дорад?
Раис дар посух мегӯяд:
- Медонам, аммо моҳи гузашта 200 сомонӣ бештар пардохт кардам ва ҳеҷ шикояте накардӣ.
Корманд бо ҳозирҷавобӣ мегӯяд:
- Бале, лекин ман иштибоҳро як бор мебахшам, агар он такрор ёбад, маҷбурам аз ҳуқуқи худ дифоъ кунам.


10 ВАРЗИШГОҲИ  АЗИМИ  ОЛАМ
1. «ВАРЗИШГОҲИ ЯКУМИ МАЙ»
Шояд бовар накунед, аммо азимтарин варзишгоҳи ҷаҳон дар пойтахти Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея – Пхенян ҷойгир аст. Ғунҷоиши ин нодиракории меъморӣ ақлнопазир аст - 150 000 ҷойи нишаст. Масоҳаташ 207 ҳазор метри мураббаъ, баландияш 60 метр мебошад. Онро барои гузарондани Фестивали ХIII ҷавонону донишҷӯён дар муҳлати рекордии дую ним сол сохта, 1 майи соли 1989 ба истифода доданд. Имрӯз дар он тими мунтахаби миллӣ оид ба футбол бозиҳои худро мегузаронад.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


800 ДОЛЛАР АРЗИШИ 1 ГУЛ
Дар шаҳри Кинабал гулеро парвариш карданд, ки арзиши гарон дорад. Соли 2011 ин гулро рустанишиносон «Королева ночи» («Шаҳбонуи шаб») номгузорӣ карда, ҳамон сол ба яке аз сокинони ҳамин шаҳр ба маблағи 800 доллари амрикоӣ фурӯхтанд. Соли 2013 ин гули гаронарзиши ҷаҳонро ба «Китоби рекордҳои Гиннес» дохил карданд. Ҳамон сол дар озмуни «Chelsea Flover Shov» гул ҷойи аввалро мегирад. Ранги  он асосан сабз ва сурхи баланд аст.
Таҳияи Кароматулло АТО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2018    №: 181    Мутолиа карданд: 290

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед