logo

иқтисод

СУҒД. НАХУСТАНҶУМАНИ СОҲИБКОРОНИ БУРУНМАРЗӢ

Даъватҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҷалби  ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати ободонии кишвар ва бунёди иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа, хусусан соҳибкорони бурунмарзӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Дар ҳамин радиф, дар арафаи таҷлили Ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Анҷумани нахустини соҳибкорони бурунмарзӣ - зодагони  шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки дар манотиқи гуногуни кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, доир гардид.
Давлаталӣ   Саид,  муовини  аввали   Сарвазири мамлакат,   ширкатдорони Анҷумани нахустини  соҳибкорони  бурунмарзиро  аз  номи  Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ин ҳамоиш хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мардуми Тоҷикистон 27 - солагии соҳибистиқлолии кишвари худро дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ бо дастовардҳои шоиста истиқбол мегирад. Талошу заҳматҳои ҳамарӯзаи Сарвари давлат ҷиҳати гузоштани заминаи мустаҳкам ва боэътимоди рушд дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ самари нек мебахшанд. Бо ҳаллу фасли мубрамтарин масоили иқтисодиву иҷтимоӣ дар солҳои охир  имрӯз дар кишвар марҳилаи нави рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардида, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум шароити созгор фароҳам омадааст. Барои комёб шудан дар ин марҳилаи рушд сарҷамъии соҳибкорони ватаниву бурунмарзӣ нақши муассир дорад. Тавре таҷрибаи Туркия, Арманистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар оид ба ҷалби сармояи моливу зеҳнии ҳамватанони бурунмарзӣ собит месозад,  чунин иқдом аз ҷумлаи беҳтарин омилу роҳҳост ҷиҳати ободию шукуфоии кишвар ва расидан ба рушди воқеии иқтисодиёт.
- Татбиқи муваффақонаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба ҷалби сармояи хориҷии ҳамватанони бурунмарзӣ аз бисёр ҷиҳат ба чашмикордонӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандории роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру  навоҳӣ робитаи зич дорад, - таъкид кард муовини аввали Сарвазир. Барои бе ягон мушкилӣ, монеа ва расмиятчигии аз меъёр зиёд дар корҳои ободонӣ, бунёди иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ  фаъолона ширкат намудани соҳибкорони бурунмарзӣ заминаҳои устувори меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
- Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят 1300 рӯзи ободонӣ эълон шудааст. Дар ин радиф мо тасмим гирифтаем, ки барои боз ҳам  рангину гуворотар шудани зиндагии мардуми диёр 1300 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоливу коркарди маҳсулот, ҳаммому кошонаи ҳусн, меҳмонхона, толорҳои варзишиву майдонҳои футбол, мактабу муассисаҳои томактабӣ, кӯдакистон ва муассисаҳои савдову хизматрасонӣ бунёд созем ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандориву ватандӯстӣ, ифтихор аз миллату сарзамини аҷдодӣ тарбия намоем. Дар ин ҷода шумо, соҳибкорони бурунмарзӣ, саҳми муносиб ва арзанда гузошта метавонед, - иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд.
Соҳибкорон Самандар Болтабоев аз шаҳри Самара, Абдураззоқ Раззоқов аз шаҳри Чита, Абдусалом Абдулҳамидов аз шаҳри Барнаул, Мухтор Ашӯров аз шаҳри Челябинск, Зиёваддин Ёров аз шаҳри Москва ва Мирзоазиз Усмонов аз Қазоқистон аз иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои баргузор кардани чунин як ҳамоиши  ҷавобгӯй ба талаботи рӯз изҳори сипос карда, омодагии ҷиддии худро ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободонию шукуфоии Тоҷикистон иброз доштанд.
Мазмуну мундариҷаи суханронии ҳамаи соҳибкорони бурунмарзӣ саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ ва омодагӣ ҷиҳати ҳиссагузорӣ дар пешрафту гулгулшукуфии Тоҷикистон буд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2018    №: 181    Мутолиа карданд: 71

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед