logo

туризм

ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ!

Душанбе узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) гардид

Иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 самари тоза бор овард. Дар саммити навбатии Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, ки 7 - 9 сентябри соли равон дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд. Дар ин ҳамоиш ҳифзи ҳуқуқу амният, рушду шукуфоӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, сабзу хуррамии хиёбону боғу гулгаштҳо, меъмории хоси миллию замонавӣ, табиати дилфиреб, иқлими муътадил, инфрасохтори муносиб, анвои хизматрасониҳои сатҳи байналмилалӣ ва бартариятҳои дигари шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарони федератсия, намояндагони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, як қатор шаҳрҳои аъзои  WTCF, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносону олимони соҳа баҳои баланд гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамоиши WTCF Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат намояндагӣ намуд. Шаҳодатномаи узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ дар маросими тантанавӣ супурда шуд.
Воқеан, ҳақиқати бебаҳс аст, ки Душанбе, бавижа тайи ду соли охир, симои худро ба куллӣ дигар кард, ҳусни тоза гирифт. Иморатҳои зебою муосири замонавӣ, боғу гулгаштҳои нав, марказҳои фароғатӣ ва иншооти мавриди таваҷҷуҳи хоси сайёҳон бунёд гардиданд, кӯчаю хиёбонҳо ва аксари роҳҳои марказӣ мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ таъмиру навсозӣ шуданд, дар маркази шаҳр роҳи муосири сесатҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Терминалҳои хизматрасонӣ, истгоҳҳои замонавӣ, автобусу троллейбус ва таксиҳои нав ба шаҳр ҳусни тоза бахшиданд ва сатҳи хизматрасонии нақлиётиро хеле беҳтар намуданд.
Узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ гардидани Душанбе шаҳодати равшани эътирофи маҷмӯи бартариятҳои сайёҳии пойтахти тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Узвияти Душанбе  ба ин созмон, роҳандозии ҳамкориҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ  ҷиҳати муаррифии бештари иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ташкили намоишҳои сайёҳӣ ва чорабиниҳои дигари соҳавӣ, ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори туристӣ, гузарондани таҳлилҳои маркетингӣ, ширкат дар ҳамоишҳои омӯзишию машваратӣ, табодули таҷриба, ҳалли мушкилоти соҳа ва масъалаҳои дигари сайёҳӣ имконоти фарох фароҳам меоварад.

С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2018    №: 181    Мутолиа карданд: 270

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед