logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ МУРҒОБ

Субҳи 13 - уми сентябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбату мулоқот бо аҳолии ноҳияи Мурғоб бо сафари корӣ ба ин ноҳияи дурдасттарину баландкӯҳ ташриф оварданд.

Мавриди зикр аст, ки аз субҳи содиқ ҳаво дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якбора тағйир ёфта, дар шаҳри Хоруғ борон ва дар ноҳияи Мурғоб барфи шадид борид.
Одатан, вазиши шамоли сахт ва боридани барфи зиёд на танҳо ба парвози чархболҳо монеа пеш меорад, балки барои  инсон  хатар ҳам эҷод мекунад. Вале сарфи назар аз ин, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва азму талоши созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нияти сафар ба ин минтақаи дурдасттарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нагашта, барои суҳбату дидорбинӣ бо мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мурғоб ба ин мавзеи кӯҳистон ташриф оварданд.
Ноҳияи Мурғоб дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва релйефи он мураккабу иқлимаш бисёр сард аст.
Сокинони касбу кори  гуногуни  ноҳияи  Мурғоб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат, меҳру муҳаббати бепоён ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд. Фазои шукӯҳу шодӣ ва истиқболи гарму самимии аҳолии ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб нишонаи садоқат ва меҳру  муҳаббати  бепоён нисбат ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳбуди шароити кору зиндагии сокинон, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон”, Корхонаи саноатии “Комбинати ғанигардонии маъдани нуқра” ва бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғобро ба истифода дода, бо сокинон суҳбати самимию созанда доир карданд.
Қаблан ҳам, зимни сафарҳои корӣ ба ноҳияи Мурғоб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳбуди шароити зиндагии сокинон, рушди бахшҳои ҳаётан муҳим, пешрафти шуғли асосии мардуми ин минтақа - чорводорӣ, аз ҷумла қутоспарварӣ, талошу тадбирҳои мушаххасро амалӣ намудаанд. Сокинони ноҳия ҳамаҷониба аз ғамхориҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат бархӯрдоранд. Ҳукумати кишвар барои таъмини хӯрокворӣ, маводи сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар ашёи зарурии рӯзгор чораҳои мушаххас андешида, ҳамасола миқдори лозимаи ин маводҳоро дар ноҳия захира менамояд.
Мардуми ноҳияи Мурғоб бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар ҳудуди ноҳия ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба бунёди иншооти таъйиноти гуногун талош меварзанд.

Бунёди Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нахуст  дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Неругоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” дорои иқтидори 1500 кВт буда, он ташкилоту идора ва аҳолии ноҳияи Мурғобро пурра бо барқ таъмин мекунад. Бояд тазаккур дод, ки сокинони ин ноҳияи дурдасти мамлакат дар самти дастрасӣ ба неруи барқ танқисӣ доштанд ва бо мавриди истифода қарор додани неругоҳ мушкили чандинсолаи онҳо бартараф шуд.
Баландии сарбанди неругоҳ 64 метр ва дарозиаш 12 метрро ташкил дода, дар Тоҷикистон ягона сарбанде мебошад, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст. Ин сарбанд боис бар он мегардад, ки болотар аз он ҳаҷми нисбатан зиёди об ба андозаи 2 миллион метри мукааб ҷамъ шавад ва ҳам барои неругоҳи барқи обӣ ва ҳам барои ҳифзи экологӣ, аз ҷумла моҳиҳо, қулай мебошад.
Толори мошинҳо масоҳати 468 метри мураббаъро ташкил дода, он бо истифода аз конструксияи металлӣ ва панелҳои махсус сохта шудааст. Ин масолеҳ қобилияти гарминигоҳдорӣ аз дохил ва қобилияти хунукинигоҳдориро аз берун дошта, дар шароити ноҳияи Мурғоб мувофиқ мебошад. Дар дохили толори мошинҳо ду агрегат васл шудааст, ки ҳар яки он иқтидори истеҳсоли 750 кВт неруи барқро доро мебошад. Идоракунии дастгоҳҳо пурра ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Кори таҷҳизоти он тавассути системаи “СКАДА” назорат ва идора карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки аз ин пас истифодаи самараноку оқилонаи неруи барқ дар ноҳияи Мурғоб таъмин карда шавад.
Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеи баландкӯҳ баъди неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳамагӣ 15 кВт дар Непал аз ҷиҳати мавқеъ дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон»  аз  ҷониби  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.
Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад ва он дар мамлакат марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст. Дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолии кишвар дар Тоҷикистон баробари бунёду таҷдиди калонтарин неругоҳҳои барқи обӣ, сохтмони даҳҳо неругоҳҳои хурд пеш гирифта шуда, имрӯз аксари онҳо талаботи аҳолиро қонеъ менамоянд.

Баистифодадиҳии бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб
13 сентябр зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб соли 1932 таъсис ёфта, то имрӯз кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бинои асосии худро надоштанд. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони он дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд. Ин иқдоми наҷибонаи Сарвари давлатро сокинони ноҳияи Мурғоб туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Бино дуошёна буда, дорои таҳхона ва таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ мебошад. Дар ошёнаи якум бойгонӣ, ошхона бо 30 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 240 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон ҷой дода шудааст. Ошёнаи 2-юм  бошад, аз утоқҳои корӣ иборат аст. Сохтмони он ҳанӯз моҳи августи соли 2017 оғоз гардида буд.
Масоҳати умумии иншоот 2239,12 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино бо тарҳи муосир бунёд гардида, намои берунаи он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам мекунад. Дохил ва беруни бино бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Дар маҷмӯъ, бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб дорои шароити мукаммали корӣ буда, он дар пешбурди фаъолияти тамоми соҳаҳо мусоидат хоҳад намуд.
Аснои шиносоӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори бинокорон баҳои баланд дода, кормандонро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи Ватану миллат ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зист
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб, ҳамчунин, ба фаъолияти бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист оғози расмӣ бахшиданд.
Иншоот дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурда, қитъаи ҷудогардида барои бинои асосӣ 132 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино 3 - ошёна буда, ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шудааст.
Дар ошёнаи якум осорхонаи гӯсфанди “Марко Поло” таъсис дода шуда, ошёнаи дуюм аз утоқҳои корӣ иборат мебошад. Дар қабати сеюм бо шароити муосири хизматрасонӣ меҳмонхона ҷой мегирад. Тавре таъкид гашт, осорхонаи гӯсфанди “Марко Поло” дар вилоят назир надошта, ҳадафи ташкили он ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодир мебошад.
Дар саҳни иншоот ва атрофи бинои мазкур дарахтони мувофиқ ба иқлими ин минтақа парвариш меёбанд. Иншоот мутобиқ ба талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, он зебогии маркази ноҳияро дучанд месозад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2018    №: 181    Мутолиа карданд: 377

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед