logo

сиёсат

ЭЪТИЛОФИ ЗИДДИМИЛЛӢ Ё ДАСИСАҲОИ НАВИ КАБИРӢ

Барои халқи Тоҷикистон  ва миллати тоҷик рӯзҳои саодат ва таърихӣ дар авроқи  зарин навишта шуда аст, ки онро бо ифтихор ҷашн мегирем. Яке аз ин рӯзҳои босаодат 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имсол 27 - умин солгарди онро дар фазои сулҳу ободии кишвар ҷашн гирифтем.
Аммо  дар  рӯи  замин  инсонҳое ҳастанд, ки  ҳақиқатро  чашми  дидан  надоранд, дар  дилашон  буғзу  адоват,  дар   фикрашон  риёкорӣ буда, барои расидан  ба ҳадафҳои нопоки  душманонаашон  аз  амалҳои бад  даст  намебардоранд. Онҳоро  пешрафту  шукуфоии  Тоҷикистони  азиз   таҳти   сарварии   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ором намегузорад.
Мисоли равшани ин амалкардҳои номатлуб ва пайдарпайи роҳбарони фирории ҳизби хиёнаткори наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва Илҳом Ёқубов мебошад, ки ахиран дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон боз як тавтеаи нав сохтанд. Онҳо қабл аз ҷаласаи САҲА гирди ҳам омада, рӯи хатти эътилофи нав бар зидди миллати тоҷик иқдоми иштибоҳие карданд. Ин хоинон, ки дар амалӣ намудани барномаҳои зиддимиллии худ ноком шуданд, акнун дар доираи худ эътилофе бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд, ки боиси тааҷҷуб ва нафрат аст. Ин гуна эътилофсозиҳои душманони миллат танҳо нафрати халқ, бахусус ходимони динро дар пай дораду халос. Зеро мо - ходимони дин дар давоми солҳои зиёд аз ҳадафҳои нопоки наҳзатиён ва хусусан Муҳиддин Кабириву Илҳом Ёқубов беш аз дигарон огоҳ ҳастем.
Илҳом Ёқубове, ки то имрӯз наҳзатӣ буд чӣ тавр якбора «роҳбари Анҷумани Осиёи Марказӣ дар Аврупо» шуд? Дар Аврупо аз Осиёи Марказӣ миллионҳо муҳоҷир ба сар мебаранд, ки дар байни онҳо олимони забардаст, профессорон, аҳли илму адаб ва шахсиятҳои   маъруф ҳастанду як дар ба даре, ки ҳизбашро дар Осиёи Марказӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мешиносанд, роҳбари ин анҷуман интихоб шуд ва дар эътилофи адоватангез имзо гузошт. Ин як дассиса ва фитнаест, ки ба ҷуз таҳқири муҳоҷирони меҳнатии Осиёи  Марказӣ чизи дигаре нест.
Миллати тоҷик он фитнаву ихтилофот ва нооромиҳои солҳои навадуми асри гузаштаро, ки маҳз ба дасти наҳзатиён созмон дода шуд, фаромӯш накарда, балки аз он сабақҳои зарурӣ бардоштааст. Аз ин рӯ, иттиҳоду ҳамбастагии халқи тоҷик намегузорад, ки ҳеҷ як неруи бадхоҳи миллат, дар пиёда намудани нақшаҳои шуму барномаҳои харобиовари хеш муваффақ шавад.
Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 260

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед