logo

иқтисод

«ТОҶИКСТАНДАРТ». ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА РУШДИ СОДИРОТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

Дар  доираи  сафари  давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки  17 - 18 августи соли равон ҷараён гирифт,  26 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон («Узстандарт») ба имзо расид. Бо дархости хабарнигори рӯзнома директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода доир ба ин санад, инчунин, аҳамият, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин бахш чунин ибрози назар кард:

- Созишномаи мазкур барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард. Дар доираи созишнома «Тоҷикстандарт» барои таҳияи стандартҳои байналмилалӣ бо мақсади тақвияти рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваи хушк ва сабзавот, ба кишварҳои Аврупо имкони бештар пайдо менамояд. Ҷуғрофияи ҳамкориҳо бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя васеъ шуда, содирот низ бештар ба роҳ монда мешавад. Алҳол содироти зардолуи хушк ба кишварҳои Аврупо ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик иҷозати содироти олуи сиёҳ ва маҳсулоти хушки онро низ гирем.
 Агентии  «Тоҷикстандарт» ҳамчун мақоми миллии соҳаи стандартонии кишвар дар созмонҳои  байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Ҳоло «Тоҷикстандарт» бо мақомоти стандартизатсияи Русия, Беларус, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, инчунин, бо институтҳои  стандартизатсияи Туркия ва Олмон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Дар доираи ҳамин ҳамкориҳо 25 - 27 июни соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария оид ба таҳияи стандартҳои маҳсулоти меваи хушк ва мавзӯи «Чормағз ва меваҳои хушк» ҷаласаи махсуси Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид (КАИ СММ)  доир гардид. Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба стандартҳои сифати КАИ СММ дар баробари намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони мақомоти дахлдори ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ, ширкат доштанд. Масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласаи гурӯҳи корӣ асосан таҳия ва пешниҳоди стандартҳои байналмилалии «Олуи сиёҳ», «Харбуза» (хушк), «Писта», «Чормағз», «Кокос» ва «Бодом» буд.
Дар доираи ҳамкориҳои “Тоҷикстандарт” бо Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) аз ҷониби коршиносони агентӣ ду лоиҳаи стандарти UNECE оид ба меваҳои тару тоза (хурмо ва биҳӣ) таҳия ва пас аз баррасӣ дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ ва дастгирии давлатҳои аъзо қабул гардид.
Ҳамзамон, дар самти дастгирии соҳибкорӣ бо дархости ҶДММ “Баракат Исфара” аз тарафи Агентии “Тоҷикстандарт” стандартҳои КАИ СММ “Себи хушк” ва “Олуи хушк” ҳамчун стандарти миллӣ қабул карда шуданд. Ин ба корхона ва дигар содироткунандагони себу олуи хушк имконият медиҳад, ки маҳсулоти худро бе монеа ба бозорҳои Аврупо ворид намоянд.
Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 - 29 июн гурӯҳи кории “Тоҷикстандарт” дар таҳия ва муаррифии стандартҳои меваи хушк ва зардолуи хушк дар сесияи КАИ СММ дар шаҳри Женева ва 12 - 14 июл дар шаҳри Тошкент иштирок карданд ва боиси хушнудист, ки пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ қабул гардид. Мавод барои пешниҳод бо иловаҳо ба стандарти “Зардолуи бедонак” дар Тоҷикистон таҳия гашта, аҳамияти байналмилалӣ дорад ва ҳамаи корҳои таҳлилӣ ва ташхисии водии Фарғонаро дар бар мегирад, аз ин рӯ, онро намояндагони Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ дастгирӣ намуданд.
Ҳамкориҳои байналмилалии «Тоҷикстандарт»  имкон фароҳам меоранд, ки маҳсулоти кишоварзии ватанӣ бе монеа ба мамлакатҳои наздику дур содирот шавад. Таҷрибаи байналмилалии андухтаи «Тоҷикстандарт» ба рушди соҳаҳои стандартизатсия ва баҳодиҳии мутобиқати сифат дар кишвар, ҳамчунин, иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо мусоидат мекунад.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 188

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед