logo

фарҳанг

ШОҲНОМАХОНӢ. ОНРО БОЯД БО РАВИШИ НАВ ЭҲЁ КАРД

«Шоҳнома» достони ҳазорсолаи фаромӯшгашта нест, балки акси садои ниёгони мост, ки дар дилу дидаи халқи шоирпарвару шеърдӯсти тоҷик зиндааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикон аз замонҳои қадим ҳунарманд буданд. Ин ҳунарҳоро ба таври умумӣ метавон ба ду дастаи бузург ҷудо кард: яке ҳунарҳое, ки вобаста ба касбу кору пешае  марбут аст, дигаре ҳунарҳои иҷроӣ мебошанд, ки барои гирифтани ғизои маънавӣ аз ҷониби шахсони моҳиру ҳунарманду гӯяндаи матнҳои фолклорӣ сурат мегирад. Ин ҳар ду гурӯҳро метавон боз ба зергурӯҳҳо ҷудо кард. Ҳар кадоме аз ҳунарҳои мардумӣ дар зиндагии гузашта, то рӯзгори мо нақши арзишманди худро бозида омадаанд. Баъзе аз ин ҳунарҳои мардумӣ, ки таърихи чандҳазорсола доранд, барои лаззати маънавӣ гирифтан ва дилхушии мардум иҷро мешаванд. Тоҷикон ба мисли садҳо ҳунарҳои дастии касбу кори худ, ҳамчунин, бо ҳунарҳои иҷроии хеш, ба монанди хунёгарӣ, сарояндагӣ, дорбозӣ, афсонагӯӣ, қиссагӯӣ, шоҳномахонӣ, наққолӣ, ширинкорӣ, қофиябозӣ, масхарабозӣ, бозигарӣ, навозандагӣ, раққосӣ ва ғайра дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардум ғизои маънавӣ мебахшанд.
Яке аз ин ҳунарҳо шоҳномахонӣ аст, ки гӯяндагони махсус достонҳои «Шоҳнома»-ро месароиданд, баён менамуданд ё ки бо маҳорат (чун актёр) иҷро менамуданд, ки ин ҳунари шоҳномахонӣ таърихи дуру дароз дорад.

Пас аз ба вуҷуд омадани хат ва баъдан бо гузашти замон, тадриҷан ба шакли навишторӣ даромадани осори гуфторӣ, дар байни мардум дар канори бо маҳорат ба самъи шунаванда расондани матн, ҳамоно ҳунари бо садои дилнишин хондани он низ идома дошт. Азбаски дар замонҳои пешин аксари мардум аз хондан ва навиштан огоҳ набуданд, баён намудани осори мансур ва сароидани осори манзум густариш ёфта буд.
Дар садаҳои аввали мелодӣ ва баъдҳо дар канори хондану сароидану ҳикоят намудан, шоҳномахонӣ низ ривоҷ пайдо кард. Дар садаҳои 4-6 – и милодӣ ва баъдҳо касоне буданд, ки достонҳои «Шоҳнома»-ро мехонданд, месароиданд ва баён менамуданд. Дар натиҷа «Худойнома»-ҳо, «Шоҳнома»-ҳо ба вуҷуд омаданд.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ бар асоси ҳамин сарчашмаҳо арзи вуҷуд кард. Баъдҳо онро наққолону қиссагӯёни моҳир месароиданд ва ҳамин тавр шоҳномахонӣ дар байни мардум ривоҷ ёфт. Ин ҳунари мардумӣ садаҳои баъд низ идома дошт. Аксари қиссагӯён, наққолон аз матни ин асари ҳамосии беназир истифода менамуданд.
Ҳамин тавр, шоҳномахонӣ то замони мо идома ва то нимаи аввали садаи ХХ дар аксари манотиқи Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон густариш ёфт.
Дар сарчашмаҳо дар бораи шоҳномахонӣ гоҳе ишоратҳо дида мешавад. Дар бораи ин ҳунари воло суханҳои нек гуфта шудааст. Пас аз ба вуҷуд омадани илми фолклоршиносӣ пажӯҳандагон ба ин ҳунари волои мардумӣ, кам таваҷҷуҳ намуданд. Аммо аз пурсишҳо андак низ маълум шуд, ки дар ҷойҳои махсус, дар назди бозорҳо, қаҳвахонаҳо, баъдтар шабнишиниҳои гурӯҳӣ, хонаводагӣ ва чойхонаҳо шоҳномахонӣ вуҷуд доштааст. Дар канори ба мардум пешкаш намудани ҳунарҳои гуногуни иҷроии сарояндагон ва гӯяндагони моҳир шоҳномахонӣ низ ҳамеша дорои ҷойгоҳи худ будааст.
Тибқи мушоҳида ва маълумоти ҷамъовардаи мо, қиссагӯӣ ва шоҳномахонӣ дар нимаи аввали садаи бист, бештар буда ва баъдҳо сол ба сол камтар шуда, ҷои онро воситаҳои дигари ҳунарӣ ва ахборӣ ба монанди радио, театр, телевизион, видео, интернет ва ғайра гирифтаанд. Бо вуҷуди он дар байни тоҷикон, дар зеҳни баъзе аз калонсолон, ҳамон ҳунари қиссагӯӣ, китобхонӣ, шоҳномахонӣ, шоҳномасароӣ на фақат боқӣ мондааст, балки ҳоло низ шахсонеро пайдо кардан мумкин аст, ки ин оини деринаи ҳунари ниёгонро дар муҳити хонаводагии хеш идома медиҳанд. То наздикиҳо дар Панҷакент пирмардоне буданд, ки баъзе аз достонҳои «Шоҳнома» - ро моҳирона ҳикоят мекарданд ва бо садои дилнишин онҳоро месароиданд. Ин ҳунари волои мардумӣ дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ буд. Пас ҷустуҷӯ бояд кард.
Имрӯзҳо низ дар гӯшаву канори Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон касоне ҳастанд, ки достонҳои «Шоҳнома» - ро, ки аз ниёгони худ шунидаанд, ҳикоят мекунанд ва ё бо маҳорат иҷро менамоянд.
Зарур аст, ки ҳунари шоҳномахониро бо равиши нав дар мактабҳо эҳё кард. Чунки «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ аз аввал то ба охир панду  андарз ё худ ташвиқи хирад, худшиносӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ мебошад.
Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 128

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед