logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ЗАМИНАСОЗИ ШОҲРОҲИ ТАРАҚҚИЁТ

Мардуми шарафманди тоҷик 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароите бо тантана ҷашн мегиранд, ки қарор аст, то поёни сол чархаи якуми иншооти аср - НБО - и Роғун ба кор оғоз намояд, ки воқеаи бениҳоят фараҳбахшу таърихӣ хоҳад буд.

Дар соли аввали татбиқи ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали неругоҳ рамзи шоистае дар масъалаи тавлидоти барқ дар доираи ҳадафҳои «неруи сабз» хоҳад буд.
Халқи сарбаланду шарафманди тоҷик ба таври возеҳу равшан дарк менамояд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ягонагӣ метавон ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи ҳадафҳои оливу ормонҳои миллӣ даст ёфт. Зеро, то имрӯз аз файзи истиқлолият ва сулҳу суботи комил Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ ба унвони як кишвари сулҳпарвару ташаббускор шинохта шуда, ҳатто таҷрибаи сулҳофарии Президенти маҳбуби кишвар барои ҳалли низоъҳои дохилӣ борҳо аз ҷониби СММ ҳамчун дастури кор тавсия шудааст.
Истиқлолият ба мо имкон дод, ки дар баробари татбиқи тарҳҳои бузурги миллӣ, ҳамчунин, фарҳангу тамаддуни халқи кӯҳанбунёди хешро ба оламиён муаррифӣ намоем. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шахсияти Сарвари давлат ба иқдомоти наҷибе даст мезанад, ки на танҳо ба манфиати мардуми тоҷик, балки ба нафъи тамоми аҳли башар аст. Аз ин рӯ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон, бахсус дар масоили ҳалли мушкилоти вобаста ба об, мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби сокинони сайёра ба хушнудӣ истиқбол мешаванд.
Тоҷикистон дар баробари касби ҷойгоҳи муҳими байналмилалӣ дар замони истиқлолият ба дастовардҳои бешумори дохилӣ низ муваффақ гардида, ба шоҳроҳи тараққиёт ворид гардид. Сохтмони роҳу пул ва нақбҳои мошингузар, бунёди неругоҳҳои хурду бузург, иншооти замонавии таъйиноти гуногун суръати пешрафти соҳоти гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро ба шоистагӣ таъмин кард.
Аз ҳамин дидгоҳ, арзиши Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини  давлатдории миллати тоҷик баланду бебаҳост. Зеро ин неъмати бебаҳо барои амалӣ гардидани ормонҳои халқ заминаи воқеӣ гузошт. Пас, хурду калони ин меҳани ободро зарур аст, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими он даст ба кор бошанд. Барои ҳифзу эмин нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ дар шароити ҳассоси ҷаҳони имрӯз, бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри Истиқлолияти давлатиро ба таври фарогир таблиғ намоем. Чораҳои пешгирӣ аз тасаллути фарҳанги бегона дар рӯзгори мардумро таъсирбахш намуда, аз паҳншавии мафкураи бегона дар байни аҳолӣ ҷилавгирӣ намоем. Танҳо дар ҳамин сурат ҷомеаи тоҷик муваффақ хоҳад шуд, ки аз таҳдиду хатарҳои террористиву экстремистӣ дар канор бошад. 
Манучеҳр РАСУЛОВ,
коршиноси Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 391
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед