logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ТАШАББУСҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои ободонӣ беш аз пеш вусъат меёбанд. Аз ҷумла, ба муносибати ин ҷашни фархунда дар ноҳияи Данғара бунёди 190 иншоот дар назар дошта шудааст, ки айни ҳол дар аксари онҳо корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд.
Бо мақсади инъикоси рафти сохтмонҳои ноҳия, мо ба деҳаи Пушинг, ки дар сафи пеши созандагиҳо қарор дорад, сафар кардем. Бояд гуфт, ки ба ифтихори ин санаи муборак дар деҳа бунёди беш аз 20 иншоот ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Таъмини сокинон бо оби нӯшокиву полезӣ, бунёди ду обанбор, маркази савдо, ҳавзи моҳипарварӣ, боғ, гармхона, мумфаршсозии роҳҳо, ташкили нақлиёти ройгони мусофирбариву  “Гӯшаи деҳқон” ва иваз кардани симчӯбҳои деҳа аз ҷумлаи корҳои ободгариву созандагие мебошанд, ки ҳам аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва ҳам аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ анҷом ёфта, мушкили сокинонро хеле осон кардааст. 
Бо маблағгузории соҳибкорони деҳа аз канали “Себистон” бо қубурҳои полиэтилении қутраш 200 мм хати оби ошомиданиву полезӣ кашида шудааст, ки он на танҳо деҳаи Пушинг, балки сокинон ва заминҳои кайҳо ташналаби деҳаҳои ҳамсоя – Моҳпораву Дилнишинро ҳам бо оби зарурӣ таъмин мекунад.
Азбаски сокинони деҳа солҳои зиёд аз норасоии об танқисӣ доштанд, барои сарфакорона истифода бурдани оби овардашуда тадбирандешӣ намуда, дар деҳа бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ду обанбор  сохтаанд, ки аз он барои ошомидан, таъмини ҳавзи моҳипарварӣ, заминҳои кишоварзӣ ва ҳам боғоти деҳа самаранок истифода мебаранд.
Ҳавзи деҳа, ки бар асари офатҳои табиӣ аз байн рафта буд, бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва кумаки сокинон дубора эҳё шуд. Чуноне ки Ашраф Тағоев, раиси маҳалла, иттилоъ дод, ҳавз аз масоҳати қаблиаш қариб ду баробар васеъ гардида, дар масоҳати 6 гектар доман паҳн менамояд ва чуқуриаш аз 6 то 8 метрро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ҳавз беш аз 45 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад, ки ба хотири таъмини аҳолии деҳа бо гӯшти парҳезӣ нигаронда шудааст.
Атрофи ҳавз бо 3500 бех ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ,  роҳравҳои сафолакпӯш ва насби беш аз 150 лавҳаи шеъру андарзҳои бузургон ороиш ёфтааст. Инчунин, барои истироҳати сокинону меҳмонон  ҳавз дорои  4 қаиқ буда, гирдогирди он нишастгоҳҳои вижа, кат ва айвончаҳои бо тарҳи миллӣ сохташуда гузошта шудааст. Ғайр аз ин, хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати ба варзиш машғул шудан, аз дастгоҳҳои машқу тамрин, ки дар як гӯшаи ҳавз насб гардидаанд, истифода баранд. 
Дар Хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳоҷӣ Лайло бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ боғ, гармхона, парваришгоҳ ва фермаи мурғпарварӣ бун-ёд гашта, ба шарофати ин сокинони маҳал ва деҳаҳои атроф бо маҳсулоти хушсифату арзон таъмин мегарданд. 
Бо мусоидати ҷавонмардони сахиву ватандӯст ҳамчунин, роҳҳои дохилӣ ва иловагии деҳа то маркази ноҳия  тахту ҳамвор ва мумфарш гардонда шуда, барои сокинон нақлиёти мусофирбари ройгон ташкил гардид. Бунёди роҳи асосӣ то маркази ноҳия бошад, бо дарозии беш аз 18 километр дар арафаи анҷомёбист.
Дар маркази деҳа аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ маркази савдои “Пушинг” қомат афрохт, ки дуошёна буда, аз шуъбаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», коргоҳи атласу адрасбофӣ, дӯкони дӯзандагӣ, толори варзиш, кошонаи ҳусн, мағоза, сартарошхона, ҳаммоми замонавӣ, нонвойхона, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва либос иборат мебошад. Дар коргоҳи адрасбофӣ 10 дастгоҳ насб гашта, занону духтарони маҳаллӣ ба омӯзиши атласу адрасбофӣ фаро гирифта шудаанд. Алҳол дар марказ беш аз 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.
Дар “Гӯшаи деҳқон”, ки чанде пеш ба истифода дода шуд, кишоварзони деҳа маҳсули дастранҷи худро ба фурӯш гузошта, аз ин ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранд.  Инчунин, соҳибкорони маҳаллӣ тамоми симчӯбҳоро бо сутунпояҳои бетонӣ иваз намуда, кӯчаҳои деҳа бо дарахтони сояафкану ҳамешасабз ороиш ёфтаанд.
Ҳоло корҳои ободкориву созандагӣ дар авҷ буда, бунёди маркази саломатӣ ва варзишгоҳи замонавӣ оғоз ёфтааст ва  сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 дар арафаи анҷомёбист.
Воқеан, аз файзи корҳои созандагӣ деҳаи Пушинг симои дигар гирифта, сокинон аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузоранд.
Тавре Гуландом Раҳимова зимни суҳбат гуфт, “пештар барои хариди маводи озуқаворӣ ҳатман ба маркази ноҳия мерафтем. Ташкили “Гӯшаи деҳқон” чандин мушкилотамонро осон ва вақтамонро сарфа намуд. Имрӯз мо метавонем дар баробари хариди маводи озуқаворӣ бо нархи арзон, инчунин, маҳсули истеҳсолкардаи худро ба фурӯш гузорем ва аз ин ҳисоб рӯзгорамонро пеш барем”.
– Бо оғоз гардидани сохтмонҳо дар деҳа ҷойҳои корӣ пайдо шуданд. Аксар ҷавонони деҳа аз пушти дарашон ҳаққи заҳмат мегиранд, ки ин хеле хуб аст. Дар ҳамин қатор ман низ маоши хуб мегираму аз кори худ розиам, – иброз медорад Илёс Билолов, яке аз ҷавонони деҳа.
Наргис Қурбонова дар коргоҳи дӯзандагӣ ин ҳунарро аз худ карда, аллакай, ба сокинон бо нархи дастрас хизматрасонӣ мекунад. Умеда Ҳалимова бошад, ҳоло атласу адрасбофиро омӯхта истодааст. Тавре ӯ иброз дошт: “Ният дорам, ки ин ҳунарро омӯхта, дар оянда коргоҳи шахсӣ бунёд кунам ва ба диёрам то қадри имкон хизмат намоям”.
Аз барқарор гаштани ҳавз ва ба як ҷойи истироҳату фароғат табдил ёфтани он сокинони деҳа, бахусус ҷавонони он, хеле хушҳоланд. Тавре Самандар Қурбонов мегӯяд, пас аз он ки ҳавзи пешин аз байн рафт, ҷавонони маҳал дигар ҷои машғул шудан ба оббозиро надоштанд: “Ҳоло дигар мушкилӣ надорем, дар вақтҳои холигӣ ҳам оббозӣ мекунем ва ҳам дар атрофи ҳавз ба тамрин ё истироҳат машғул мешавем”. 
- Шукронаи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз корҳои созандагӣ бо маром идома дошта, иншооти наву ҷавобгӯ ба талаботи замон  сохта ба истифода дода шуда истодааст. Дар деҳаи Пушинг давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ корҳои зиёде ба анҷом расидааст, ки мардуми деҳа назирашро дар ёд надоранд,- мегӯяд Ҷӯрахон Кӯганов.
Нафақагир Шамсиддин Одинахолов бо миннатдорӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллат иброз медорад, ки қаблан мардум, ҳатто, аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ доштанд: “Барои пешбурди зиндагӣ аз деҳаҳои ҳамсоя об меовардем. Чунки хати оби аз чашмаҳои кӯҳӣ овардашуда мардумро пурра таъмин карда наметавонист. Қубурҳояш ниҳоят куҳнаву фарсуда ва роҳҳои деҳа то маркази ноҳия ноҳамвору кайҳо аз истифода баромада буданд. Симчӯбҳо низ дар ҳолати хатарнок қарор доштанд. Хушбахтона, бо бартараф гаштани ин камбудиҳо, имрӯз мушкилие надорем. Дар баробари дигар иншоот ҳаммоми замонавӣ низ сохта шуд, ки барои мо – нафақагирон ва пирони деҳа, ройгон хизматрасонӣ мекунад. Худованд Сарвари моро ҳамеша дар болои сарамон сиҳату саломат нигаҳ дорад ва ба шахсони саховатманди деҳаамон аҷру савоби зиёд ато намояд”.
Ҳамин тариқ, масъулону сокинони деҳаи Пушинг азм доранд, Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоёну камназир истиқбол гирифта, симои ин гӯшаи диёри азизро тарҳи тозаву муосир бахшанд.
Мо аз тамошои ин деҳа, бахусус мушоҳидаи рӯҳияи болидаву масрури сокинони он, ки ҳама самараи сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаву муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, бо як ҷаҳон таассурот роҳ сӯи Душанбе пеш гирифтем...
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»,
Душанбе – Данғара – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 121

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед