logo

сиёсат

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Ба истифода додани бинои маъмурии раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
14 сентябр дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд.
Бино чорошёна буда, дорои 42 ҳуҷра мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар корманди соҳа бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин гардида, ҳамзамон, ошхона барои 40 ҷой ва хобгоҳ барои 30 нафар корманди соҳаи маориф, ки аз ноҳияҳои дурдаст ташриф меоранд, пешбинӣ гардидааст. Бино дорои синфхонаи компютерӣ бо 24 ҷой, китобхона, толори хониш, утоқҳои методӣ барои фанҳои табиӣ, риёзӣ, синфҳои ибтидоӣ, забонҳо ва равияи гуманитарӣ мебошад. Ҳамчунин, барои кормандони бахши Хадамоти назорати давлатии соҳаи маорифи вилоят утоқҳои алоҳидаи корӣ пешбинӣ гардидааст. Ғайр аз ин, дар ин бино 4 зерсохтори раёсати маориф ҷойгир мебошад.
Дар ошёнаи якуми он муассисаи давлатии «Маркази технологияи иттилоотии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», синфхонаи компютерӣ, ошхона ҷойгиранд.
Айни замон шумораи компютерҳо ва принтерҳо дар мактабҳои вилоят мутаносибан 2700 ва 810 - торо ташкил медиҳанд. Ҳамагӣ дар ВМКБ зиёда аз 15000 толибилми синфҳои аз 7 то 11 аз компютерҳои мавҷуда истифода мебаранд. Ба таълими фанни асоси технологияи информатсионӣ 243 нафар омӯзгорон машғул мебошанд.
Сарвари давлат бо шарту шароити иншооти нав аз наздик шинос шуда, ба сатҳу сифати корҳо баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин, дар ин бино «Маркази рушди истеъдодҳо» низ ҷойгир мебошад. Марказ бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ташаккул додани малакаю маҳорат ва лаёқатмандии насли наврас, эҷодкориву созандагӣ таъсис ёфта, то имрӯз аз саросари вилоят хонандагонро ҷамъ овардааст. Толибилмони боистеъдоди ин марказ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаанд.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ ва суҳбат ба кормандони раёсат ва зерсохторҳои он барои фаъолияти пурсамар, дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии олимони ҷавон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Дар навбати худ масъулин ба Роҳбари давлат барои дастгирии пайваста ва бунёди чунин иншооти наву замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ
Субҳи 14-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фазои тантанавӣ Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва сеошёна иборат мебошад.
Тибқи нақшаи кулл, донишгоҳ дар масоҳати зиёда аз 80 гектар дар се қисмат бунёд мешавад. Айни замон қисмати якуми он дар майдон наздики 15 гектар қомат афрохта, бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии таълим ба истифода супурда шуд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳҳо ба сифати корҳо ва шароити таълимии фароҳамсохта баҳои баланд доданд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, асосан, дорои ду ихтисос, - омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён устодон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд.
Айни замон шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 150 нафарро ташкил дода, дар он толибилмони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра таҳсил менамоянд.
Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Самти таълим дар донишгоҳ, асосан, ба тадқиқот нигаронда шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ, ба омӯзиш ва корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо омӯзгорон ва донишҷӯён изҳор доштанд, ки дар шароити фароҳамгардида, ки ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баробар аст, ба корҳои илмию тадқиқотӣ дар равияҳои барои кишвари мо муҳим, омӯзиши замин ва муҳити атроф ва иқтисодиёт бештар машғул шаванд ва донишу малакаи худро мукаммал намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ба воя расанд.
Таълим дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба забони англисӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ омода карда мешавад. Тибқи низомнома, донишҷӯён тариқи шартномавӣ қабул карда мешаванд ва, ҳамзамон, ба ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо муқаррар гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дорои синфхонаҳои муосири таълимӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва ҳуҷраҳои истироҳатию фароғатӣ мебошад.
Ҳамзамон, барои ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шудани донишҷӯён дар дохили бино маркази фитнесс, тенниси рӯи миз ва дигар машғулиятҳои варзишӣ амал мекунанд.
Дар баробари ин, дар назди бинои донишгоҳ майдонҳои бозии футбол, волейбол ва басткетбол, инчунин, толори болопӯшидаи варзишӣ сохта шудааст.
Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омӯзгорон ва донишҷӯён бо хобгоҳи замонавӣ таъмин гардидаанд. Хобгоҳ бо тарҳ ва намои муосир бунёд шуда, ҳуҷраҳои истиқоматӣ дорои тамоми шароити будубош мебошанд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар заминаи дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бунёд гардида, он барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси сатҳи ҷаҳонӣ замина фароҳам меорад.

Ба истифода додани силсилаи иншооти ҳарбӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ
14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода,  бо шарту шароити Отряди сарҳадии Хоруғ, ки пас азнавсозӣ фаъолияташро роҳандозӣ намуд,  аз наздик шинос шуданд.
Дар ҳудуди отряд дар муддати кӯтоҳ наздик ба 30 иншооти ҳарбӣ, пул ва роҳҳои мошингузару пиёдароҳ бунёду таъмир гардида, бо назардошти тамоми талаботҳои хизматӣ ба истифода дода шуд.
Нахуст, Пешвои миллат бо имкониятҳои фароҳамовардашудаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12, ки дар дохили отряд бино ёфтааст, шинос шуда, бо хонандагону устодон суҳбат намуданд.
Муассисаи таълимӣ барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ гардида, дар ду баст 480 нафарро  ба таҳсил фаро мегирад. Иншоот иборат аз синфхонаҳои компютерӣ, забономӯзӣ, таълимӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон буда, бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд. Омӯзгорон дар асоси озмун аз ҳисоби оилаҳои хизматчиёне, ки дар ин отряд ва дигар сохторҳои қудратӣ адои хизмат менамоянд, ба кор ҷалб гардидаанд.
Барои фарзандони хизматчиёни ин ва дигар ниҳодҳои низомӣ, ҳамчунин, дар Отряди сарҳадии Хоруғ кӯдакистони наву замонавӣ ташкил ёфта, аз майдончаи бозии кӯдакон, хобгоҳ, утоқҳои омӯзишӣ иборат аст. Кӯдакистон имконият дорад,  то 100 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. 
Ҳамчунин, дар Отряди сарҳадии Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда, барои фаъолияти дурусту самараноки он ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи дӯзандагӣ 30 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда, дар он занону духтарони афсарон низ, ба кор ҷалб гардиданд. Дар сехи истеҳсолӣ дӯхти сарулибос ва рахти хобу дигар муҳимот барои сарбозону афсарони тамоми ниҳоду воҳидҳои сохторҳои қудратие, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кору фаъолият мекунанд, ба роҳ монда шудааст.  Ҳамчунин, бо назардошти талабот, дар коргоҳ имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли сарулибоси мактабӣ барои хонандагону омӯзгорони шаҳри Хоруғ ва дигар минтақаҳои вилоят мавҷуд аст. Дар коргоҳ, ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, курсҳои дӯхти сарулибоси хоси тоҷикона ба роҳ монда шудааст.
Дар Отряди сарҳадӣ, ҳамчунин, Пешвои миллат бинои нави Прокуратураи ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дорои тамоми имконот ва шароити замонавӣ мебошад, ифтитоҳ намуданд. Он аз 11 утоқи корӣ иборат аст. Зимни суҳбат Пешвои миллат аз кормандони ин ниҳод  назорати ҳамаҷонибаи риояи меъёрҳои қонунӣ ва дигар талаботҳои ҳарбиро тақозо намуда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат дар Отряди сарҳадии Хоруғ, ҳамчунин, бо имкониятҳои мактаби такмили ихтисос ошноӣ пайдо карданд. Тавре зимни шиносоӣ маълум гашт, мактаб барои бозомӯзиву тайёркунии мутахассисони бахшҳои гуногуни ҳарбӣ  пешбинӣ гашта, баъди навсозӣ бо тамоми шароиту имконоти мусоид таъмин мебошад. Дар ин муассиса кормандони нуқтаҳои назорати сарҳадӣ, назоратчиёни нуқтаҳои сарҳадӣ, алоқачиён, кинологҳо, муҳандисон ва аз рӯи дигар ихтисосҳо мутахассис омода мегардад. Барои гузаштан аз курсҳои бозомӯзӣ дар синфхонаҳои дарсӣ шароити муосир ва асбобу аёниятҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳудуди Отряди сарҳадӣ, ҳамчунин, бинои раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмиру тармим ва навсозӣ гаштааст.Иншоот аз 40 утоқи корӣ иборат буда, ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст.
Қобили тазаккур аст, ки дар отряд шуъбаи махсуси амнияти миллӣ барои 8 нафар корманд, дорухона ва кошонаи ҳусн аз таъмир бароварда шуда,  меҳмонхона ва мағозаи хӯроквориву сарулибос сохта ба истифода дода шуд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар ҳудуди Отряди сарҳадӣ 5 бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ, ки дар он афсарони ниҳодҳои қудратӣ бо аҳли оилаашон истиқомат мекунанд, пурра навсозӣ гардида, бо таҷҳизоту лавозимоти рӯзгор муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ин биноҳо 280 хонаи истиқоматӣ мавҷуд буда, онҳо дар ихтиёри афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ба кормандони дигар ниҳодҳое, ки дар ҳудуди вилоят мавҷуд аст, супурда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба сохтмони бинои нави истиқоматӣ барои афсарон санги асос гузоштанд. Тибқи лоиҳа, бино дорои 60  ҳуҷра буда, бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд мегардад.
Пешвои миллат барои сохтмони саривақтии иншоот ва истифодаи масолеҳи хушсифату иҷрои саривақтии корҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Иброз гардид, ки барои фароҳамсозии шароити арзандаи хизмативу истиқоматӣ барои афсарон бояд тамоми тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида шаванд.
Госпитали ҳарбии Отряди сарҳадии Хоруғ давоми чанд соли охир дар ҳолати ногувор қарор дошт. Дар доираи навсозии отряд иншооти мазкур низ ба пуррагӣ таъмиру барқарор ва таҷҳизонда шуд. Акнун, госпитал дорои 100 кати хоб буда, аз се шуъба иборат аст. Шуъбаҳои ҷарроҳӣ, сироятӣ ва бемориҳои дарунӣ мутобиқ ба  талабот сохта шуда, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин гардиданд. Дар ҳудуди отряд, ҳамзамон, лаборатория барои ташхис мавҷуд аст, ки бо дастгоҳҳои соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Яке аз иншооти азиме, ки дар Отряди сарҳадӣ мавриди истифода қарор дода шуд, Маркази таълимӣ барои навдаъватшудагон мебошад. Марказ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантони Қӯшунҳои сарҳадӣ  пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ин марказ аз рӯи 18 ихтисос кадрҳои низомии ҷавон омода гардида, кормандони соҳа ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Баъди анҷоми курсҳои омӯзишӣ  сарбозон соҳиби сертификати техникӣ мегарданд.
Таълимгоҳи навбунёд барои 800 нафар пешбинӣ гардида, машқҳои низомӣ ва курсҳои бозомӯзӣ бо  истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ  доир мегарданд. Ҳамчунин, иншоот дорои ошхона, ҳаммом ва дигар синфҳои таълимӣ мебошад.
Аснои шиносоӣ бо шарту шароити ошхона, Президенти мамлакат бо сарбозони Отряди сарҳадии Хоруғ мулоқот намуда, аз шарту шароити хизматии онҳо воқиф гардиданд. Тавре маълум гашт, ин иншоот низ ба тозагӣ бунёд ёфта, барои пухтани таом бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ошхона барои 500 нафар пешбинӣ гардида, сарбозон бо се вақт хӯроки гарму серғизо таъмин мегарданд.
Дар Отряди сарҳадӣ Пешвои миллат дар назди пайкараи сарбози сарҳадбон гулчанбар гузошта, "Кохи Истиқлол" – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он бо шаклу усули муосирӣ меъморӣ бунёд ёфта, дар ҳудуди вилоят камназир аст. Деворҳои иншоот бо мусаввараҳои таърихӣ, ки аз гузаштаву имрӯзи Тоҷикистон қисса мекунад, оро ёфтааст. Толори "Кохи Истиқлол" дорои 1000 ҷойи нишаст буда, дар он барои гузарондани ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангӣ шароити муосир фароҳам аст.
Иншоот дорои китобхона бо адабиёти бою рангин барои сарбозон буда, дар дохили "Кохи Истиқлол" Осорхона оид ба кору пайкори созандаи Пешвои миллат ҳамчун намунаи дарси мардонагӣ таъсис дода шудааст. Кохи навбунёди фарҳангӣ, ҳамчунин, дорои толори хурд бо 50 ҷойи нишаст мебошад, ки барои тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ пешбинӣ гардидааст. Ғайр аз ин, дар ҳудуди "Кохи Истиқлол" Осорхонаи электронӣ бо 20 дастгоҳу таҷҳизот барои тамошои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ сохта ба истифода дода шуд.
Барои фароҳамсозии шароити мусоиди хизматӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ хобгоҳи сарбозон, ки 4 – ошёна мебошад, таъмиру тармим гардида, бо тамоми шароитҳои мувофиқ ба оинномаи ҳарбӣ таъмин гардид. Аз  ҷумла, хобгоҳ дорои ҳаммом, ҷои дастурушӯӣ, утоқи либосхушккунӣ, хонаи хизмати маишӣ, анбори хурд, анбори нигоҳдории яроқ, хонаҳои фароғатӣ ва утоқҳои кории афсарон буда, дар ошёнаи якуми он ситоди қисми ҳарбӣ ҷой гирифтааст.
Дар ҳудуди Отряди сарҳадӣ ҳаммоми дуошёна, ки ба 50 нафар хизмат мерасонад, ташкил дода шуд.
Ҳамзамон, дар он нуқтаи назорати гузаргоҳӣ аз сифр бунёд ёфта,  деворҳои гирду атрофи иншооти ҳарбӣ навсозӣ ва бо сангҳои табиӣ оро ёфтанд. Дар доираи навсозӣ, роҳҳои мошингарду пиёдараҳҳои ҳудуди отряд пурра мумфарш карда шуданд.
Дар ҳудуди  мошинсарой Пешвои миллат бо вазъи нақлиёти ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири соҳавие, ки ба тозагӣ дастрасу барои истифода супурда шуданд, шинос гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз неруҳои низомии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби  ҳамин гуна неруву иқтидори муосири техникиву заминаи бойи кадрӣ буда, аз ҳама ҷиҳат имконияти ҳифзи марзу буми давлати соҳибистиқлолро дорад.
Пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти ҳарбӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ ва боздид аз биноҳои таъмиргардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  назди сарбозону афсарон суханронӣ карда, аз имконот ва шароити фароҳамовардашуда ва нақшаву ҳадафҳои дигари Ҳукумати мамлакат барои рушду нумӯи бештари неруву иқтидори мудофиавӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳамсозии шароити мусоиди хизматии афсарону сарбозон дар қисму воҳидҳои низомӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намуда, дар баробари муҷаҳҳазсозиву омодакунии кадрҳои соҳавӣ, бунёди иншооту дигар инфрасохтори заруриро идома медиҳад.
Пас аз суханронӣ, дар ҳузури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки ҷузъу томҳои тамоми сохторҳои қудратии кишвар, гузашти низомӣ баргузор гардид.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
15 сентябр, дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва кулли мардуми вилоятро ба ифтихори Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Зимни суханронӣ, Сарвари давлат натиҷаҳои фаъолияти меҳнаткашон, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар барои мусоидат ба пешрафти ин минтақаи мамлакат андешаронӣ карданд.
Баъди таҳлили амиқи вазъи зиндагии аҳолӣ, рушду пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои созандагӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, омодагии ҳамаи бахшҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ва истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, соҳибкорон ва собиқадорон - Зевари Далерӣ, Садрия Мародмамадова ва Баҳодур Баҳриев баромад карданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед аз номи кулли сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ баҳри пешрафти шаҳру ноҳияҳо ва боз ҳам беҳшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 289

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед