иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Давлат Гадоев, котиби Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар 5 даъват вакили мардумӣ дар порлумони кишвар, 57 сол умр дид. Соли 1978 бар асари беморӣ аз дунё даргузашт. Даргузашт, аммо аз дилҳои мардум, зеҳну хотираҳои онҳо нарафт. Ҳамчунон, бо он муҳаббату садоқату самимияте, ки нисбати онҳо дошт, монд, ки монд. Ба ҳеҷ рӯзгоре маҳбубияташ андаке ҳам кам нагардид. Баръакс, дар борааш мегуфтанду мегӯянд, менавиштанду менависанд. Ин ҳама на танҳо ба хотири поси заҳмату меҳру адолатҷӯияш ҳаст, балки барои тарбияи наслҳо мебошад. Бо зикри бисёр лаҳзаҳои ибратомӯзаш, бешак, накукорӣ, ватандӯстӣ, мушкилнописандӣ ва бисёр дигар хислатҳои ҳамидаро тарғиб мекарданду мекунанд.
Дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе кӯчаеро ба номаш гузоштанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 – и ноҳияи Ховалинг ё худ зодгоҳаш чанде пеш номи ӯро гирифт. Ба ин муносибат дар муассисаи мазкур ҷашни бошкӯҳ баргузор гардид. Адибон Абдулҳамид Самад, Раҷаб Мардон, Садриддин Ҳасанзода, Ёқуб Ҳикматуллоев дар ин чорабинӣ аз хизматҳои шоён, хислатҳои ҳамидаи Давлат Гадоев ёдовар шуданд. Инчунин, ба китобхонаи ин муассисаи таълимӣ аз китобҳои худ ва дигар адибону адабиётшиносон тақдим намуданд.
Муҳаққиқон Амир Сайиди Мункӣ ва Азизулло Мирзозода китобе бо номи «Сарбаланде аз Баландсар» - ро таълиф карданд. Китоб фарогири фаъолияти пурсамар ва чашмраси ин арбоби сиёсиву вакили мардумӣ аст.
Албатта, ӯ то расидан ба ин пояи баланд бас роҳҳои ноҳамворро тай кард. Дониш андӯхту таҷрибаи кору рӯзгор. Ва пеши ҳеҷ мушкилие сар нафаровард. Ноумедӣ дар лаҳзаҳои бас вазнини ҳаёташ натавонист ба вуҷуди ӯ роҳ биёбад. Баръакс, бас пардаи асрорро барои худ ва ҷомеа кушод.
Асадулло Сӯфизода, номзади илми филология, фолклоршинос, ёдовар мешавад, ки ӯ дар фаҳмиши илми мардумшиносӣ камназир буд ва суханашро бо назми баланду панду зарбулмасалҳо зинат медоду тақвият мебахшид. Устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Саидалӣ Вализода аз дӯстону иштирокдорони ин гуна маҳфилҳо маҳсуб мешуданд.
Низорамоҳ Зарифова, ходими сиёсӣ, зикр мекунад, ки Давлат Гадоев дар вазифаи котиби Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон 23 сол, то охири умр, бо се раис: Мирзо Раҳматов, Назаршо Додхудоев ва Маҳмадулло Холов кор кард. Ҳамаи онҳо Давлат Гадоевро ба хотири донишу кордонӣ, нексириштиву доштани беҳтарин хислатҳои инсонӣ дӯст медоштанд. Сарварони вақти давлат Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов аз фаъолияташ қаноатманд буданду дар борааш суханони нек мегуфтанд ва тавсифаш менамуданд. Инчунин, изҳор медоштанд, ки кору рӯзгораш ибратбахшу ибратомӯз аст.
Хидматҳои Давлат Гадоевро, аз ҷумла бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат» (соли 1957 барои дастовардҳо дар соҳаи пахтакорӣ, соли 1976 барои ба даст овардани муваффақиятҳо дар омӯзиш ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ), медали «Барои шарафи меҳнатӣ», медали ҷашни «30 – солагии Ғалаба ба иштирокчии фронти меҳнат" ва медали Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС қадр намуданд. Дар баробари ин, албатта, мукофоти дигар маҳбубияту эҳтироми мардум маҳсуб мешавад.
Воқеан, шахсиятҳои барҷаста ва ҷонфидоиёни кишвару дӯстдорони миллат, аз қабили Давлат Гадоев бо хидматҳои мондагор, ёди нек пас аз маргашон низ дар тарбияи наслҳои баъдӣ ҳамеша саҳм мегиранд. Аз ин рӯ, онҳо дар шумори зиндагонианд.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.09.2018 №: 184 Мутолиа карданд: 178