logo

фарҳанг

ДУМБРА, ТАНБӮР ВА ТАНБӮРА

Дутора, дутор, думбра аз қадимияти  фалаксароӣ далели муътамад мебошад. Таркибаш сода менамояд, вале навохтанаш  саҳл нест, чаро ки парда надорад. Қадимияти худро бо ҳамин вижагӣ нигоҳ доштааст, агарчи  бо ному шаклу сифат тағйир хӯрда.

Дар боби таърихи ин сози мусиқӣ дар миёни пажӯҳишгарони тоҷик иштибоҳ рафта, ки  мавҷудияташро дар ҳудуди  2,5 ҳазор сол рақам задаанд. Вале бозёфтҳои  бостоншиносон ва пажӯҳишҳои  олимони ҳамзабон ва аврупоӣ пайдоиши созҳои ториро фаротар аз пиндори мо медонанд. Бино  ба гуфтаи онҳо «...зодгоҳи созҳое, ки дорои косаи  танинӣ  ҳастанд….» ва «созҳои торӣ аз дутора пайдошуда…» Машриқ мебошад. Ин нуктаи назар комилан собит гардидааст. Дар деворнигораҳои Афросиёби куҳан сози дастадарозе нақш шудааст, ки косаи мурудшакли хурди дарунхолӣ дорад. Мусаввараҳои сангин ва сафолии Насои  қадим (Ашқобод) бо суроби ромишгарон, ки бештар занонаанд, андешаи моро дар ин иртибот комил мекунад.  Онҳо созе дар даст доранд, ки монои танбӯранд. Ба манбаъҳо чун пасту покиза бингарем, дармеёбем, ки аввалин сурудаҳо ситоишианд: дар мавриди зебоии табиату занон ва  корзору пайкори паҳлавонон. Дар ин рав «Шоҳнома» - и  Фирдавсӣ муттакост. Ӯ ишора мекунад, ки решаи созҳои нафасӣ ба даврони Ҷамшеду Ҳушанг ва Афросиёб мекашад, вале ҳанӯз он замон матн аҳамият надошт. Пасон сухан аз сози зеҳӣ ва овоз меравад, ки хоси овони Манучеҳр будааст. Дар ин ҷо  сухан аз  ҷашни пайванд шудани Золу  Рӯдоба - оғози даврони паҳлавонист, ки таърихи 4,5 - ҳазорсола дорад.
Овардаи Фирдавсӣ  асотир ё афсона нест. Далелу дастаке бостоншиносӣ навиштаҳои ӯро тасдиқ мекунад. Осори хеле барҷаста, ки дар Лувр (Порис, Фаронса) маҳфуз аст, исботи ин андеша мебошад. Дар нигораи сафолин, ки  ба ҳазораи дуюм ва аввали ҳазораи якуми қабл аз милод марбут мешавад, навозандаи  нимбараҳнае тасвир ёфтааст, ки саргарми навохтани танбӯри дастадароз мебошад. Ҳамзамон, бино бо навиштаи  бостоншиносони эронӣ ҳини ҳаффорӣ аз шаҳри Шуш муҷассамаи ду мард пайдо гардид, ки якеаш танбӯрро ташхис мекунад. Дар ин ҳолат  метавон натиҷа гирифт, ки агар соз барои таъмини ниёзмандиҳои мардум бошад, пас нахустин сарояндагон бояд дар даврае  пайдо шудаанд, ки Ҳаким Фирдавсӣ ишора карда.
Донишманди аврупоӣ Г. Ҷ. Фармар таъкид мекунад, ки: «Асари мусиқии ориёӣ ба араб хеле барвақт расида».  Дар қисмати олоти мусиқӣ, ба гуфтаи ӯ: «Ин нуфуз ҳатто пеш аз зуҳури ислом, яъне,  ҳангоме  ки Ирон бар  Ироқи араб фармонравоӣ дошт, шурӯъ шуд. Ва дар ин аҳд буд, ки чанг, ки онро дар Байнаннаҳрайн ҷанг мегуфтанд ва ҳамчунин, танбӯру барбат (уд) дар он кишвар ривоҷ ёфт».
Ин сози мусиқӣ  бо ҳамосасароӣ ва  корномаи диловарону паҳлавонон дар иртибот мебошад ва мазмуни  достони Гурзод (Гӯрғӯлӣ) аз овони Ашконӣ  боқист. Ин далел гувоҳ аст, ки сози мазкур дар он аҳд маъруф буд. Сарчашмаҳо аз хусуси созҳои торӣ дар ин овон ва баъд  аз он маълумот медиҳанд, ки суди мост.  Онро созҳои зеҳӣ  унвон додаанд, ки  дар аҳди Ашкониён, Кушониён,  Сосониён  ва сарзамини Тахористон,  то ҳуҷуми араб густариш хӯрдааст. Ба қавли қисмате аз муҳаққиқон, аз  Шарқ  берун омад ва  дар мамолики ҳамсоя  бо исми  танбӯра маъруф шуд. Чунончи дар Юнон бо унвони танпурос,  дар Албания  бо номи томуро . Дар аҳди ислом намунаи соз бо номи танпулло ба Чин  ҳам роҳ ёфт.  Ҳамин тавр, сайри таърихии ин сози мусиқӣ ғалатист.  
Манзури мо собит кардани он нест, ки  ҳама созҳои торӣ  аз  думбраву танбӯр пайдо шудааст. Чи ҳамаи мардумон вобаста ба зеҳн аз мушоҳида ва роҳи паймудаи худ дар гузораи қарнҳо ин қабил олоти мусиқиро сохтаанд. Абунасри Форобӣ аз ду намуди танбӯр: хуросонӣ ва бағдодӣ маълумот додааст,ки  то ҳуҷуми араб маълум буда. Вале ишораи Форобӣ ба  созҳои пардадор мебошад.
Сухан аз реша  ва таркиби  истилоҳ меравад. Осори санъатшиносон ба ин масъала бархӯрд дорад. Чунончи зумрае  бар  ин ақидаанд, ки танбӯр ба василаи Византия (империяи бузурги асри миёна) ба Аврупо рафт ва ба унвонҳои Пандур, Умандурра, Пандура ва калимоти дигаре тағйир хӯрд . Мисоли рӯшан дар  «Луғати русӣ - тоҷикӣ»- ст: «Бандура- танбӯри украинӣ».
Дар миён ҳунаршиносони  эронӣ асноди фаровоне  гирд меоваранд, вале натиҷаи ноогоҳона мегиранд. Ба андешаашон дар «Русия онро думура гӯянд ва чун аз  Русия ба Сибиру Муғулистон  роҳ  ёфт,  ба думра мавсум гардид». Ба чанд омил дар ин навишта ғалати мантиқӣ роҳ ёфтааст. Нахуст,  он чӣ маъруф аст миёни қавми туркӣ  ва бодиягард  қупуз, қамуз ва  қопуз мебошад, на думбра,  думра  ё танбӯр. Ва ҳам муҳаққиқони эронӣ бо истифода аз осори Г. Ҷ. Фармер таъкид мекунанд, ки яке аз созҳои муҳими  даврони Сосонӣ танбӯр аст. Ба қавли онон Г. Ҷ. Фармер ба истиноди баъзе аз фарҳангҳои форсӣ номи ин созро дар асл дунбра медонад. Мураккаб аз думба ё  дунб ба маънии думбола ё думб ва бара. Яъне,  Г. Ҷ. Фармер ишора мекунад ба тандиси бадастомада аз Шуш ва маҳфуз дар осорхонаи Луври Порис, ки танбӯрнавозеро мунъакис кардааст.
Воқеан, дар «Бурҳони қотеъ» омадааст, ки  «данбура - тунбӯр бошад ва он созест машҳур ва асли луғат  дунбабарра будааст, чи мушобаҳате ба дунбаи бара дорад. Ва ба касрати истеъмол думбра шудааст ва муарраби он танбӯра аст». Ба андешаи дигар, тамб ё тумб дар ин соз ба маънии боло омода бошад, ки  дар тамбак, дунбак низ вуҷуд дорад. Дар ҳамон луғат дунбакро чунин  маънидод кардаанд: «Дуҳуле бошад думдароз, ки онро аз  чӯб ва сафол ҳам созанд ва  бозигарон дар зери бағал гирифта навозанд». Ва луғати дигаре низ ҳаст аз дамур, дамура, ки лоиқи андеша аст: «Дамур, дамура - овози пасту оҳистаро гӯянд». Шояд дар муқоиса бо созҳои  баландовоз инчунин сифат муқаррар кардаанд. Ба ҳар сурат метавон натиҷа гирифт, ки баромади думб- ра, думра, танбӯра, танбӯр як аст ва бо мурури замон аз назари ном ва сохт тағйир хӯрдаанд.
 Дар мусиқии тоҷик дуторро ҳамчун сози  пардадор мешиносанд. Вале дар навоҳии ҷануб думбра ҳамон дутори муқаррарист. Мардум истилоҳи дутор, дуторӣ ва дуторнавозро пазируфтаанд.
Воқеан, ин сози миллӣ сайри  паҳновари таърихӣ дорад ва садояш ҷаззоб асту муассир. Ҳоҷӣ Ҳусайн ба таносуби навозиш   ва матн  арҷ мениҳад. Ҳине, ки бозии торҳо матнро қавитару  дилчасп мекунанд, сухан наворо неру мебахшад. Ва хушоянд аст:
Ки дилро хуш кунад мавзунии тор,
Чу ҳарфи мардуми  санҷидагуфтор.

Дар осори Ҳоҷӣ истилоҳи «дутор» вомехӯрад. Ҳарчанд ӯ фориғуттаҳсили  шаҳри Бухоро буд ва фарқ миёни думбра ва дуторро хуб медонист. Ба пиндори мо, ӯ дар ин ҷо ҳамон сози маъруфи кӯҳманзар думбра (дутор) - ро дар назар дорад.
Чу тори зулфи туам дил зи тоб меларзад,
Ба ҳар даме, ки занад торӣ бар дутор ангушт .
Ҷонибек АСРОРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2018    №: 184    Мутолиа карданд: 212

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед