logo

сиёсат

ЭЪТИРОФ. ДАР АВРУПО ҲАМ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ БУДАНИ ҲНИ-РО ДАРК КАРДАНД

Аз тамошои ҳамоиши солонаи САҲА дар Варшава оид ба ҳуқуқи инсон чанд бардошт ҳосил шуд. Аз қабл ин нишаст ва, бахусус, дар масъалаи ҳузури аъзову роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва иштироки ҳайати Тоҷикистон сарусадоҳои зиёд ба вуҷуд омада буд. Ин воқеист, зеро акнун дар худи САҲА ҳам ба ин нукта сарфаҳм рафтанд, ки ғарази ҲНИ аз иштирок дар нишаст чисту Ҳукумати Тоҷикистон чи ҳадафҳо дорад. Аммо он чи ки дар ҷараёни баргузории ҷаласа мушоҳида шуд, баёнгари он аст, ки ҲНИ дар воқеъ, дар Аврупо ҳам ба унвони як ташкилоти тахрибкор эътироф гардидааст.

Қабл аз он ки ба тафсири ин нукта пардозем, чанде аз ин мушоҳидаҳоро зикр месозем:
1. Масъулони САҲА дар рафти ҷаласа намояндагони ТТЭ ҲНИ - ро маҳз барои бетартибӣ (аксбардориҳои беиҷозат, гуфтугӯи баланди байниҳамдигарӣ, бемаврид иваз кардани ҷойи нишасти худ, банд кардани ҷои нишасти намояндагони дигар кишварҳо) аз толор берун карданд.
2.  Маҳз барои пешгирӣ аз рафтори бадахлоқонаи наҳзатиҳо ODIHR – Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ки масъули ташкили ин конфронс аст, дар муқаррароти баргузории ҷаласа тағйирот ҷорӣ кард. Аз ҷумла, Кодекси рафтор қабул шуд, ки ташкили намоишҳои эътирозӣ, пикет ва раҳпаймоиҳоро иҷозат намедиҳад, ё маҳдуд мекунад. Баъди ин, наҳзатиҳо бо гирифтани огоҳӣ ба толор баргаштанд ва дар ҳолати такрор минбаъд умуман ба ҷаласа роҳ дода намешаванд.
3. Ҳангоми баромадҳои Шарофиддин Гадоев, Сайдалӣ Ашӯров, Илҳомҷон Ёқубов, Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, ки ҳама суханҳои якдигарро такрор карда, тартиб додани рӯйхати ба истилоҳ “Магнитский”, ҷорӣ кардани таҳримот нисбат ба мансабдорони сатҳи болоии Ҳукумати Тоҷикистон, “таъқиб шудани худашону дигарандешон”, набудани озодии баён ва ғайраро аз ҷониби мақомот иброз медоштанд, модератори ҷаласа, чандин маротиба ҳарфи онҳоро бурида, талаб кард, ки “нисбат ба ҳукумат зиёдагӯӣ ва муболиға накунед”, “бо далелҳои воқеӣ сухан кунед”.
4. Вақте худи Кабирӣ мехост таваҷҷуҳи ҷаласаро ба теракт дар Данғара нисбат ба сайёҳони хориҷӣ ҷалб кунад ва таҳқиқи қазияро аз нав тақозо кард, модератори ҷаласа ошкоро сухани ӯро бурид ва таъкид кард, ки “мавзӯи баҳс дигар аст ва аз он берун наравад”.
5. Дар ҷараёни баҳсу баррасиҳо маълум гардид, ки САҲА фиреби дигари наҳзатиҳоро низ фаҳмидааст. Бархе масъулони ин созмон ишора карданд, ки ба ном эътилофи “Паймони миллии Тоҷикистон”дар асл, ин ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки бо иваз кардани ном дар дигар шакл зуҳур кард. Яъне, ҳамаи ба ном се созмоне, ки ба ҲНИ пайвастаанд, аслан, аз ҷониби наҳзатиҳои пешин таъсис ёфтаву ба қайд гирифта шудаанд.
Зикри ҳолатҳои монанд ба инро метавон идома дод. Аммо ҳаминаш кофист, хулоса шавад, ки дигар касе ба афсонаҳои ҲНИ бовар намекунад. Охирин созмоне, ки ин ташкилоти террористӣ ба унвони “даргоҳи умед” муносибат мекард, САҲА буд, ки ҳамакнун дида мешавад, воқеияти будани ҲНИ дар Аврупо ва муроҷиату дархостҳояш ба ин созмонро дарк кардааст.
Вақте гап сари “афсонаҳои ҲНИ” рафт, қабл аз ҳама, суҳбатҳои такрор ба такрори аъзову роҳбарони ин ташкилоти мамнӯъ пеши назар меояд, ки бо беасос буданашон аллакай барои ҷомеаи Тоҷикистон маълум аст. Маъмулан, “муболиға” – ин, яъне дурӯғ гуфтан аст. Аз лиҳози дипломатӣ намешуд, ки масъули САҲА худро ба сатҳи Кабирӣ ё ким-кадом подабони дигари дар паҳлӯи ӯ нишаста фарораду гӯяд, “дурӯғ нагӯед”. Бинобар ин, вақте гуфт, “муболиға накунед”, Кабирӣ аз шарми ин, ки дурӯғашро гӯш кардан намехоҳанд, ноҳинҷору хиҷолатзада шуд. Воқеан, шармандагӣ наметавонад аз ин зиёд бошад.
Ё вақте гап сари теракти сайёҳони хориҷӣ дар Данғара рафт, чаро аврупоиёне, ки ин ҷо шаҳрвандонашон террор шудаанд, нахостанд Кабириро гӯш кунанд? Агар хоҳиш медоштанд, гӯш мекарданд, аммо азбаски дар ин мавзӯъ суҳбат кардани Кабирӣ барои касе ҷолиб набуд, рӯирост гуфтанд, ки “аз мавзӯъ набаро”. Яъне, аввал ин ки нишасти САҲА марбут ба ҳуқуқи инсон аст ва наҳзатиён бояд дар мавриди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо факт суҳбат кунанд. Кабирӣ ҳам, ки барои пӯшондани айби худ далеле надорад, хост самти суҳбатро дигар кунад. Аммо ин макраш нагузашт.
Дувум, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ кайҳо медонанд, ки теракт дар Данғара маҳз кори дасти наҳзатиён буд. Бигзор гузориши мақомоти тоҷик не, аммо таҳқиқоту омӯзишҳое, ки ВАО-и пешбари ҷаҳон оид ба ин ҳодиса нашр карданд, таҳлилгарону ҳуқуқдонҳои САҲА-ро водор кунанд, ки ба дурустии мавқеи Тоҷикистон шак надошта бошанд.
Тоҷикистон ҳеҷ вақт манфиатдор нест, ки шаҳрвандонаш дар Аврупо террористу экстремист муаррифӣ шаванд, аммо ҳамзамон, наметавонад воқеиятро нодида гираду ба зиндагии ҳазорҳои дигар хатар таҳдид кунад. Ин воқеият аст, ки Кабириву пайравонаш доғе ба рӯи Тоҷикистонанд. Бинобар ин, ба хотири шустани доғу пешгирии хатар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ истода, ба зарурати мубориза бар зидди ТТЭ ҲНИ ва мубаллиғону сарпарастонаш даъват мекунад.
Инро бояд бипазирем, вагарна ин саратон метавонад ба ҷони ҳар яке аз мо таҳдид кунад.
Шарифҷон САФАРЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2018    №: 184    Мутолиа карданд: 283

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед