logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН, АЗ ТУ ИФТИХОР ДОРАМ!

Худро шахси хушбахт меҳисобам, ки ба тамоми навоҳӣ ва кунҷу канори кишвари азизамон Тоҷикистон  сафар намуда, мафтуни табиати зебову манзараҳои дилфиребаш гаштаам. Бо мардуми бофарҳангаш ҳамсуҳбат шуда, аз самимияту меҳрубонӣ ва меҳмоннавозии онҳо бархӯрдор гаштаам. Муҳим он аст, ки дар ҳар гӯшаву канори Ватани азизам дӯстони зиёд пайдо намудам ва бо онҳо дар робитаам.

Ҳоло низ ҳамроҳи чанд нафар ҳамкоронам – олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба водии Зарафшон сафар дорем, аниқтараш ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент. Ҳини аз дараи зебоманзари Варзоб ва тамошои қуллаҳои қаторкӯҳҳои баланду сарсафеди Ҳисор сафари дуюмам  ба Бадахшон ёд омад, ки охирҳои моҳи июли соли 2014 сурат гирифта буд. Сафари аввал тобистони соли 2008 ба вуқӯъ пайваст, ки дар муддати 20 рӯз аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа, Шуғнон, Мурғоб ва боғшаҳри  Хоруғ дидан намудам. Ҳангоми шабона ба болои ағбаи Аличур баромадан ба назар чунин менамуд, ки гӯё моҳу ситораҳо дар поёнтар ҷой гирифта бошанд. Дар ин ҳол меандешӣ, ки беҳуда Бадахшонро «Боми Ҷаҳон» нагуфтаанд.
Сафари дувум ба ин сарзамин бо нияти истироҳату табобат дар «Гармчашма» ва чашмаи «Авҷ»-и Ишкошим буд, ки бо ҳарорати баланд аз таги замин фаввора зада мебароянд, бахусус оби чашмаҳои Нарзан ва Бибифотимаи Заҳро ба ҳазорон дард давост.
Бегоҳирӯзӣ ба деҳаи Нишуспи деҳшӯрои Дарморахт, ба хонаи амаки Давлатёр Гуленов, ки духтарашон Беҷода ҳамкори мо буд, расидем. Пагоҳӣ садои найнавозии мӯйсафед моро аз хоб бедор намуд. Пас аз сайру гашти деҳа ба соҳили яке аз шохобҳои бузурги рӯди Панҷ омадем, ки аз кӯҳҳои Ишкошиму Мурғоб сарчашма мегирифт.
«Ана ба нақби ағбаи Анзоб расидем» гуфтани яке аз ҳамсафарон дар они воҳид маро аз Бадахшон ба Зарафшон овард. Ҳангоми ворид шудан ба нақби тӯлониву баландтарини кишвар нақби «Уштур», ки бар асари сиёсати хирадмандонаву бунёдкорона ва ҷасорату мардонагии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардид, моро ҳаяҷону ифтихор фаро гирифт. Тавассути роҳи ҳамвору мумфарш ва чароғон, ки  синаи кӯҳро шикофта буд, дар дақиқаҳои башумор ба он тарафи ағбаи Анзоб гузаштем. То ба маркази ноҳияи Айнӣ расидан чандин гурӯҳ сайёҳони хориҷиро дучор омадем, ки савори мошин ё тавассути дучархаву сечархаҳо ба ду самт роҳ мепаймуданд.
Қад-қади дарёи пуршӯри Зарафшон ба сӯи бостоншаҳри Панҷакент роҳ пеш гирифтем. Ҳама қитъаҳои роҳ ҳамвору мумфарш  ва деҳоти сари роҳ аз нурафкании чароғҳои барқӣ чун рӯз рӯшан буданд. Мардуми заҳматкаши ин водии саросар кӯҳсор пуштаҳои лалмиро ба боғу бӯстон табдил дода буданд.
Мавриди зикр аст, ки чанд сол пеш мардуми вилояти Суғд аз ночорӣ тавассути роҳи пурмашаққати ағбаи Анзоб ба пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии кишвар рафтуомад менамуд. Давоми сол, бахусус дар фасли зимистон, роҳ баста мешуд. Дар дигар фаслҳои сол бо сабаби таъмирталаб будани он одамон соатҳои тӯлонӣ ва бо ранҷу азоб ба манзил мерасиданд. Ҳоло бошад, аз пойтахти кишвар тавассути роҳи ҳамвору мумфарш, нақбҳои «Уштур»-у «Шаҳристон» дар 3-4 соат ба шаҳри Панҷакент ва дар 5-6 соат ба шаҳри Хуҷанд ба роҳат расидан мумкин аст. Ин аст баракати Ваҳдату дастоварди Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат.
Шаҳри Панҷакент низ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар хело ободу зебо гардида, кӯчаҳои васеву мумфарш ва биноҳои баландошёнаву зебои ду шафати роҳ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, қасри фарҳанг, осорхона, китобхона, муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ, қаҳрамони миллӣ Деваштич ва адибони бузург Рӯдакиву Фирдавсиву Лоиқ бинандаро мафтун месозанд. Бахусус, бинои боҳашамати мақомоти иҷроия, ёдгории таърихии мадрасаи «Олим Додхоҳ» (асри XVI), бозори марказӣ ва варзишгоҳи замонавӣ зебоии шаҳрро афзудаанд.
Дар шаҳр 21 иттиҳодияи ҳунарӣ амал мекунад, ки зиёда аз 480 ҳунармандро муттаҳид сохтааст. Рӯзи дигар ба Саразми бостонӣ рафтем, ки 15 км дуртар аз шаҳри Панҷакент, дар тарафи рости роҳи самти Самарқанд ҷойгир мебошад. Аз ҳар як сангу хишту сафолпораи ҳафриётшудаи ин макон  садои ниёгони ҳунарманду арҷмандамон аз Ориёистони куҳан ба гӯш мерасид. Аз ин лиҳоз, ки гузаштагони тамаддунофари мо фарҳанги давлатдориву шаҳрдорӣ,  ҳунармандӣ, бозаргонӣ, илму маърифати волоро ба ҷаҳониён пешкаш намудаанд, беихтиёр касро ифтихору фараҳмандӣ фаро мегирад.
Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат 5500 - солагии Саразми бостон соли 2020 ҷашн гирифта мешавад.
Ба зиёрати поягузори шеъри классикии тоҷику форс, устод Абуабдулло Рӯдакӣ (858-941) омадем.
 Манзараи дилфиреби кӯҳи Булбулон, насими форам ва оби мусаффои дарёи Уреҷ ба мо рӯҳу тавони тоза мебахшид.
Сафарро ба сӯи дараи зебоманзари Арчамайдон, ки мардуми Киштӯддара онро бо ифтихор «Ҷаннат» (яъне, биҳишти рӯи Замин) меноманд, давом додем. Роҳи мо аз байни кӯҳсорони сарбафалаккашида, қад-қади Рӯзрӯд давом мекард. Пас аз гузаштани деҳоти сарсабзу хуррами Пағна, Порвен, Вен, Зимтӯд, Ғӯйтан ва Ғаззаи деҳшӯрои Ворӯ, ки мардумаш зери осмони софу беғубори Ватан дар осоиш  ва аз пайи кору ташвиши рӯзгори хеш буданд, ба маконе расидем, ки Осиёи Сабз ном дошт. Дар ду канори соҳил киштзору боғистон ҷойгир буданд, пур аз меваҳои шаҳдбори себу зардолу, ноку шафтолу, гелосу олу. Соҳиби яке аз боғҳо, ҷавони дидадаро – Ҳотам моро бо хушнудӣ пазироӣ намуда, ба сӯи кати калоне, ки дар як гӯшаи боғ ҷойгир буд, раҳнамоӣ кард.
Ҳотам ба осиёби куҳнаи он сӯи дарё ишора намуда, таърихи зиёда аз 200 - сола доштан ва ба мардум солҳои дароз хизмат карданашро нақл кард ва гуфт, ки ният дорад онро таъмир созаду ба истифода диҳад.
Субҳи рӯзи дигар суҳбати гурӯҳи сайёҳон, ки дар мизу курсиҳои махсус тайёркардаи Ҳотам нишаставу субҳона мехӯрданд, моро аз хоб бедор кард. Онҳо се хонуму чор марди франсуз ва як хонуму ду марди исроилӣ буданд, ки тавассути Искандаркӯл, кӯли Аъло ва дараи Амшуд ба ин ҷо омада, нияти ба кӯли Калон рафтанро доштанд. Тавре зикр карданд, кӯҳсорони сарбафалаккашида, обҳои мусаффо, боду ҳавои тоза, манзараҳои дилфиреб, табиати зебо ва мардуми меҳмондӯсти Тоҷикистон ба онҳо писанд омадааст ва нияти боз ба ин кишвар омаданро доранд.
Нисфирӯзӣ ду сайёҳи дигар аз роҳи Тангии Бодхона намоён шуданд. Пас аз расидан маълум гардид, ки онҳо аз Олмон буда, зану шавҳаранд. Мард Фридрих ном дошта, ҷарроҳ будааст ва ҳамсараш муаллимаи забони русӣ. Айни ҳол ӯ вазифаи тарҷумонро иҷро мекард. Фридрих бо табассум гуфт, ки номи ӯ ба русӣ Федя мешудааст. Ман гуфтам, ки номаш ба тоҷикӣ Фаррух мешавад ва маънои онро шарҳ додам. Ҳамсуҳбатам бо хушҳолӣ онро навишт.
Фридрих чор сол пеш ба сактаи майнаи сар гирифтор шуда, дасту пои чапаш аз кор мондааст. Пас аз табобати тӯлонӣ, бо маслиҳати табибон пайваста ба машқи бадан ва пиёдагардӣ машғул будааст. Дӯстони тоҷикаш, ки дар Олмон зиндагӣ мекунанд, ба ӯ саёҳати Тоҷикистонро тавсия додаанд. Ҳайратовар аст, ки шахси чунин бемории вазнинро аз сар гузаронида, дар муддати чор рӯз аз шаҳри Панҷакент, тавассути Ҳафткӯл, Ағбаи Тобасанг, Сармаддара гузашта, то ба ин ҷо расидааст.
Фридрих ба кӯлбораш, ки пур аз гулу гиёҳҳои аз роҳ ҷамъкардааш буд, ишора намуда гуфт, ки ин алафҳо ба сад дард дармонанд. Шумо - тоҷикон хушбахтед, ки Худованд чунин сарзамини нозанин ва фаровон аз гулу гиёҳҳои шифобахш, меваҳои лазиз ва чашмасору рӯдҳои мусаффоро насибатон гардондааст. Ман ният дорам, ки соли дигар низ ба Тоҷикистон оям ва аз Чилучорчашма ва кӯли Сарез дидан кунам.
Рузи дигар ману ҳамроҳам сафарро ба дараҳои сарсабзу обшори Амшуд, Сармад ва Арчамайдон давом додем, ки хело фараҳафзо буд. Албатта, кас дар ин ҳол аз тоҷику тоҷикистонӣ будан ифтихор намуда, ҳазорон шукри ин Ватани биҳиштосо, Сулҳу Ваҳдату Истиқлолият ва сиёсату роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мекунад.
Абубакр ЗУБАЙДӢ,
муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ - таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот  оид ба илм, номзади илмҳои таърих, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2018    №: 184    Мутолиа карданд: 493
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед