logo

иқтисод

ШУҒНОН. РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОӢ

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Шуғнон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сол ба сол афзоиш меёбад. Алҳол саҳми ноҳия дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 36 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ як сол пеш ин нишондиҳанда 32 дарсад буд.
Тавре Даврон Давлатшоев, муовини аввали раиси ноҳия, иттилоъ дод, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия танҳо дар давоми шаш моҳи соли равон 27 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил дод. Имсол саноатчиёни ноҳия истеҳсоли  маҳсулотро  ба  андозаи беш аз 55 миллион  сомонӣ расонданианд. Калонтарин корхонаи тавлидоти маҳсулоти саноатӣ - Неругоҳи барқии обии «Помир - 1» давоми  нимсола босамар фаъолият карда, ба буҷети ноҳия зиёда аз 16 миллион сомонӣ ворид намуд. Ҳамчунин, корхонаи  коркарди ғаллаи ноҳия, ки  соли  2015 бо  ибтикор  ва иштироки  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Сучон мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт, дар ғанигардонии  буҷет  саҳми  босазо дорад.
Фаъолияти бонизоми корхонаҳои дӯзандагии «Ҳаёти нав», сохтмонию таъмирии “Бунёд”, «Худоёрбек», «Мадад», "Мустафо», «Амирҳамза», хизматрасонии «Қадамгоҳ» ва «Хок» низ назаррас аст.
- Дар ноҳия намудҳои гуногуни соҳибкорӣ инкишоф меёбанд. Соҳибкорони маҳаллӣ ҳоло аз меваҷоти гуногун афшура тайёр менамоянд, маҳсулоти маҳаллӣ - чӯбу тахтаро коркард мекунанд, барои сохтмончиён хиштҳои гуногуни сементӣ ва хишти пухта омода месозанд. Дар рӯзҳои Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Сучон боз як корхонаи нави истеҳсолӣ, ки аз тут шириниҳои гуногун тайёр мекунад, мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин, дар Ҷамоати деҳоти Вер бо маблағи соҳибкорони маҳаллӣ фаъол гардидани як корхонаи коркарди шир низ дар назар аст.
Дар соҳаи мурғпарварӣ ҳам дар ноҳия гомҳои аввалин гузошта мешаванд. Чанде пеш бо дастгирии муштараки Ҳукумати кишвар ва барномаи байналмилалии рушди манотиқи кӯҳистон соҳибкорон дар деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти Сохчарв ва Сипинзи Ҷамоати деҳоти Сучон соҳиби коргоҳи парандапарварӣ ва 3000 сар мурғ гардиданд, - иброз дошт, - Даврон Давлатшоев.
Ба гуфтаи Даврон Давлатшоев, иҷрои нақшаи андоз ба сари вақт пардохт намудани нафақа, музди меҳнати кормандони идораву муассисаҳои буҷетӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷет соли равон дар деҳоти ноҳия корҳои таъмири роҳҳо ва кашидани хати оби нӯшокӣ анҷом ёфта, дар болои дарёи Ғунд пули мошингард сохта шуд, ки мушкилоти деринаи сокинони деҳаи Сангови Ҷамоати деҳоти Сучонро осон намуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2018    №: 185    Мутолиа карданд: 183

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед