logo

фарҳанг

ОМТ НАМОДИ ПУРШУКӮҲИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУН

Яке аз иншооти азими даврони соҳибистиқлолии мамлакат бинои муҳташами Осорхонаи миллии Тоҷикистон (ОМТ) мебошад. Агар ба таърихи осорхонаҳои Тоҷикистон назар афканем, аввалин осорхона дар кишварамон соли 1931, дар асоси коллексияи шахсӣ, дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт. Осорхонаи аввалин дар шаҳри Душанбе соли 1934 ҳамчун Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ ифтитоҳ меёбад. Бояд гуфт, ки то соли 2013 ҳамаи осорхонаҳои шаҳри Душанбе дар биноҳое ҷойгир буданд, ки онҳо барои фаъолияти осорхонавӣ махсус гардонда нашуда буданд. Аввалин бинои осорхонавии шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ дар симои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бунёд гардид.
Бинои Осорхонаи миллӣ бо назардошти анъанаҳои меъмории миллию муосир бо истифодаи технологияҳои пешрафтаи муҳандисиву бинокорӣ бунёд гардида, яке аз осорхонаҳои калонтарини Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Осорхона дар дохили Боғи Парчами миллӣ ва паҳлуи маҷмааи бошукӯҳу назаррабои Қасри миллат, Парчам, Нишони давлатӣ ва Китобхонаи миллӣ ҷойгир буда, дар атрофи он муҷассамаҳои қаҳрамонҳои таърихӣ - Виштосп, Куруши Кабир, Спитамен, Канишкаи Бузург, Амр ибни Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ, Абумуслими Хуросонӣ, Ғиёсиддини Ғурӣ ва дигарон эъмор шудаанд.
Осорхонаи миллӣ барои ҳамаи осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази илмӣ - методӣ ба ҳисоб рафта, экспозитсияи он дар асоси нақшаи мавзӯӣ - экспозитсионӣ (муаллиф А. Шарифов) дар 22 толор ҷойгир шуда, табиат, таърих (аз асри санг то имрӯз), санъати тасвирӣ ва амалиро инъикос менамояд. Экспозитсияи осорхона маҳдудияти замонӣ ва мавзӯӣ надошта, дар он шуъбаҳои табиат,  таърихи бостон ва асрҳои  миёна, таърихи  нав  ва навтарин, санъати тасвирӣ  ва  амалӣ фаъолият доранд.
Шуъбаи табиат дар зербинои осорхона ҷойгир буда, экспозитсияи он аз 5 толор иборат аст. Экспозитсияи шуъбаи табиат ба тамошобинон оид ба олами ҳайвоноту рустаниҳо, иқлим, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Дар шуъбаи табиат толори махсуси геологӣ мавҷуд аст, ки дар он намунаи маъданҳои конҳои ҳудуди мамлакат, пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин, гӯшаи палеонтология (организмҳои сангшуда) ва ғайраҳо ба маъраз гузошта шудаанд. Ҳамзамон, дар ин шуъба тавассути диорамаҳои «Помир», «Баландкӯҳ», «Чилдухтарон», «Даштиҷум» ва «Бешаи Палангон» бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон шинос шудан мумкин аст.
Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна яке аз шуъбаҳои калонтарини осорхона ба шумор рафта, экспозитсияи он аз 9 толор иборат аст, ки аз ин 6 толораш дар ошёнаи якум ва 3 толораш дар ошёнаи дувум ҷойгиранд. Экспозитсия бо харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон оғоз меёбад, ки тамошобин тавассути ин харита метавонад бо зиёда аз 2 ҳазор ёдгорӣ шинос шавад. Инчунин, дар давоми экспозитсия асри санг ба таври муфассал пешниҳод шудааст, ки қадимтарин ёдгории ин давра дар ҳудуди Осиёи Миёна Кӯлдара мебошад. Он  таърихи якмиллионсола дорад ва дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир аст. Давоми экспозитсия бинандаро ба давраҳои дигари таърихӣ, аз ҷумла аҳди биринҷ, аҳди оҳан, фарҳанги зардуштӣ, империяи Ҳахоманишиҳо, хазинаи Амударё, давлатдории Кушониёну Сосониён, Панҷакенти қадим, фарҳанги исломӣ, дайри Буддоии Аҷинатеппа, давлатдории Сомониён, меҳроби Искодар, мисгарӣ, хушнависӣ, сиккаҳо мебарад.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти осорхона ин фаъолияти оммавӣ -маърифатии он мебошад. Фаъолияти экскурсионии осорхона пеш аз ҳама ҷабҳаи маърифатӣ дошта, он ба муаррифии неъматҳои табиӣ ва беҳтарин офаридаҳои башарӣ бахшида шудааст. Масъулони бахши экскурсионии осорхона ба тамошобинон ва меҳмонони сатҳи олӣ дар баробари забони давлатӣ (тоҷикӣ) бо забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва урду сайри осорхонавӣ – экскурсия мегузаронанд. Вобаста ба ин, дар нимсолаи  аввали соли равон 75 ҳазору 643 нафар тамошобин аз осорхона дидан намуд, ки аз ин шумора 1 ҳазору 772 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҳама ҷашнҳои давлатӣ, воқеаҳои муҳими таърихӣ намоишҳои муваққатӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ гузаронда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар таърихи Тоҷикистон бори аввал Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 чорабинии “Шабе дар Осорхона” - ро ташкил ва баргузор намуд, ки танҳо  дар  доираи ин чорабинӣ аз соати 18 то соати 22 экспозитсияи осорхонаро зиёда аз 10  000 нафар шаҳрванд ба таври ройгон тамошо намуд.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷаҳон бузургтарин дафинаи дирҳамҳои сомонии Хатлонро кашф ва ҷамъоварӣ намуд, ки он соли 2016 дар ҳошияи дувумин конфронси илмии байналмилалӣ оид ба  сиккашиносии Шарқ дар Эрмитажи  давлатии шаҳри  Санкт - Петербурги  Федератсияи  Русия муаррифӣ гардид.
Натиҷаи фаъолияти кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар нашрияи илмии “Ахбори Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, китобҳои алоҳида, маҷалла ва рӯзномаҳои гуногун ба чоп мерасанд.
Алишер ЗАРИФОВ,
сардори шуъбаи илмӣ - методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2018    №: 185    Мутолиа карданд: 100

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед