logo

иқтисод

РОҲ НИШОНИ ОБОДИЮ ШУКУФОӢ

Бунёду азнавсозии роҳҳои нақлиётӣ ва, дар маҷмӯъ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани кишвар аз самтҳои муҳими стратегӣ маҳсуб меёбад. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз соли 2000 – ум Стратегияи махсуси рушди комплексии нақлиёт то соли 2025 қабул гардида буд, ки имрӯз самари чашмрас ба бор меорад.

Маҳз дар ҳамин давра дар асоси 14 созишномаи дуҷониба ва 12 созишномаи бисёрҷониба бо 33 кишвари дуру наздик алоқаи автомобилӣ (бору мусофиркашонӣ) ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати рушди равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нақлиёти автомобилӣ 9 конвенсияву созишномаҳои байналмилалӣ ба имзо расиданд, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат намуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 27 ширкати нақлиёти автомобилӣ барои ҳамлу нақли бор дар миқёси байналмилалӣ фаъолият доранд.
Тавре Суҳроб Мирзоев, муовини якуми вазири нақлиёти кишвар, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши инфрасохтори нақлиётӣ бо давлатҳои донор ва созмонҳои байналмилалии маблағгузор (шарикони рушд), аз ҷумла Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Фонди кувайтии рушди иқтисод, Фонди ОПЕК, Фонди Абу Дабӣ, Фонди рушди Саудӣ, Бонки ҷаҳонӣ, хуб ба роҳ монда шудаанд ва натиҷаҳои самарабахш медиҳанд.
Дар комплекси нақлиётии ҷумҳурӣ 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардид ва зиёда аз 2 ҳазор километр роҳи мошингард, 31 километр нақб, 200 пул ва 173,2 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ шуданд. Ба гуфтаи С. Мирзоев, роҳҳои автомобилгарди дар сатҳи байналмилалӣ бунёд ва навсозишудаи Душанбе – Данғара – Кӯлоб -  Қалъаихумб – Хоруғ - Мурғоб - Кулма,   Душанбе - Қӯрғонтеппа - Данғара - Кӯлоб, Ҷиликӯл - Панҷи Поён, Душанбе – Рашт - сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Хуҷанд - Чанак - сарҳади Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа – Ҷиликӯл, Душанбе - Данғара, Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон, Айнӣ - Панҷакент - сарҳади Ӯзбекистон, Рашт – Навобод, ҳамчунин, даҳҳо пул, аз ҷумла пулҳои байналмилалии байни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз, Ванҷ, Шамсиддин Шоҳин, Ҷайҳун, шаҳри Хоруғ, нақбҳои «Истиқлол», «Озодӣ», «Дӯстӣ», «Шаҳристон», «Хатлон», имкон доданд, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон иҷро гардида, мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ барояд.
Соли 2017 лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб (қитъаи Шамсиддин Шоҳин – Шоҳон), роҳҳои автомобилгарди Восеъ - Ховалинг ва Сайрон - Қарамиқ ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, ҳамин сол бунёду азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин ба маблағи 51,1 миллион доллари ИМА бо дарозии 32 километр ва Шкев - Қалъаихумби роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумб ба маблағи 46,6 миллион доллари ИМА бо дарозии 26 километр оғоз ёфт.
Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар роҳҳои автомобилгарди Хуҷанд - Исфара, Душанбе – Турсунзода корҳои сохтмонӣ идома доранд. Қитъаи чорроҳаи маҳаллаи 82 дар арафаи рӯзи Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ба истифода дода шуд. Корҳои созандагӣ дар масири Душанбе - Қӯрғонтеппа, Душанбе – Турсунзода, Балҷувон – Сари Хосор ва Кангурт - Балҷувон - Ховалинг идома доранд. Маблағгузории нигоҳдории роҳҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ соли 2018 ба 60 миллиону 846 ҳазор сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда соли 2010 34 миллион сомониро ташкил медод.
 Дар арафаи Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи оҳани Душанбе - Бохтар – Кӯлоб (қисмати Ваҳдат – Ёвон) ба истифода дода шуд ва шабакаи ягонаи роҳҳои оҳани  кишвар ташаккул ёфт, - гуфт дар хотимаи суҳбат С. Мирзоев.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2018    №: 185    Мутолиа карданд: 96

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед