logo

иқтисод

ИСТИҚЛОЛИЯТ. АЗ ҶОНБОЗИҲО ТО САРФАРОЗИҲО

Боиси сарфарозии ҳамешагии мост, ки бо талошу заҳмати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, сокинони кишвари  тозаистиқлол,  ба рӯзҳои нек расидем ва барои ҳар яки мо дар Ватанамон зиндагии шоиста таъмин мебошад.

Ҳамин аст, ки дар саросари кишвар таҷлили Ҷашни 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо шаҳомати хосса барпо шуд. Ба ин муносибат дар ҳама гӯшаю канори ҷумҳурӣ чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор  гашта, хурду бузурги мамлакат гирди ҳам омаданд ва аз доштани як давлати бонуфузи мустақил сарбаландона ифтихор намуданд.
Дар ин рӯзҳои тантанавӣ Сарвари давлат зимни табрикоти самимӣ  бо дастурҳои хирадмандона моро ба он ҳидоят карданд, ки ҳеҷ муҳаббатеро ҷойгузини  муҳаббат ба Ватан надонем. Зеро Истиқлолияти давлатӣ бо осонӣ ба даст наомадааст ва ин падида дар таърихи миллат ҷойгоҳи махсус дорад. 
Маҳз дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ваҳдат ва рушди иқтисодии ҷомеа ба вуҷуд омад ва  кишвар дар арсаи ҷаҳони мутамаддин рӯ ба таррақӣ ниҳод. Алҳол, ҳар сол дар мамлакат шоҳроҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, марказу фароғатгоҳҳо ва иншооти муҳими стратегӣ сохта мешаванд. Мардум шаҳди соҳибистиқлолии давлатро мечашад. Баробари тоҷикон халқиятҳои дигари кишвар, низ ҷашни давлатиро бо дастовезҳои меҳнатию эҷодӣ сазовор пешвоз гирифтанд.
Дар давраи пуршебу фарози таърихи Истиқлолияти давлатӣ танзиму такмили соҳаи  меъморӣ ва сохтмон низ рӯи даст омад.  Дар ин ҷода, пеш аз ҳама, боз ҳам ташаббусу дастурҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш бозиданд. Бо дастгирӣ ва ҳидояти Сарвари давлат  мо, олимону мутахассисон, бори дигар ба асарҳои меъмории ниёгон рӯ оварда,  онҳоро ҳамаҷониба  мавриди омӯзиш қарор додем. Сохти  меъмории онвақта ва ҳозиразамонро ба ҳам омезиш дода, лоиҳаҳои мукаммал таҳия намудем. Имрӯзҳо сохтмончиёну меъморон иншооти гуногуни шаҳру деҳоти кишварамонро дар асоси тарҳҳои мазкур  бунёд менамоянд ва лоиҳасозии миллиро ҷорӣ намуда, ба намои иншоот  ҳусни тоҷикона  зам мекунанд. Дар асоси чунин дастовардҳои  беназир соҳаи меъморӣ ва сохтмон устуворона рӯ ба пешрафт дорад.
Вақте ба ҳусну рамзи иншооти зиёди маъмурию хизматрасонии шаҳри Душанбе ва  шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат бо чашми хирад менигарем, дигаргуниҳои замони пойдории Истиқлолияти давлатиро дар ҳаёти мардуми кишвар хуб эҳсос мекунем. Рангорангию шаҳомати муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ, боғҳои навбунёди ба номи бузургони миллат – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ирам, Восеъ ва ғайра бо рамзҳои хоси миллӣ ин гуфтаҳоро собит месозанд. Ҳайати  лоиҳасозони ташкилоти ҷамъиятии Академияи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ  низ аз пешравиҳои бисёри соҳа дар кишвар рӯҳбаланд гардида, чун ҳарсола рӯзи Истиқлолияти давлатиро бо армуғони меҳнатӣ дар сатҳи баланд  пешвоз гирифтанд. Онҳо хушҳоланд, ки имсол то фарорасии ҷашни миллӣ лоиҳаҳои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ  бо ҷойгиркунии марказҳои савдою хизматрасонӣ, таваққуфгоҳҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони А. Рӯдакӣ,  кӯчаҳои С. Айнӣ, Бухоро, Шевченко, М.Турсунзода, Пӯлодӣ ва Бофандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо омода ва пешкаши фармоишгарон намуданд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои нави таълимию хизматрасонии бошукӯҳи замонавӣ ва роҳи сесатҳа дар пойтахт ва иншооти дигар дар шаҳру навоҳии мамлакат бо дастгирии Президенти мамлакат аз зумраи дастовардҳои мутахассисону олимони соҳаи меъмории мамлакат мебошанд.
Баҳоваддин ЗУҲУРИДДИНОВ,
раиси ташкилоти ҷамъиятии Академияи меъморӣ ва сохт-мони Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2018    №: 185    Мутолиа карданд: 264

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед