logo

фарҳанг

РӮЗИ РӮДАКӢ - РАМЗИ ҶОВИДОНАИ МИЛЛАТИ ФАРҲАНГСОЗИ ТОҶИК

Ҳамасола 22 сентябр дар саросари мамлакат ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Рӯзи Иқбол дар Покистон, рӯзи Навоӣ дар Ӯзбекистон, рӯзҳои Саъдиву Ҳофиз дар Эрон ва рӯзи Такур дар Ҳиндустон гувоҳи онанд, ки ин халқҳову кишварҳо ба гузаштаи худ эҳтиром гузошта, пос доштани номи адибону олимони шинохтаи хешро вазифаи муқаддас ҳисобидаанд. Рӯзи Рӯдакӣ ҳам бозгӯи он аст, ки мардуми тоҷик ба Одамушшуаро эҳтироми хосса дошта, панду андарзҳои ӯро дастурамали зиндагии худ қарор додааст.
Панду андарзҳои шоир хеле дилкашу гуворо буда, аз мутолиаи он наметавон дил канд. Абёти панду ахлоқии устод Рӯдакист, ки моро ба ҷавонмардиву ростқавлӣ, илмандӯзиву фарҳангдӯстӣ даъват менамояд ва дар замирамон  некиву накукорӣ ва муҳаббату садоқатро мепарварад.
Имрӯз моро аз ҳарвақта дида бештар зарур аст, ки осори ин абармарди фарҳанги миллатро омӯхта, нисбат ба рӯзгор ва осори ӯ маълумоти кофӣ пайдо намоем, аз таърихи пуршебу фарози халқи худ сабақ омӯзем. Устод  Рӯдакӣ адабиёти моро чунон бунёд ниҳод, то ба рағми ҳама гирдоби воқеаҳои  пурпечутоби  таърих  пойдор бимонад ва бо ҳиммату истеъдоди ворисони  сазовор боз ҳам  муҳташаму тавоно гардад. Имрӯз ҳам шеъри волову сухани миллатсози устод Рӯдакӣ ба рамзи фарҳанги оламгири тоҷик ва хирадмандиву созандагиву накукорӣ табдил ёфта, дар шинохт ва беҳбуди  асолати миллӣ нақши муҳим мегузорад. Фарзандони мо бо шеъри ӯ дарси маърифату одамгарӣ, хираду садоқат, муҳаббат ба Ватан ва парастиши онро меомӯзанд. 
Хушбахтона, дар таълимгоҳҳои мамлакат рӯзгор ва осори устод  Рӯдакӣ ба таври густурда ва амиқ омӯхта мешавад. Аз ҷониби нашриёти мухталиф китобҳои ашъораш пайваста бо тадқиқоту рисолаҳои илмӣ ба нашр мерасанд. Дар Тоҷикистон даҳҳо идораву иншоот, хиёбону созмонҳо ба номи устод Рӯдакӣ гузошта шудаанд. Зиёда аз 200 сол аст, ки донишмандони  Ғарбу Шарқ ба ҷустуҷӯ, таҳлилу тафсир ва ҷамъоварии ашъори Рӯдакӣ машғуланд.
Бахшида ба гиромидошти шоир «Бунёди Рӯдакӣ» таъсис ёфтааст, ки дар аксари кишварҳои олам фаъолият дорад. Мақоми Рӯдакӣ дар шеъру адаби форсӣ то ба ҷоест, ки дигар шоирон ва бузургон бартарӣ ва баландии мақоми ӯро дар шеъру шоирӣ сутуда, ӯро султони шоирони ҷаҳон номидаанд.
Дар зодгоҳи шоир – шаҳри Панҷакент низ ҳар сол  рӯдакихонӣ ташкил  мешавад, ки дар он тамоми хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимии шаҳр ҷамъ мешаванд. Дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии  ба номи Рӯдакӣ ҷамъомади аҳли зиёи шаҳр барпо мегардад.
Рӯзи Рӯдакӣ ба ташаккули ҳисси ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзаву оянда неру мебахшад ва масъулияти онҳоро дар рушду нумуи Тоҷикистон меафзояд.
Фирӯза РУҲУЛОВА,
корманди илмии Осорхонаи  ба номи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2018    №: 185    Мутолиа карданд: 423

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед