logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

Дар ноҳияи Рашт корҳои сохтмонӣ дар 35 иншоот, ки тибқи нақшаи чорбиниҳо бояд то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд, вусъати тоза касб кардаанд.

Тавре раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо Холиқ иттилоъ дод, аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 7 иншоот ба маблағи 6 миллиону 255  ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби идораи ҷумҳуриявӣ сохтмони 1 иншоот ба маблағи 420 ҳазор, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохтмони 8  иншоот ба маблағи 4 миллиону 310 ҳазор, аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони 15 иншоот ба маблағи 25 миллиону 561 ҳазор ва аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ сохтмони 4 иншоот ба маблағи 2 миллиону 207 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони хонаи истиқоматии 48 - ҳуҷрадор барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар соли ҷорӣ 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба маблағи 1 миллиону 120 ҳазор сомонӣ  корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудаанд. Барои сохтмони Литсеи президентӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ғарм  соли ҷорӣ 2 миллион сомонӣ пешбинӣ ва ба маблағи 67 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидааст. Инчунин,  сохтмони пули пиёдагузар аз болои дарёи Сурхоб дар байни деҳаҳои Ярхаб – Белгӣ, хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Навобод, бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, биноҳои маркази табобати бемориҳои ҳайвонот ва таълимии Литсейи касбӣ - техникии № 61 дар маркази ноҳия аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  воситаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ идома дорад.
Аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази сохтмони асосӣ сохтмони биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Тагоба ба маблағи 590 ҳазор ва Қалъаи Сурх ба маблағи 260 ҳазор, биноҳои иловагии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3  ба маблағи 600 ҳазор ва №10 ба маблағи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ бунёд меёбанд. Сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 (деҳаи Чашмаи Қозӣ) ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ ва бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Навобод ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ оғоз мегарданд.
Аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра дар 15 иншоот ба маблағи 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудаанд. Аз ҷумла, дар деҳаҳои Кӯлоба ва Сияҳлояки  Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуда, сохтмони  синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№111 ва  48 идома дорад.
Ҷудо кардани қитъаҳои замин ва сохтмони биною иншооти гуногун дар маркази ноҳия дар доираи нақшаи генералии шаҳраки Ғарм, ки аз тарафи ҶСК «Шаҳрофар» -и назди Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳия  ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ мешавад.
- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузурги миллист. Бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо,  толору майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон, ҳавзҳои шиноварӣ, таъмири роҳҳо, ободу зебо гардондани маҳалли зист ва анҷом додани корҳои дигари созандагӣ аз ҷумлаи амалҳоеанд, ки ба хотири омодагии сазовор ба ин ҷашн ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат додани корҳои созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон анҷом дода мешаванд, - гуфт дар хотимаи суҳбат раиси ноҳия.
 Дилшод АМИРОВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2018    №: 185    Мутолиа карданд: 350
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед