logo

сиёсат

СИЯҲКОРОН БА МАҚСАДҲОЯШОН НАМЕРАСАНД

Мо - донишҷӯён, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ суханҳои бемантиқу бепояи намояндагони неруҳои ҷиноятпеша, бахусус ҲНИ - ро,  ки айни ҳол дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд, дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ мутолиа намуда, байни худ мавриди муҳокима қарор додем.
Матни эъломияи подарҳавои ташкилоти террористӣ, ки худро бегуноҳ ва хору залил вонамуда, мехоҳанд аз системаи демократии аврупоӣ суистифода намоянд ва дар зери чатри давлатҳои демократии Аврупо, дар кишвари мо амалҳои террористӣ ва экстремистии худро густариш диҳанд, саросар аз воқеият ва самимият дур буда, таҳқир ба системаи давлатдории дунявӣ мебошад. Дар навбати аввал, бояд гуфт, ки дар интихоботи охири вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби камтарин овоз шуда, намояндагонашон ба парлумон роҳ наёфтанд. Яъне, дар муборизаи сиёсӣ шикасти сахт хӯрданд. Овоз надодани аҳолӣ ба аъзои ин ҳизб аз он сабаб буд, ки бидуни мудохилаи кадом ҳизби исломӣ ва ё неруҳои дигар дар кишвари рӯ ба инкишофи иҷтимоии Тоҷикистон 4998 масҷид дар фаъолият мебошанд, ҳар сол 8000 шаҳрванди кишвар барои адои маносики ҳаҷ ба Макка сафар мекунанд. Давлат ба онҳое, ки лаб ба таҳқири парасторони динҳои дигар мекушоянд, вокуниши қатъӣ нишон медиҳад. Ҳама диндорони мамлакат аз ҳуқуқҳои баробар бархӯрдор мебошанд.
Муҳиддин Кабирӣ дар гузориши ироанамудааш худро як назариётчӣ - теоретики давлатсозиву истиқлолхоҳӣ нишон доданӣ шуда, босмачиёни роҳзанро "шахсиятҳои муборизи миллӣ - мазҳабӣ" номидааст. Кабирӣ истиқлолияти ба даст овардаи Тоҷикистонро дар соли 1991 хизмати ҳизби худ мешуморад ва гӯё ба ҷуз наҳзатиҳо дигарон зидди истиқлоли мамлакат буданд. Ӯ аз хиёнати ниҳоят бузурги ин ҳизб дам намезанад. Намехоҳад ба ёд оварад, ки соли 1992 силоҳи оташфишонро ба дасти майдоннишинон кӣ дода буд ва чӣ гуна аввалин шуда ба кушторҳои одамон, гаравгонгирии вакилони мардумӣ ва дигар иқдомҳои террористиву экстремистӣ шурӯъ карда буданд. Кабирӣ мегӯяд, ки "бидуни ҳамкории васеи ҳама неруҳо ва шахсиятҳои миллӣ мо наметавонем на инсони мустақил тарбият ва на истиқлолияти давлатиамонро аз осебҳо ҳимоят намоем." Киҳо бошанд он неруҳои миллии дар назар доштаашон? Магар ҳамонҳое нестанд, ки камарбанди интиҳорӣ баста, худро дар миёни анбӯҳи занону кӯдакон ва дигар бегуноҳон дар Аврупову Осиё метарконанд? Ҳамон неруе нест, ки сайёҳони хориҷии дучархасаворро бо автомашина зер карда, ҷисми хуншорашонро бо табар қисмат мекунад? Ҳамон неруе нест, ки табибону шахсиятҳои дар ҷаҳон машҳур Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ, Муҳаммад Осимӣ, Муҳиддин Олимпур ва даҳҳо сиёсатмадорону донишмандони дигарро ноҷавонмардона ба қатл расондаанд?!
Дар рӯзҳои таҷлили 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар даҳҳо биноҳои таълимӣ, фарҳангӣ, кӯдакистонҳо, боғҳои сайругашти мардум, роҳҳову кӯчаҳои мумфарш ба истифода дода шуданд, мамлакат барои кушодашавии чархи нахустини Неругоҳи барқи обии Роғун омода мешавад. Ҳама дар пайи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом, кӯчаҳои мумфарш ва бунёди дигар иншооти мавриди ниёзи мардум камари ҳиммат бастаанд, аммо ин бадгуҳарон роҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, то ба осудагии мардум халал ворид кунанд.
Ин бехабарони сияҳкор ҳаргиз ба ҳадафҳои нопокашон нахоҳанд расид. Мо Ватанамонро аз нав обод месозем ва худро хушбахт меҳисобем. Инро метавон дар чеҳраҳои кӯдакони либосҳои сафеди оҳарӣ бар тан ва равон ба сӯи бинои мактабҳои қасрмонанд дид. Инро метавон дар рақсу таронасароиҳои духтарони ба бар пироҳанҳои чакану атлас мушоҳида кард. Инро метавон дар варзишгоҳҳои пур аз тамошобин, дар сайругашти ҷуфтҳои ҷавон ва падару модарони бо кӯдакони хушбахти худ дар тамошои чаманистону гулистонҳои пойтахт ва маркази ноҳияҳо дид.
Дастони хунолуди онҳое, ки бар зидди озодиву истиқлоли мо дароз мешаванд, ҳатман қатъ хоҳанд шуд!
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба
номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2018    №: 187    Мутолиа карданд: 289

16.12.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Луиҷи Ди Майо

Ҳавзаҳои интихоботӣ муқаррар шуданд

БОКС. Ду медали бонувони тоҷик

ЁВОН. Фермаи азими чорво бунёд мегардад

БАТР ба Тоҷикистон дар безарарсозии партовгоҳҳои радиоактивӣ ёрӣ мерасонад

ИМА аз Афғонистон беш аз нисфи низомиёнашро мебарорад

Дар Қазоқистон 14 ҷангии гурӯҳи "Давлати исломӣ" - ро зиндон карданд

Дар Ӯзбекистон таҳсил панҷрӯза мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед