logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ ВА ЧИНДАО - ДУ ШАҲРИ БАРОДАР

Миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати халқии шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳди бародаршаҳрӣ баста шуд. Санади бародаршаҳриро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Чиндао Менг Фанли имзо карданд.
Рустами  Эмомалӣ бо ҳайати шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо роҳбарии Менг Фанли ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд. Барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Чиндао дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт. Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, иштирокчиёни мулоқот саҳми роҳбарони ду кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба махсус таъкид намуданд.
Ба мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маводи хӯрока, технология, сайёҳӣ, маориф ва ҷалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе  таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Чиндао яке аз шаҳрҳои калонтарини Чин буда, бо аҳолии тақрибан 10 миллион нафар маркази калони тиҷоративу иқтисодӣ, таърихию фарҳангӣ, илмию тадқиқотии баҳрӣ, сайёҳиву баҳрнавардӣ ва «пойтахти синамою олимпиада» ба шумор меравад. Он бо зиёда аз 700 бандари ҷаҳонӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, бо 70 шаҳри ҷаҳон бародаршаҳр аст.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчӣ (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва Хайкоуи (21 августи соли 2017) Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2018    №: 187    Мутолиа карданд: 208

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед