logo

Хабарҳо

ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Соли гузашта бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ озмун эълон намуда буд. Дар он муҳаққиқони соҳа, адибон, рӯзноманигорон ва дӯстдорони забони ноби тоҷикӣ бо таълифи маводи ҷолибу хонданӣ ва ихтисосӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Матлабҳои нашршуда фарогири вазъи имрӯз ва дурнамои забони давлатӣ, мақому манзалати он дар рушду густариши тамаддуну фарҳанги миллӣ, хидматҳои бас арзишманду мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Садриддин Айнӣ барои пойдорӣ ва таҳкими забони тоҷикӣ буданд.
Бо ҷамъбасти бошукӯҳи озмун дар ноҳияи Айнӣ пешниҳод шуд, ки матолиби нашргардида дар шакли китоби алоҳида ба табъ расанд. Идораи рӯзнома бо ҷонибдории он тасмим гирфт, ки андешаву таассуроти бархе аз иштирокдорони ин ҳамоишро низ дар китоб ҷой бидиҳад. Ҳамчунин, масъулон тасмим гирифтанд, ки чанд шеъри ба забони тоҷикӣ бахшидашудаи ширкаткунандагони озмун ва ҷамъбасти онро ба воситаи китоби мазкур дастраси ҳаводорон бигардонанд. Аз рӯи мазмуну мундариҷа, тарзи нигориш ва касби нигорандагонашон дар китоб матолиб ба қисматҳои ҷудогона ва фарқкунанда ҷой дода шудааст. Албатта, нашри ин китоб ба боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва гиромидошти забони давлатӣ мусоидат мекунад, инчунин, таъсири рӯшану мусбати худро мегузорад.
Нашри «Забон ва ҳувияти миллӣ», ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат гирифт, туҳфаи хубест барои дӯстдорони забони тоҷикӣ ва олимону муҳаққиқони соҳаи забоншиносӣ.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 121

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед