logo

иҷтимоиёт

ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ

Сокини ноҳияи Дарвоз Орзимаҳмад Давлатов маълумоти политехникӣ дорад, солҳои зиёд нияти кушодани коргоҳ дошт. Чун дид, ки байни мардуми ноҳия ба оҳан ва оҳангарӣ ниёзи бештаре ҳаст, соли 2004 дар назди хонаи истиқоматии хеш коргоҳи хурди оҳангарӣ кушод. Ҳоло дар маркази ноҳия Орзимаҳмадро ҳамчун ягона оҳангар мешиносанд ва қадр мекунанд.
Пешаи оҳангарӣ барои Орзимаҳмад нав набуда, ин касб аз падару бобояш ба ӯ мерос мондааст. Ӯ ҳатто дар замони фаъолияти давлатиаш баъди анҷоми соатҳои корӣ ва дар рӯзҳои истироҳат бо оҳангарӣ машғул мешуд ва ба мардум хизмат мерасонд.
Ҳоло Орзимаҳмад яке аз устоҳои хуби минтақа буда, намунаи ҳунарҳои ӯ дар намоишгоҳҳое, ки дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, ба маъраз гузошта мешаванд. Маҳсулоти тайёрнамудаи ӯ аз қабили дос, каланд, зоғнӯл, табар, теша, печка, лӯла ва дигар маснуоти оҳангарӣ дар ҳудуди ноҳия ва берун аз он талабгорони зиёд доранд.
Ӯ хушнуд  аз  он  аст, ки  соли 2018 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.
– Имсол ба мо ҳунармандон имтиёзҳои зиёде дода шуд. Аз ин сабаб мехоҳам корҳоро дар самти оҳангарӣ вусъат бахшам. Махсусан, устохонаи худро ба нуқтаи калонтар кӯчонда, ният дорам, ки нозукиҳои ин пешаро ба наврасону ҷавонон омӯзам, - изҳор медорад О. Давлатов.
Имрӯзҳо на танҳо ҳунармандон аз ғамхорию имтиёзҳои махсус бархӯрдоранд, балки чандин навъи ҳунарҳои мардумӣ, ки кам - кам ба гӯшаи фаромӯшӣ мерафтанд, эҳё шуда, ба ғановати фарҳангу тамаддуни мо мусоидат менамоянд.
Аз тарафи дигар, шахси ҳунарманд ҳар куҷое рафт, аз пушти касбаш ризқу рӯзии худро меёбад ва хору залил намешавад. Беҳуда нагуфтаанд: «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз».
Пӯлодҷон ВАТАНОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 272
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед