logo

мулоқотҳо

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар навсозии нерӯгоҳи Қайроққум саҳм мегирад

19 ноябр  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонмаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон чандин лоиҳаҳо бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо ба 128 миллион евро баробар аст.
Ба гуфти Масару Хонма, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳар сол дар Тоҷикистон татбиқи 10-12 лоиҳаи навро ба маблағи 60-80 миллион доллари амрикоӣ оғоз мекунад ва минбаъд ният дорад, ки ҳаҷми сармоягузориро ба кишвари мо 2 баробар афзун намояд.
Барномаи қарздиҳии хурд, ки бо дастгирии бонки мазкур дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, судбахш маънидод гардид ва ҳамзамон таъкид шуд, ки минбаъд қарзҳо бештар ба соҳибкорони истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳибкорони деҳот дода шавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгирии бонкҳои саҳомии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тариқи воридшавӣ ба сармояи онҳо ба назар мерасад, иқдоми хуб номида, мавриди дастгирӣ қарор дод.
Масару Хонма ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар баҳои баланд дода, аз воридшавии Тоҷикистон ба «даҳгонаи кишварҳои ислоҳотталаб» изҳори қаноатмандӣ намуд.
Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия низ сурат гирифт.
Вобаста ба вазъи таъминоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон Масару Хонма изҳор дошт, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омода аст дар навсозии нерӯгоҳи обии Қайроққум саҳмгузорӣ намуда, дар татбиқи дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикии он низ иштирок намояд.
ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба 63 кишвари аъзои худ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Япония ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ муроҷиат мекунад, ки ба Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилоти вобаста ба таъминоти барқ ва хориҷ шудани Ӯзбекистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ кӯмак расонанд. 
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бартараф намудани мушкилоти сунъии мавҷуда зоҳир карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 959
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед