logo

фарҳанг

ДАР ӮСТ, ҲАР ОН ЧӢ ДАР ӮСТ. ЧАНД МУЛОҲИЗАЕ ОИД БА АСАРИ МАВЛОНО «ФИҲӢ МО ФИҲӢ»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ - «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» дар Душанбе, дар рӯзҳои 6 - 7 сентябри соли 2007 бахшида ба 800 - умин солгарди мавлуди донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207 - 1273) буданд, дар китоби хеш “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” барҳақ зикр кардаанд: «Дар ҷараёни омодагӣ ба ин ҷашни бузург осори ҷовидонаи Мавлоно – «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» ва «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ба табъ расида, намунаҳои гуногуни чакидаҳои хомаи ин мутафаккири амиқназар дар шаклҳои мухталиф – мунтахабот, қитъаот, тарҷумаҳо ва ғайра дастраси доираи васеи хонандагон гардиданд. Ҳадафи аслии мо аз иҷрои ҳамаи ин чорабиниҳо шинохти амиқ ва беҳтарин ганҷинаи афкор ва корномаи инсонгароии Мавлавии Кабир, истифодаи оқилона ва босамари он дар тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии миллат ва рушду камоли маънавияти ҳар фарди Ватан буд ва ин кор минбаъд низ идома хоҳад ёфт».
Барои расидан ба ҳадафи зикршуда бошад, бояд осори ин мутафаккир, ки на танҳо дар омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти муаллиф, балки дар таҳқиқи  рушди илму фарҳанги тоҷик аҳамияти хосса дорад, ба таври мукаммал ба нашр расонда шавад. Хушбахтона, дар солҳои охир дар ин самт қадамҳои устуворе гузошта шуданд. Аз ҷумла, «Маснавии маънавӣ», ки дар баҳодиҳии ҷаҳонбинии умумии мутафаккир ҳамчун манбаи нахустин хидмат мекунад, дар соли 2001 бо хатти кирилиасоси тоҷикӣ пурра дар як муҷаллад ба чоп расид. «Девони Шамс» ё «Куллиёти Шамси Табрезӣ» низ, ки фарогири 42000 байт аст, дар чор ҷилд бо хатти кирилиасоси тоҷикӣ дар солҳои 2007 - 2009 комилан нашр гардид. Ду асари мансури Мавлоно - «Маҷолиси сабъа» (мавзӯъҳои дар вохӯриҳои Мавлоно бо доираи васеъи мардум матраҳшуда) ва «Мактубот» (фарогири 144 номаи мутафаккир ба фарзандон, хешу табор, ёру дӯстон, амирону вазирон, малику маликаҳо ва ё ашхоси дигар) дар таърихи илму фарҳанги тоҷик бо хатти кирилиасос бори аввал мутаносибан дар солҳои 2014 ва 2017 ба табъ расиданд.
Чунонки дар ибтидо қайд гардид, асари охирини Мавлоно - «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ҳам дар соли 2007 бо хатти кирилиасоси тоҷикӣ баргардон ва ба табъ расонда шудааст, вале он мунтахаб аз ин асар буда, ҳамагӣ сеяки матни аслии асарро дар бар мегирад.
Бо сабабҳои дар боло зикршуда, матни «Фиҳӣ мо фиҳӣ» аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шакли пурра баргардон шуда, ба наздикӣ ба нашр мерасад. Қобили зикр аст, ки ин асар дар шакли мансур буда, муаллиф онро дар пайравии «Маориф» - и падараш Баҳоуддини Валад эҷод кардааст. Ин асар дар шакли дастхат бо номҳои «Китоби фиҳӣ мо фиҳӣ» ё «Асрор - ул - ҷалолия» низ маъруф аст. Дар дафтари панҷуми «Маснавии маънавӣ» худи Мавлоно ин китобро бо номи «Мақолот» ёд кардааст. Вале он бештар бо номи «Фиҳӣ мо фиҳӣ» машҳур аст. Маънии номи асар таҳтуллафз аз тарҷумаи арабӣ «Дар ӯст, ҳар он чӣ дар ӯст» (ё «Дар он аст, он чӣ дар он аст») мебошад ва сарчашмаи ин ибораро дар маъхазҳо ва таҳқиқоти муосир ба таври гуногун тафсир кардаанд. Ба эътиқоде ин ибора  дар пайравӣ аз ояи қуръонӣ «ва ваҳй дод ба бандаи худ аз он чӣ ваҳй дод» эҷод шудааст. Аз ҷиҳати моҳият бошад, ин ибора мафҳуми машҳурро аз фалсафаи донишманди шинохтаи олмонӣ Иммануил Кант - «чизҳо дар худ» ба ёд меорад.
Доир ба мундариҷаи «Фиҳӣ мо фиҳӣ» низ муҳаққиқон ақидаҳои гуногунро баён кардаанд. Аз ҷумла, Бадеъуззамони Фурӯзонфар онро шарҳи «Маснавии маънавӣ» ҳисобидааст. Муҳаққиқи дигари эронӣ Ҷаъфар Мударрис Содиқӣ бошад, баръакс онро муқаддима ба «Маснавӣ» хонда, қайд менамояд, ки забони асар намунаи дурахшони соданависӣ ва «ёдовари насри покизаи асри Сомонӣ» аст.
Аз муҳтавои ин асар мо бо Мавлоно ҳамчун як устоди мадраса, бо вижагиҳои машғулиятҳояш бо шогирдон, шеваю усули дарсгӯии ӯ ва баъзе ҷанбаҳои ҷаҳонбинияш дар масъалаҳои фиқҳ, дин, фалсафа, ирфон, ахлоқ ва амсоли он ошноии бештар пайдо мекунем. Тамоми масъалаҳоро мутафаккир ба шогирдонаш тавассути мисол мефаҳмонад. Дар ин бобат худи ӯ мегӯяд: «сухан ба мисол равшан шавад, инро мисоле бигӯем, то шуморо маълум гардад».
Дар асоси маълумоти дар «Фиҳӣ мо фиҳӣ» мавҷуда метавон доир ба баъзе ишораҳои таърихию тарҷумаиҳолии муаллиф ва ҳаёти даврони ӯ низ қазоват намуд. Мавлоно дар ин асар дар Самарқанд буданашро зикр кардааст, муносибаташро ба истилогарони муғул кушодааст, оид ба равобити худ бо амирони Осиёи Сағир иттилоъ додааст ва ғайра.
Дар ин асар чун дар осори дигари хеш дар гуфтаҳои  Мавлоно  худшиносӣ мақоми муҳим дошта, ӯ шогирдонро бо насру назм ба шинохти моҳияти хештан ҳидоят менамояд:
Берун зи ту нест, ҳар чӣ дар олам ҳаст,
Дар худ биталаб, ҳар он чӣ хоҳӣ, ки туӣ.
Мавлоно пайваста дар саҳифаҳои «Фиҳӣ мо фиҳӣ» аз ишқу муҳаббат, рафоқату бародарӣ сухан мегӯяд ва тарғиби дӯстӣ байни мардумон намуда, парҳез аз адовату душманиро таъкид месозад: «Акнун чун метавонӣ, ки шабу рӯз гулу гулистон бинӣ ва риёзи Ирам бинӣ, чаро дар миёни хористону мористон гардӣ? Ҳамаро дӯст дор, то ҳамеша дар гулу гулистон бошӣ! Ва чун ҳамаро душман дорӣ, хаёли душманон дар назар меояд. Чунон аст, ки шабу рӯз хористону мористон мегардӣ».
Тарғиби ахлоқи ҳамида ва сифатҳои дигари неки инсонӣ низ дар ин асари мансури Мавлоно мавқеи махсус доранд. Вале чунин гуфтаи ин орифи оламгирро ёдовар гардида - «Беҳтарин суханҳо он аст, ки муфид бошад, на ки бисёр» умед мекунем, ки ба нашр расондани «Фиҳӣ мо фиҳӣ» дар шакли комил аз як ҷониб иқдоми неке дар иҷрои дастури Пешвои муаззами миллат оид ба нашри пурраи осори ин донишманди бузурги тоҷик хоҳад буд ва аз ҷониби дигар, ба ҳар як хонандаи тоҷик имконият фароҳам месозад, ки бо суханони ноби Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пурра ва мустақиман шиносоӣ пайдо намояд.
Зиёӣ ХУРШЕД, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба
номи Абдураҳмони Ҷомӣ, доктори илми фалсафа,
профессор

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 172

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед