logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. САФИ ОБОДКОРОН МЕАФЗОЯД

Дар ҷаласаи навбатии шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, ки  таҳти раёсати Нодираи Маҳмадисо, раиси ноҳия, раиси ин шӯро, баргузор шуд, саҳми соҳибкорон дар бунёди 74 иншооти хурду бузурги ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта назаррас арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар доираи иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Ҳукумати мамлакат соҳибкорони хурду миёна аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳаматарафа дастгирӣ меёбанд. Алҳол бо ташаббуси соҳибкорон ва саҳмгирии аҳолӣ 53 иншоот, аз ҷумла майдончаҳои варзишии замонавӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, маҷмааҳои хизматрасонӣ ва коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ сохта мешаванд. Дар татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018-2020, ки  191 лоиҳаро дар бар мегирад, соҳибкорон нақши калидӣ доранд. Ҳиссаи соҳибкорон дар таъмини бозори истеъмолии ноҳия бо маҳсулоти тару тозаи мавриди ниёз ва ғанигардонии буҷети маҳаллӣ низ назаррас аст. То 10 сентябри соли равон субъектҳои андозсупори бахши хусусӣ ба буҷет 1 миллиону 467 ҳазору 836 сомонӣ ворид намудаанд.
Муовини аввали раиси ноҳия Зулфиқор Рамазонзода, сардори нозироти андоз  Сайдаҳмад Раҳмонов, раиси кумитаи замин Назриддин Худойдодов,  роҳбари идораи минтақавии Барномаи рушди СММ дар ноҳияи Рашт Саймиддин Муҳиддинов ва соҳибкорон зимни суханронӣ оид ба беҳтар намудани фаъ-олияти соҳибкорӣ ва рафъи камбудиҳо пешниҳодҳои судманд ироа намуданд. Ҳамчунин, аз баъзе камбудиҳо дар фаъолияти  соҳибкорон интиқод шуд.  Соҳибкорон ваъда доданд, ки сохтмони иншооти ба зимма гирифтаро дар муҳлатҳои пешбинишуда ба итмом мерасонанд ва дар ободонию бунёдкориҳо ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегиранд.  
Боиси зикр аст, ки шӯрои машваратии назди раиси ноҳия оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ платформаи ҳамкории  бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ буда, ҳадафи асосии он рушди соҳибкорист.
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 104

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед