logo

иҷтимоиёт

ДАНДОН. ТАЛАБОТ БА САТҲИ ХИЗМАТРАСОНӢ ҚАТЪӢ МЕГАРДАД

Дар баробари муассисаҳои тандурустии давлатӣ, шумораи беморхонаҳои хусусӣ низ афзуда, ба беҳтаршавии хизматрасонии тиббӣ мусоидат карда истодаанд. Ҳоло дар мамлакат 58 беморхонаи хусусӣ, 22 маркази ташхис, 254 муассисаи стоматологӣ, 69 озмоишгоҳ, чор маркази дорусозӣ ва зиёда аз 2300 дорухона фаъолият доранд.
Дар байни муассисаҳои ёдшуда ҳолати баъзе аз клиникаҳои хусусии дандонпизишкӣ нигаронкунанда аст. Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки дар рафти табобати дандон бемор метавонад аз вирусу микробҳои зараровар сироят ёбад.
Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино масъалаи зикршударо таҳлил намуда, гуфтанд: «Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари муассиаҳои хусусии табобати дандон меъёрҳои соҳаи тандурустӣ риоя намешаванд ва қисми зиёди утоқу таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқат намекунад. Чунин вазъ боиси ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамоне мегардад, ки ба чунин муассисаҳо муроҷиат мекунанд».
Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва хадамоти тобеи онро вазифадор намуданд, ки барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.
Бино ба гуфтаи Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз 254 муассисаи стоматологӣ фаъолияти 28 адади онҳо муваққатан боздошта шуда, дар шаш ҳолат иштибоҳҳои тиббии дандонпизишкон ошкор гардид.
Дандон аъзои ҳассостарини организми инсон буда, сирояти онҳо ба бемориҳои гуногун осонтар аст. Аз ин сабаб, аз ҳар ҷиҳат ботаҷрибаю кордида будани табибони ин соҳа тақозо мешавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар 681 муассисаи тиббии хусусӣ ҳазору шашсад нафар табиб ва ҳазору панҷсад нафар кормандони миёнаи тиб кор мекунанд.
Саида Умарзода таъкид намуд, ки барои бартараф кардани камбудиҳо ва бозомӯзии дандонпизишкон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд ва назорату санҷиши ин соҳа дар оянда низ идома меёбад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 169

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед