logo

сиёсат

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ БАШАР. ТАНҲО ШИОРЕСТ, БАРОИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ

Муносибати дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ нисбат ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ сахт нигаронкунанда ва такондиҳанда аст. Аҷибтар аз ҳама он аст, ки САҲА худро яке аз созмонҳои адолатпеша ва муҳофизи ҳуқуқи башар ҳисобида, дар баробари ин гоҳо амалҳое анҷом медиҳад, ки хилофи арзишҳо ва принсипҳои ин созмонанд. Махсусан, дар ҳамоишҳои солонаи ин созмон оид ба ҳуқуқи инсон, ба фаъолони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ додани имконияти иштирок ва суханронӣ басо тааҷҷуббарангез ва боиси таассуф мебошад.
Ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ солҳои 90 - уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба фаъ-олият оғоз карда, сабаби ҷангу хунрезӣ гардид ва низоми сиёсию иқтисодии кишварро фалаҷ намуд. Қобили зикр аст, ки ин ташкилот аз бунёд зидди озодии инсон ва ҳуқуқи башар мебошад. Амалҳои  роҳбарият ва фаъолони ин ҳизб чи дар даҳаи охири асри гузашта ва чи пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати мо равона гардидаанд. Куштори шумораи зиёди зиёиён ва озодандешоне, ки ба онҳо аз ҷониби саркардагон ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ  тамғаи кофар зада шуда буд, далели гуфтаҳои болост. Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст. Ҳамин буд, ки дар он солҳо гурӯҳҳои ҷангию террористии худро созмон дода, бо хашинтарин шеваҳо  мардумро таҳқиру қатл ва ғорат намуданд.
Пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, гарчанде роҳбарияти ТТЭ ҲНИ зоҳири хешро иваз намуда, худро ба ҳайси як созмони демократӣ ба намоиш гузошта бошад ҳам, вале аз бартариҷӯии динию мазҳабӣ ва шеваи хушунат, ки ҳамеша зидди озодиву ҳуқуқҳои башаранд, даст накашид.
Наҳзатиҳо пайваста тариқи расонаҳои хабарии хеш мекӯшиданд, то ҷомеаро мазҳабӣ кунанд ва тадриҷан онҳо сабаби рушди хурофот, таассубзадагӣ ва инсонбадбинӣ дар ҷомеа гардиданд. Фаъолони ТТЭ ҲНИ фалсафаи ҷиҳоду шаҳодатро таблиғ намуда, сабаби пайвастани ҳазорон нафар ба гурӯҳҳои террористӣ гардиданд. Инчунин, онҳо дискриминатсияи  ҷинсиро таблиғ намуда, фаъолияти занонро дар ҷомеа маҳдуд мекарданд, бо роҳи таблиғи арзишҳои асримиёнагии мазҳабӣ занҳоро ба қишри ғайрифаъоли ҷомеа табдил доданӣ буданд. Моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби сарварони ин ҳизб кӯшиши ба вуҷуд овардани кудатои низомӣ ва ғасби ҳокимияти сиёсӣ ба амал оварда шуд. Хушбахтона, мақомоти дахлдори давлатӣ бо такя ба мардуми огоҳи кишварамон пеши роҳи ин хиёнати наҳзатиҳоро гирифтанд, аммо ин амали онҳо далели аз роҳи зӯрию террор даст накашидани ТТЭ ҲНИ буд.
Пас аз табаддулоти нокоми давлатӣ роҳбарони фирории ин ҳизб, ки ҷиноятҳои сангини зиддиинсонӣ содир карда буданд, дар Аврупо паноҳ бурданд ва бешармона ҳуқуқи башарро шиори хеш қарор дода, дар муқобили Тоҷикистон амалҳои манфури худро анҷом медиҳанд.  Онҳо аз ин роҳ «дукони тиҷоратӣ» боз карда, худро ҷабрдидаю мазлум нишон медиҳанд ва  сармоя ба даст меоваранд. Ин гурӯҳи шайёди дурӯғпеша то он ҷо ниқобҳоро ба рӯи хеш задаанд, ки агарчи дар тӯли фаъолияташон  фақат ҳуқуқҳои инсонро поймол кардаанду онро бо роҳи хушунату таҳқир ва ҷисман аз байн бурдан ба барда табдил додаанд, имрӯз дар дили Аврупо ва дар САҲА аз ҳуқуқи башар ва аз ноадолатӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезананд. Аҷиб ин аст, ки намояндагони САҲА дидаю дониста аз ҳамин гурӯҳи террористӣ ва зиддиинсонӣ ҳимоят мекунанд. Вале бояд дониста бошанд, ки ин гурӯҳи фурсатталаб аз ҳадафҳои нопок, терроризм, таҳаммулнопазирии ақидатӣ ҳеҷ гоҳ даст намекашанд. Ҳатто дар муносибтарин фурсат ба аврупоиён ва ормонҳои аврупоӣ, ки яке аз онҳо арҷ гузоштани ҳуқуқи башар аст, хиёнат хоҳанд кард. 
Набояд лафзбозӣ ва суханпардозиҳои онҳоро ба ҳайси ҳақиқат пазируфт. Зеро хислатҳои шайёдӣ, маккорӣ, дурӯғпардозӣ аз усули меҳварии онҳост. Аз ин рӯ, САҲА бояд ин гурӯҳро аз назари бунёдӣ, идеологӣ ва амалкардҳое, ки аз замони зуҳураш то ба имрӯз анҷом додааст, мавриди баррасӣ ва омӯзиши дақиқ қарор бидиҳад. Зеро ин гурӯҳи хатарнок ҳар замон метавонад қиёфаи аслии хешро ба намоиш дарорад ва аз ҷониби дигар набояд ба суханбозиҳои сиёсии роҳбарони ин ҳизб, ки айни ҳол аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд ва ба амалкардҳои онҳо ҳамеша дар мухолифат қарор мегирад, зоҳирбинона назар афканд. Инҳо ҳам мисли ҳамон «ДИИШ» - анд, ки айни ҳол аслиҳа надоранд ва аз рӯи зарурат ҳуқуқи башарро шиори худ қарор додаанд.
Эҳсони ИЛҲОМ

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 123

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед