logo

иҷтимоиёт

ЧАРО СӮЗИШВОРӢ АРЗОН ШУДУ РОҲКИРО НЕ?

Ду моҳ қабл дар қаламрави кишвар нархи сӯзишворӣ, хусусан гази моеъ, якбора  боло рафт. Арзиши 1 литри он аз 3,50 ба 5,20 сомонӣ расид. Коршиносон омили асосии  боло рафтани нархи сӯзишвориро дар ноустувории қурби асъорҳои миллии кишварҳои ҷаҳон дар муқоиса бо доллари ИМА арзёбӣ карданд. Баробари боло рафтани нархи сӯзишворӣ арзиши роҳкиро низ қариб ду маротиба афзуд. Аммо, саволи матраҳ он аст, ки чаро ҳоло нархи сӯзишворӣ поён фаромадаасту аз роҳкиро не?
Аз чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дидан кардем. 18 сентябри соли 2018 дар ин нуқтаҳо арзиши 1 литр гази моеъ 4  сомонӣ, бензин 7,80 ва солярка 8 сомониро ташкил медод, яъне қариб як моҳ боз арзиши гази моеъ аз 5,20 то 4 сомонӣ поин фаромадаасту нархи роҳкиро ҳамоно дар қолаби пештара боқӣ мондааст.
Ҳоло дар минтақаи Кӯлоб 7 терминали мусофиркашонӣ ва 12  терминали ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.Тавре Ҷамолиддин Ятимов, сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб, зимни суҳбат иттилоъ дод, ронандагоне, ки соҳиби иҷозатнома (литсензия) нестанд, ҳаққи мусофиркашонӣ надоранд. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки вазифаи аввалиндараҷаи кормандони раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт, хатсайру терминалҳои фаъолияткунанда ва нигоҳдории пулҳо мебошад. Айни ҳол дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб қариб 2000 ронандаи воситаҳои нақлиёти мусофиркаш бо иҷозатнома фаъолият мекунад. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ нисбати 2344 ронандаи воситаи нақлиёт, ки бе иҷозатнома амал мекарданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд ва  маблағи ҷарима 370 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад.
Дар чорроҳаи назди филиали бонки «Эсхата» (роҳи нақлиётгарди ин макон ҳоли ҳузнангез дорад) ронандагон ба деҳаҳои Пушёни Боло, Пушёни Поён, Осмонбика, Ғелот ва дигар деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Восеъ, дар қисмати дигари роҳ (канори «Хонаи бахт»)  ронандагон ба деҳахои гирду атрофи шаҳри Кӯлоб, (Сангпар, Ҳакимобод, Бахтобод, Чашмасор) мусофир мекашонанд. Аммо, аксари онҳо литсензия надоранд. Пас, кӣ ба онҳо ҳуқуқи мусофиркашонӣ додааст?
Айни замон дар хатсайрҳои дохили шаҳри Кӯлоб роҳкиро як меъёри муайян надорад. Ҳатто ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам аз пеши худ чӣ гунае хоҳанд, нарх мегузоранд.
Ин ҳол то кай идома меёфта бошад?
Исломи РАҶАБАЛӢ, сокини шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 99

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед