logo

сиёсат

ДАРВОЗ. ДАСТОВАРДҲО АЗ БАРАКАТИ ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД

Ташрифи  навбатии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рӯзҳое рост омад, ки сокинони кишвари азизамон 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо рӯҳу илҳоми тоза ва бо шукргузорӣ аз давлату миллати хеш ботантана ҷашн гирифтанд. 
Воқеан, аз файзи сиёсати  Сарвари давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гардидем. Бузургтарини онҳо, аз ҷумла пойдор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, кушодашавии роҳи Кӯлоб- Қалъаихумб - Хоруғ - Қулма - Қароққурум ва сохтмони ҳазорон километр шоҳроҳҳои замонавии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб,  сохтмони нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Хатлон ва Шаҳристон, сохтмони неругоҳҳои барқии обии Сангтӯда -1 ва Сангтӯда - 2, Помир -1, идомаи босуръати неругоҳи азими аср - Роғун кушодашавии даҳҳо донишгоҳу донишкадаҳои нав ва филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ дар кишвар мебошанд.
Боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки пешниҳодҳои Президенти мамлакат аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи масъалаҳои ҳалталаби ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дастгирии амиқ пайдо намудаанд.
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба зиёд гардидани шумораи сайёҳон ба кишвар мусоидат намуда, дар ин раванд барои муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар байни сокинони дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони ҷумҳурӣ ва боло рафтани иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.
Бешак, ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳо туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.   
Чуноне ки ҳамагон медонем, ҳар ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар гӯшаи Ватан ободиву созандагӣ ва шукуфоӣ меорад.
Дар ноҳияи мо низ пас аз ташрифҳои Пешвои миллат созандагию ободкориҳои зиёд рӯйи кор омаданд. Аз ҷумла, сохт-мони бинои шашошёнаи меҳмонхонаи «Карон - Палас», биноҳои филиали «Тоҷиксодиротбонк», комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи Агентии мубориза бар зидди маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои чорошёнаи дорои маркази савдо ва хонаҳои истиқоматӣ, бинои панҷошёнаи маркази савдои «Нидо» дар маркази ноҳия, корхонаи «Карон-мармар», бинои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва майдонҳои варзишии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии «Авесто - Арена» дар деҳаи Даштак ва «Карон - Арена», «Ахтари меҳр» дар деҳаи Сағирдашт, корхонаҳои дӯзандагии «Меҳри Модар» дар деҳаи Умарак, толорҳои варзишии замонавӣ дар маркази ноҳия ва деҳаҳои Зинг, Ёгед, Сағирдашт, Қалъаиҳусайн, инчунин, сохтмони садҳо муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангию маишӣ далели ин гуфтаҳост.
Тибқи дастуру супоришҳо ва дастгирии Сарвари давлат имсол дар ноҳия биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимии № 8 дар деҳаи Рузвай, №41 дар деҳаи Паткуноб ва боғи хеле зебои Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудаанд. Дар рӯзи ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия бо буридани лентаи рамзии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат ин иншооти хеле зебову назаррабо ба фаъолият оғоз намуданд. Ин ҳама, албатта, зебоӣ ва шукӯҳи ноҳияро афзуданд.
Мардуми бофарҳанги ноҳияи Дарвоз доимо шукронаи Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллиро намуда, сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишварро якдилона дастгирӣ намуда, миннатдории хешро ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириашон дар ободию шукуфоии диёри зебоманзари Дарвоз баён намуда, ҳамзамон саломатӣ, сарбаландӣ, хушбахтӣ, барори кор ва ободии рӯзгорашонро таманно менамоянд.
АБДУРАҲМОНЗОДА Саидбурҳони Саидраҳмон,
раиси ноҳияи Дарвоз, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 92

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед