logo

сиёсат

САУД БИН АБДУЛЛО АЛ МУЪҶАБ: "ТОҶИКИСТОН ЯКЕ АЗ КИШВАРҲОИ ОРОМУ ОСОИШТА ВА ОБОДУ ХУРРАМ ДАР ҶАҲОН АСТ"

Тавре иттилоъ дода будем, 20 сентябри соли равон дар Қасри миллат мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Прокуророни генералӣ бо ҳадафи ширкат дар кори ҷаласаи 28 - уми Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷаласаи 16 - уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе қарор доштанд.
Дар ҷаласаҳо масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, таҳдидҳои терроризму экстремизм ва мушкилоти амниятӣ дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти барои ҷамъият хавфнок дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор доштанд.
Сауд бин Абдулло ал Муъҷаб, Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки ба ҳайси меҳмон дар ҷаласаҳо даъват шуда буд, таассуроташро аз кишвари мо чунин баён намуд, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад:
Шарафмандам, ки бо гурӯҳи кориамон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои ИДМ ва прокуророни генералии кишварҳои аъзои СҲШ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадем. Мо бо Президе нти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманду пурарзиш доштем. Ҷаноби Президент прокуратураро яке аз сохторҳои муҳимтарини дастгоҳи давлатӣ ва ҷомеаи қонунӣ арзёбӣ карда, изҳори умед намуданд, ки ҷаласаҳои доиршуда барои табодули таҷриба ва муайян кардани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак ҷиҳати тақвияти волоияти қонун, амният ва субот дар кишварҳо имкон фароҳам меорад. Ҷонибдории худро ба ин андешаи Ҷаноби Президент изҳор намуда, гуфтаниям, ки ин мулоқот барои мубодилоти таҷрибаи корӣ дар соҳаи прокуратура муҳим аст. Мамнунам, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи олӣ, ҷавобгӯ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ ташкил ва гузаронда шуд.
Дар хотимаи сафари кориам ба ин кишвари меҳмоннавоз мехоҳам сипоси худро баён намоям. Бо мамнуният ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба сатҳи баланд расондани муносибати ҳасана байни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоям.
Мо дар доираи сафар ба Тоҷикистон аз вилояти Суғд боздид кардем. Дар он ҷо мардуми ҳунарманду бунёдкорро дидем, ки ба ҳунарҳои қадимаи миллии худ арҷ мегузоранд. Ҷойҳои таърихиро тамошо карда, пешравиҳои зиёдеро мушоҳида намудем. Воқеан, сарзамини гуҳарбори тоҷикон, бо обу ҳавои роҳатбахш, дарёву чашмаҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш, кӯҳҳои сарсабзу қуллаҳои осмонбӯс, роҳҳои мумфаршу обод, боғҳои шаҳдофарин мафтункунанда аст, ки мо шоҳиди ин ҳақиқат будем.   
Воқиф гаштем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Ин ташаббуси хубест, чунки он чизҳое, ки ман дар ин сарзамин дидам, бароям гуворо буд ва аминам, ки меҳмонони ба Тоҷикистон омада танҳо диду хотираҳои нек бо худ мебаранд. Меҳмоннавозии хоси тоҷикона, шаҳрҳои бостонӣ ва ёдгориҳои зиёди таърихӣ аз бузургии ин миллату ин кишвар далолат медиҳанд. Ман Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳон яке аз кишварҳои орому осоишта ва ободу хуррам мешиносам.
Ҳамеша барои ин кишвари азиз пешравию шукуфоӣ ва ба мардуми шарифаш амониву сарбаландӣ орзумандам.
“Ҷумҳурият”

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 210

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед