logo

ҳуқуқ

НИГАРОНӢ. ҚОНУНШИКАНӢ ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН КОҲИШ НАЁФТААСТ

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳафт сол сипарӣ мешавад. Мутаассифона, то имрӯз муқаррароти қонуни мазкур аз тарафи баъзе  падару модарон ва масъулон ба пуррагӣ риоя намегардад.
Тавре Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, тибқи омори расмӣ дар 8 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ва зерсохторҳои он 3856 рейд ва амалиётҳои муштарак таҳти номгӯи шартии «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда» гузаронда шудааст. Дар натиҷа 12130 нафар ноболиғ барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун, аз ҷумла оворагардӣ 3236, талбандагӣ 505, кашидани бор дар бозорҳо 352, ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти мусофиркаш 259, шустани воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнагардида 411, дар вақти дарс машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ 2614, ноболиғони бепарастор 89, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ 25, фурӯшандагӣ дар ҷойҳои муқаррарнагардида 658, дуд додани сипанд 248 ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо 3727 нафар муайян шуда, ба ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳозир карда шуд.
Барои мисол, 24 сентябри соли 2018 тахминан соатҳои 19:00 дар асоси нақша-чорабиниҳо оид ба гузарондани амалиётҳои шабона ва рӯзона бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ амалиёт доир гардид. Зимни гузарондани он маълум гардид, ки шаҳрванд Сафарбек Сайфиддинов, сокини Ҷамоати деҳоти Чимтеппа, дар таҳхонаи мағозаи хӯроквории маҳаллаи Гулбутта, воқеъ дар назди МТМУ № 59, ноҳияи Рӯдакӣ маркази бозиҳои компютерӣ кушода, дар он ҷо 19 адад компютер гузоштааст, ки аксари мизоҷонаш ноболиғон мебошанд.
Аз маркази зикргардида 18 нафар ноболиғ ва ҷавон ҳангоми машғул будан ба бозиҳои дорои хусусияти зуроваридошта, ки ба майнаи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад, муайян шуда, ба таҳвилгоҳи ноболиғони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҳозир карда шуд. Сипас, нисбат ба волидонашон барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» протоколҳои маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд.
Тавре муайян гардид, ҳамаи ноболиғони ҳозиршуда хонандагони МТМУ № 59 ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Дар рафти чорабинӣ ба соҳибмулк Сафарбек Сайфиддинов барои вайрон намудани талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 510, яъне барои беиҷозатнома фаъолият намудан, протокол тартиб дода шуд.  
Ғайр аз ин, дар 8 моҳи соли 2018 аз тарафи ноболиғон 665 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 225 ҳолат зиёд аст. Дар 665 ҳолати ҷиноят 540 нафар  ноболиғ иштирок намудааст.
Тибқи таҳлилҳо сабабу омилҳои зиёдшавии ҷиноят дар байни ноболиғон ва ҷавонон ин аз тарбияи падар ё модар маҳрум гаштани ноболиғон, яъне ҷудо шудани оилаҳо аз ҳамдигар, дастрасии ноболиғон ба шабакаи интернетӣ тавассути телефонҳои мобилӣ ва дар кафе - интернетҳо, дар оилаҳои носолим тарбия гирифтани ноболиғон, зиёд гаштани филмҳои хусусияти ғайритарбиявидошта, ки ба насли наврас таъсири манфӣ мерасонанд ва амсоли инҳо мебошад.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2018    №: 189    Мутолиа карданд: 144

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед