logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИТУЗ. РӮЗИ САЙЁРИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ноҳияи Шаҳритуз рӯзи сайёри қабули шаҳрвандон баргузор шуд.
Мавсуф зикр кард, ки мақсад аз сафар ба ноҳияи Шаҳритуз қабулу шунидани арзи шаҳрвандон дар маҳал мебошад. Зеро на ҳама имкони ба маркази вилоят рафтану арзи худро расондан дорад. Ва илова кард, ки тамоми арзу шикоятҳоро дар доираи салоҳияти худ дида мебароем ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ба суолҳоятон посух хоҳанд гуфт. 
Анора Шарифова, сокини Ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз, баён дошт, ки на ҳамаи сокинони ноҳия имкони дидани телевизиони вилоятро доранд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки барои беҳтар паҳн кардани мавҷи телевизиони вилоятӣ дар ноҳия мусоидат карда шавад.
Раиси вилоят иброз дошт, ки ин масъала воқеан мушкили ҷиддист ва барои ҳалли он вақт лозим аст. Аз ин хотир, он мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз натиҷаҳояш тариқи хаттӣ маълумот дода хоҳад шуд.
Хайриддин Ғуломҳайдаров, раиси собиқадорони меҳнати ноҳия, аз он изҳори ташвиш кард, ки пули болои дарёи Кофарниҳон солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, таъмирталаб мебошад, аммо, мутаассифона, он то ҳанӯз азнавсозӣ нашудааст.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба ин масъала ба идораҳои дахлдор супориш дод, ки роҳи ҳалли ин мушкилиро пайдо намоянд. Ва  афзуд, ки  барои мусоидат ба Вазорати нақлиёт дархост пешниҳод карда шавад.
Махфират Сайраҳмонова, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Идибек”, аз раиси вилоят хоҳиш намуд, ки баҳри анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳудуди ноҳия чораандешӣ шавад, зеро дар мавсими баланд шудани сатҳи об заминҳои зиёде дар ноҳия хисорот мебинанд.
Раиси вилоят зикр кард, ки ин масъала таҳти назорати роҳбарияти вилоят қарор дорад. Ба хотири пешгирӣ  намудани чунин ҳолатҳо мо бо шарикони рушд гуфтушунид дорем. Бо итминон метавон гуфт, ки дар доираи лоиаҳои инвестсионӣ ба ҳалли ин масъала даст хоҳем ёфт. Имсол татбиқи лоиҳаи “Фарғона” шурӯъ хоҳад шуд ва як қисмати ин лоиҳа дар ноҳияи Шаҳритуз амалӣ карда мешавад.
Ба ҳамин тартиб,  боз ҳашт сокини ноҳия бо масъалаҳои гуногун муроҷиат карда, аз раиси вилоят посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баъзе масъалаҳои ҳалталаби хоҷагии халқи ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва Носири Хусравро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла, мавсуф аз суръати пасти  ҷамъоварии ҳосили пахта, пошхӯрии оилаҳо ва корҳои сусти ободонӣ дар ин ноҳияҳо изҳори нигаронӣ намуд. Аз ин лиҳоз, раиси вилоят ба раисони навоҳии Шаҳритуз, Қубодиён, Носири Хусрав, роҳбарони ҷамоатҳо ва дигар роҳбарони ташкилоту идораҳо дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф созанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2018    №: 189    Мутолиа карданд: 210

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед