сиёсат
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сарвари кишвари дӯсту ҳамсоя бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овард.
Сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон барои рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар бобарору судманд хоҳад буд. Зимни ин сафар, дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳо ҳолати кунунии равобити дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дурнамои неки он муайяну мушаххас мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар мулоқоти самимию созанда масъалаҳои таъмиқи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати дӯсту бародари Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, имкони дидору мулоқотро дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омили муҳими таконбахши робитаҳои анъанавии мардумон арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки мо ба сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ҳамсояи наздик ва кишвари бародари Ӯзбекистон афзалияти бештар медиҳем. Дар як муддати кӯтоҳ бо иродаи қавии сарони давлатҳо ва хоҳишу талошҳои мардумони ҷумҳуриҳо маҷмӯи мушкилоти ҳалталаб аз байн бардошта шуд.
Сарони давлатҳо сафарҳои давлатии ҷавобии худро ба кишварҳои ҳамдигар натиҷагирӣ карда, аз раванди татбиқи санадҳои зимни сафарҳо имзошуда, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафҳои созандаи сарони давлатҳо, аз ҷумла масъалаи сохтмони ду неругоҳ дар дарёи Зарафшон, таъсиси филиали ширкати “Артел” дар Тоҷикистон ва дигар иқдомоти нек, ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек равона гардидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки таҳияву татбиқи лоиҳаҳо ва тавсеаи ҳамкории бахшҳои тиҷорату иқтисод, муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни кишварҳо таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон қарор доранд ва барои баҳрабардорӣ аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Барои татбиқи ин ҳадафҳо заминаи мусоиди ҳуқуқию қарордодӣ, захираҳои моддӣ ва неруи инсонӣ, анъанаҳои накуи таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мавҷуд аст.
Дар охир изҳори умед карда шуд, ки ҷонибҳо бо талошҳои муштарак ба масъалаи ҳалли мушкилот ва рушди бемайлони муносибатҳои ҳамкорӣ ноил мегарданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.09.2018 №: 189 Мутолиа карданд: 137