logo

Хабарҳо

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Қонуншиканҳо ҷазо мегиранд!

Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   таъмини  ғизои босифат – кафили солимии ҷомеаро яке аз  мақсадҳои  асосии худ   қарор  додааст.  Дар ин замина,  раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе   ва шаҳру ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ  ваколатдори таъмини бехатарии озуқаворӣ   дар бозорҳои истеъмолии  ин  минтақаҳо  (сарфи назар аз шакли моликият) мебошад.  
Бобошо  Қармишев,  сардори   раёсат,  вазъи нигоҳдорӣ ва назорати сифати маҳсулотро дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе  шарҳ дода, иброз дошт, ки бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ дар  бозорҳо озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ фаъолият менамоянд, ки ҳамарӯза маҳсулоти ба бозорҳо воридшударо аз ташхис мегузаронанд.     
Кормандони  озмоишгоҳҳо  дар ҷараёни санҷиш  966 ҳолати мавҷудияти  бемориҳои фатселлиёз  ва эхинококкозро дар   маҳсулоти гӯштӣ  муайян намуданд. Дар натиҷа, 2469,9 кг  гӯшти   гов  аз фурӯш боздошта,   безарар гардонда шуд. 142  ҳолати   савдои шири пастсифат  ва  маҳсулоти ширии  ба  саломатӣ хавфнок ва 180  ҳолати  савдои мева, буттамева,  меваи  хушк ва   консервшудаи  ба саломатӣ хавфнок  ошкор гардид. Дар натиҷа  фурӯши 5984,8 кг  ширу  маҳсулоти ширии пастсифат ва  7523,5 кг  мева  боздошта шуд. Ҳамчунин, мутахассисони раёсат 16 ҳолати савдои  намаки ғайристандартӣ, 29 ҳолати савдои  маҳсулоти  полизии хавфнок  ва 3 ҳолати  савдои тухми хавфноки парандаро  ошкор карда,  фурӯши 683 кг намак,  8570 кг  маҳсулоти полизӣ  ва 2600  дона тухмро боздоштанд.
Дар натиҷаи гузарондани санҷишҳои нақшавӣ, дар марказҳои савдо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот  низ  камбудиҳои зиёд, хусусан дар бахши нигоҳдории маҳсулот, рӯи об баромаданд. Барои риоя накардани талаботи  нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулот  нисбат ба  228 нафар шахси воқеию  ҳуқуқӣ дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ оғоз  гардид. 
Иронбӣ МӮСОЗОДА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 85

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед