logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. РОҲАНДОЗИИ ТАДБИРҲО ДАР ҲОШИЯИ ДАСТУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар доираи тадбирҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолияти қариб 30 дӯкони хидматрасонии маишӣ ва тиббиро то замони рафъи камбудиҳо боздошт.
Ин тадбир дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз вазъи ногувори баъзе  ҳуҷраҳои хусусии  стоматологӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо ироа доштанд, роҳандозӣ гардид.
Сарраёсат се гурӯҳи корӣ таъсис дод ва аз 18 то 24 сентябр фаъолияти 13 ҳуҷраи стоматологӣ, 29 сартарошхона ва 20 кошонаи ҳусни шаҳри Бохтар мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Ҳангоми санҷиш дар ин коргоҳҳо камбудиҳои зиёд, аз қабили ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани ҷои корӣ, риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории доруворӣ ва мувофиқат накардани ҳуҷҷатгузорӣ ба талаботи меъёрию ҳуқуқӣ ошкор гардиданд. Ҳамчунин, асбобу дастгоҳҳои кории сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн ва қисме аз ҳуҷраҳои хусусии стоматологӣ ба таври бояду шояд безарар гардонда намешаванд, ки ин ҳолат метавонад ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ мусоидат кунад.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи санҷиши шашрӯза фаъолияти 18 сартарошхона, 7 кошонаи ҳусн ва 1 ҳуҷраи стоматологӣ то бартараф кардани камбудиҳо манъ карда, нисбат ба вайронкунандагони талаботи меъёрию ҳуқуқӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд.
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 128

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед