logo

сиёсат

ПАЁМЕ, КИ САРОҒОЗИ ДИПЛОМАТИЯИ МУОСИРИ ТОҶИК ШУД

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Бешак, дар раванди шаклгирии давлати навини тоҷикон ва рушду камол ёфтани он нақши дип-ломатия ва равобити хориҷӣ басо муассир аст. Ҳарчанд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи майи соли 1944 таъсис ёфта буд, аммо ин муассиса танҳо вазифаи ҳалли баъзе масъалаҳои ташрифотиро бар дӯш дошт, на танзими сиёсати хориҷӣ ва нақшофарӣ дар арсаи байналмилалиро. Бинобар ин, сиёсати хориҷии мо, барқарории равобити байналмилалӣ ва, умуман, роҳандозии фаъолияти дипломатӣ танҳо дар даврони истиқлолият муяссар гардид, ки бегумон Пешвои миллат меъмор ва бунёдгузори он ба шумор мераванд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлати навини тоҷикон нахустин бор 29 сентябри соли 1993 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистонро, ки аз таъмини оромишу субот дар кишвар ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои олам иборат буд, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Ин суханронӣ, аз як тараф паёме ба ҷаҳониён аз вуҷуди давлати мустақили тоҷикон бо нақшаву барномаҳои мушаххас барои оянда буда, аз тарафи дигар самти минбаъдаи сиёсати хориҷии давлати моро муайян кард. Ба ҳамин хотир, санаи мазкур чун ҷашни касбии дипломатияи тоҷик муайян гардида, дар тақвими ҷашнҳои кишвар “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” номгузорӣ шудааст.
Дар оғози баромади худ дар Иҷлосияи 48 - уми Ассамблеяи генералии CMM Пешвои миллат ба таъсиру эътибори иқдомоти CMM дар ҷодаи таъмини сулҳу субот ва амният дар ҷаҳон таъкид намуда, омодагии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба ҳамкории мустаҳкаму самарабахш бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва муассисаҳои он зикр намуданд.
Зимни баромад Пешвои миллат бо ишора ба сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, амалҳои гунаҳкорони ин ҷангро таҳдиди дағалона ба пояҳои сохти иҷтимоиву сиёсӣ ва волоияти қонун дар кишвар донистанд. Дар баробари ин, Пешвои миллат аз қадамҳои нахустини таҳкими давлатдорӣ, муқаррар намудани сулҳу осоиш ва барқарор кардани низоми конститутсионӣ тавассути истиқрори мақомоти ҳокимият ва идоракуниву таъмини фаъолияти таъсирбахши онҳо дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки ин тадбирҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ чун башорати ояндаи неки Тоҷикистон қабул гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он давраи озмоишҳои сахт тамоми тадбирҳоро барои оташбаси ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, баргардондани гурезагон ва муҳоҷирони маҷбурӣ ба ҷойи иқомати доимӣ, барқарор намудани ҳазорҳо хонаҳо, ки бар асари ҷанг хароб гашт, боз доштани пастшавии иқтисодиёт, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди Тоҷикистон, муттаҳид намудани халқ ба кор мегирифт ва умеду боварии мардумро ба ояндаи неки кишвар истеҳком бахшид. Чунин иқдомҳои Ҳукумат боис гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳазорҳо гурезагон ба Ватан ва макони истиқоматашон баргарданд.
Аҳамияти таърихии ин суханронӣ на танҳо дар он буд, ки Пешвои миллат ҳамчун аввалин Роҳбари давлати тоҷикон аз минбари СММ сухан ронда, миллатро ба ҷаҳониён муарифӣ намуданд, балки ба он хотир низ буд, ки он шабу рӯз, пас аз як давраи муқовиматҳои шадиди мусаллаҳона дар кишвар, давлатҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонданд, ки акнун ҳукумате дар Тоҷикистон рӯи кор омадааст, ки ирода, тавон ва зарфияти таъмини сулҳу субот ва пайвастан ба ҷараёни инкишофи байналмилалиро дорад.
Ба вуҷуд овардани ваҳдат дар кишвар, агарчӣ як амри дохилист, вале корҳои бузурге, ки аз тарафи Пешвои миллат то расидан ба сулҳ ва баъд аз он анҷом шуданд, яъне сарҷамъ намудани миллат, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, ҳал кардани низоъ аз роҳи гуфтугӯ, дар равандҳои сиёсии кишвар ва тасмимгириҳои муҳим шарик кардани ҳамаи мардум, ба шумули мухолифини то дирӯз мусаллаҳ ва дар ҳоли ҷанг, талошҳои содиқона дар роҳи сулҳ ва ҳатто ба хатар андохтани ҷони худ дар ин роҳ, обод сохтани харобаҳои ҷанг дар як муддати кӯтоҳ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, аз як кишвари ҷангзада ба амнтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил додани Тоҷикистон сабаб шуданд, то Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои типи нав шинохта шавад. Пешвое, ки тавонист дар амал ба орзуву омоли мардуми кишвараш ҷомаи амал пӯшонад. Табиист, ки ин гуна фазо ва ин гуна эътирофи ҷаҳонии Пешвои мо боиси болоравии имиҷи сиёсии кишвар гардида, заминаи мусоиде барои рушди дипломатия ва пешбурди равобити байналмилалӣ фароҳам овард.
Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки асосгузори он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода намуда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли собиқ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.
Имрӯзҳо вақте матни ин суханронии таърихиро бори дигар мутолиа мекунем, дармеёбем, ки Пешвои миллат дар он рӯзҳои душвори соли 1993, ки ҳанӯз низои дохилӣ домони кишварро раҳо накарда буд, барномаи мукаммали берун кашидани Тоҷикистонро аз вазъияти буҳронӣ омода карда ва рӯи даст доштанд. Дар ин суханронӣ ҳам таҳлили вазъи онрӯзаи кишварро мебинем, ҳам сабабҳои сар задани низоъро ва ҳам роҳи бурунрафтро. Ба иловаи он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар атрофи чанд масъалаи муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла фаъолияти худи СММ назари хосси худро баён доштанд.
Дар он айём ба даст овардани эътимод ва ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи сулҳсозӣ ва пешбурди давлат барои кишвари тозаистиқлол, ношинохта ва даргири ҷанг кори осон набуд, вале Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи ин кор баромаданд ва ҷомеаи ҷаҳониро қонеъ кунонданд, ки метавонанд ҳадафҳои дарпешгузоштаи худ ва мардуми хешро амалӣ созанд. Ин буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи дурусти Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан сиёсати прагматикӣ ва устувори хориҷии онро эътироф намуда, ба мо ҳамаҷониба ёрии худро расонданд.
Нуктаи дигаре, ки Пешвои миллат дар суханрониашон зикр намуданд, муносибат бо Федератсияи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Нақши муҳими ин кишварҳо дар бобати ба эътидол овардани вазъияти кишварамон хеле бузург аст. Роҳбари давлати Тоҷикистон аз минбари СММ ба ин давлатҳо, инчунин ба ИМА ва ба мамолики дигари Аврупою Осиё, ки дар рӯзҳои барои кишвари мо даҳшатангез дасти ёрӣ дароз карданд, изҳори ташаккур намуданд. Амалияи муносибатҳои Тоҷикистон бо ин давлатҳо дар солҳои баъдӣ собит кард, ки кишвари мо бо роҳбарии Пешвои миллат дар ҷодаи дӯстиву бародарӣ ва ҳамкориву шарикӣ ҳамеша содиқ ва собитқадам буд ва мемонад.
Дар интиҳо Роҳбари давлат тазаккур доданд, ки халқи тоҷик дар роҳи ташаккули давлатдории худ душвориҳои азимро аз cap гузаронда бошад ҳам, ба оянда назари неку эътимоди комил дорад ва барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ, ки, албатта, дар байни мамолики мутамаддини ҷаҳон мақоми муносиб пайдо мекунад, қувваю ғайраташро дареғ намедорад.
Пӯшида нест,  ки даҳаи аввали истиқлолият дар Тоҷикистон асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сипарӣ шуд. Бo гузаштан аз ин марҳила, ки марҳилаи аввали пас аз истиқлол буд, Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо эълони «сиёсати дарҳои кушода» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуданд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.
Кишвари мо дар муддати кӯтоҳе ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард. Соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боло рафтани эътибори байналмилалии давлат гардид. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард, баробарҳуқуқию дӯстии тамоми миллату халқиятҳо ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро аз ҷумлаи ҳадафҳои волои давлат эълон намуд.
Соли 1993, сарфи назар аз душворию мураккабиҳои мавҷуда, бо талошҳои Пешвои миллат марҳалаи эҳёи сиёсати хориҷии Тоҷикистон гашт ва бидуни муболиға онро метавон соли оғози дипломатияи муосири тоҷик арзёбӣ кард. Дар ин давра, инчунин сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ таҷдид гардида, фаъолияти он ба ҳайси мақоми асосии банақшагирӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба талаботи замон ҷиҳати тавсеа ва тақвияти муносибатҳои байналмилалии кишвар мувофиқ карда шуд.
Сарвари  давлат ба ташаккули зарфияти кадрии вазорат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамуданд, зеро мутахассисони ин соҳа бо таҷрибаи забондонӣ ангуштшумор буданд. Он вақт дар дастгоҳи марказии вазорат ҳамагӣ 31 корманд сари кор буд ва мебоист дар муддати кӯтоҳ ҳайати нав бо мутахассисони варзида пурра карда шавад. Дар он солҳо бо дастури Сарвари давлат бо баъзе аз кишварҳои дӯст роҷеъ ба омода кардан ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ шартномаҳо ба имзо расиданд. Дар солҳои баъдӣ сохтори дастгоҳи марказии вазорат муносиб бо пешомадҳои нави сиёсати хориҷӣ инкишоф ёфта, дар таркиби он раёсатҳои нав кушода шуданд.
Аз ҷумлаи аввалин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷии Тоҷикистон қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар баробари ин, шабакаи васеи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба вуҷуд оварда шуд, ки барои таъмини робитаҳои доимӣ ва пайгирии рафти иҷрои тавофуқҳо бо кишварҳои дӯсту ҳамёр нақши муҳим доштанд. Ҳамаи ин тадбиру ибтикорҳо ба он овард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро мустаҳкам намуда, доираи муносибату ҳамкориҳои худро сол ба сол тавсеа мебахшад.
Президенти кишвари мо муаллифи ташаб-бусҳои бузурги байналмилалӣ ҳастанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд ва ё имрӯз мавриди татбиқ қарор гирифтаанд. Дар миёни ин ташаббусҳо бояд аз «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ёдовар шуд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо карданд. Бояд гуфт, ки ташаббусҳои созанда ва саривақтии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ роҳро барои фаъолияти пурсамари Вазорати корҳои хориҷӣ боз намуда, заминаи амалисозии сиёсати бисёрсамтаро ҳамвор сохтаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судмандро бо созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд ва Бонки навтаъсиси осиёии сармоягузории зерсохторӣ ба роҳ мондааст
Айни ҳол, Тоҷикистон дар ниҳодҳои СММ, монанди Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК), Комиссияи маводи мухаддир ва Комиссияи мақоми зан ва маҷмӯан дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ба беш аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ имзо гузоштааст.
Меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро сиёсати дарҳои кушода ташкил медиҳад. Тоҷикистон пас аз бозгашти сулҳу оромиш ва таҳкими суботу амният, ин навъи сиёсатро дар пеш гирифт ва дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо эълони «сиёсати дарҳои кушода» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад.
Ҳадафи асосии ин сиёсат ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ буда, он аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайгирона ҷиҳати дарёфти ризоят ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар амалӣ мегардад.
Сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар айни замон бо чанд маркази муҳими қудрат дар ҷаҳон ва минтақа  муносибати  ботавозун  ва баробар дошта бошад. Зеро сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон, бо пазириши меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар тамоми фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад.
Имрӯзҳо тамоми намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мо дар хориҷ баҳри ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, талош меварзанд. Фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон, кӯшишҳои пайгирона ҷиҳати дарёфти ризоят ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар аз сӯи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ амалӣ мегардад.
Дар хотима зикри ин нукта бамаврид аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ азму иродаи давлати Тоҷикистонро дар ҷодаи ободию осоиши Ватан, ташаббусҳои созандаву некбинона, нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона ба масоили глобалии муосир ва иштироки фаъол дар ҳалли онҳо эътироф ва эҳтиром мекунад. Бешак, ин навъи нигариш ба Тоҷикистон заминаро барои барқарории равобити созанда бо ҳамаи кишварҳои олам ва нақшофарии мамлакати мо дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ фароҳам хоҳад кард.

Сироҷиддин МУҲРИДДИН,
вазири корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 79

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед