logo

сиёсат

ДАЪВАТИ ЗИНДАГИСОЗ

Дар ҳошияи вохӯрии Пешвои миллат бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар
Даъвати  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   «Ватанамонро ободу давлатамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки ободу осуда ва тараққикардаро ба мерос гузорем», ки дар вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар садо дод, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти созандагию ободкории тамоми аҳли ҷомеаро барои шукуфоии Ватани азиз ва беҳрӯзии ҳамватанон боло бурд. Акси садои ин даъвати зиндагисоз дар тамоми гӯшаю канори мамлакат шунида мешавад, мардум иқдомҳои Пешвои миллатро бо ҷону дил дастгирӣ ва ба он пайравӣ мекунанд.

Мардуми шаҳри куҳан ва ҳамешаҷавони Панҷакент низ бо рӯҳияи баланд барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва 5500 - солагии тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии шаҳри бостонии Саразм, ки бо ибтикори Президенти кишвар таҷлил мегардад, омодагӣ мегиранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади вусъат бахшидани раванди бунёдкорию ободонӣ, гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис дод, ки вазъи иқтисодию иҷтимоӣ  ва ҳолати инфрасохтори шаҳру деҳотро дар маҳалҳо ва коргоҳу муассисаҳо омӯхта, бо мардум, аз ҷумла соҳибкорону афроди саховатпеша, вохӯриҳо гузаронданд. Дар ҷараёни омӯзишу таҳлил ва вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ, ҳамчунин, силсиламулоқотҳои  раиси шаҳр Ислом Шафеиён бо сокинони деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр дар маҷмӯъ бунёди 265 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла  20 мактаб, 2 кӯдакистон, 1 беморхона, 31 хонаи саломатӣ, 16 майдончаи варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, 124 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳаммом, 14 коргоҳи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, 8 коргоҳи дӯзандагӣ, таъмиру азнавсозии 15 коргоҳи истеҳсолӣ ва роҳҳо, ба нақша гирифта шуд. Дар баробари ин, бо иқдоми ватандӯстонаи сокинони шаҳр шумораи иншооти бунёдшаванда  ҳамарӯза меафзояд.
Сокинони заҳматпешаи диёр бо истифода аз маблағҳои буҷетию шарикӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва бо роҳи ҳашар Ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бунёди бештар аз 30 иншооти таъйиноти гуногун истиқбол гирифтанд. Мавриди  истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқи 220 - киловолта ва зеристгоҳи «Рӯдакӣ», Маҷмааи фарҳангӣ - фароғатии «Кохи Лоиқ», кӯдакистон барои 200 нафар, ду пул дар болои сойи Зебон, гузоштани муҷассамаи Лоиқ Шералӣ дар деҳаи Мазори Шариф, азнавсозии 13,5 км роҳи Сӯфиён – Суғдиён бо маблағи  корхонаи муштараки «Зарафшон», бақарорсозии хати оби нӯшокии ҳудуди шаҳр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд.
Ташаббуси сокинони маҳаллаи навбунёди деҳаи Шӯрноваи Ҷамоати деҳоти Саразмро махсус таъкид кардан мехоҳам. Сокинони маҳалла тасмим гирифтанд, ки ба таври ҳашар бинои нави мактаб созанд. Дар як муддати кӯтоҳ бештари оилаҳо ихтиёран ба хазинаи бунёди мактаб аз 100 то 500  - сомонӣ маблағ пешкаш карданд. Ҳимматбаландон барои сохтмон маблағҳои бештар доданд. Масалан, сокини куҳансоли деҳа Эгамбердӣ Тӯраёров  қариб 30 ҳазор сомонӣ ва як миқдор маҳсулоти сохтмонӣ, ҳоҷӣ Файзулло Мамиров 14 ҳазор, Ҳотам Қаҳҳоров 4  ҳазор, омӯзгорон Отабек Ҳазратқулов, Бекмурод Ҳазратов, соҳибкорон Ҷонибек Маҳмадёров, Сиддиқ Мамиров, Неъматулло Мамиров, Абдуғаффор Тошпӯлодов, Аловиддин Бегимқулов - ҷамъ бист нафар 1000 - сомонӣ ҷамъ оварданд. Боми бино, аллакай, бо ҳиммати мардум пӯшонда шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мактабро бо мизу курсиҳои нав таъмин намуд.
Сарвари кооперативи тиҷоратии «Ғелониён» Олимқул Ҳамроқулов бо ибрати некаш миёни мардуми диёр шуҳратёр гардидааст. Ӯ соли 2014 аз ҳисоби маблағи шахсиаш бинои таълимгоҳи иборат аз 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ бунёд намуда, дар он ҳамаи шароити таҳсилро омода сохт. Ин марди наҷиб соли ҷорӣ боз ба  як кори хайр даст зад. Сокинони деҳаи Фароб бо сарварии роҳбари оқилу саховатпешаи худ ба сохтмони 6 синфхонаи нав ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон оғоз намуданд. Сокини деҳаи Ёрӣ Саидмурод Ҷалолов соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои барои  сафари ҳаҷ ҷамъовардааш дар сойи селгузари деҳа бо маблағи 330 ҳазор сомонӣ ба дарозии 9 метр пули мошингузар  месозад.  Ин пул то охири соли ҷорӣ  мавриди истифода қарор гирифта, мушкили сокинонро осон мекунад.
Ба чунин амали хайр соли гузашта сокини деҳаи Марғедар Бомулло Эсоев низ даст зада буд. Номбурда ба маблағи 176 ҳазор сомонӣ байни деҳаҳои Кулолӣ ва Кулолии Нав пули мошингузар бунёд намуд. 163 нафар ҳоҷиёни шаҳр, ки соли ҷорӣ аз сафари ҳаҷ баргаштанд, дар деҳаи Рӯзиобноки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ аз ҳисоби маблағҳои худ ҳашт синфхона месозанд. Соҳибкор Муҳаббат Ғаффорова  дар мактаби деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан варзишгоҳ сохта ба  хонандагон ва ҷавонони деҳа ҳадя намуд.
Дар оғози соли нави таҳсил дар деҳаҳои Моғиёни Ҷамоати деҳоти Моғиён ва Косатароши Ҷамоати деҳоти Косатарош низ синфхонаҳои бо роҳи ҳашар бунёдёфтаи сокинон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Сокини деҳаи Косатарош Раҳмонқул Муллоҷонов бо маблағи шахсиаш тавассути қубури полиэтиленӣ аз масофаи 700 метр ба мактаби деҳа оби ошомиданӣ овард. Ҳимматбаландон беморхонаю таълимгоҳ ва роҳҳоро таъмир, маҳали зисташонро ободу сабзу хуррам мегардонанд.
Бунёди иншооти нав имкон дод, ки садҳо нафар сокинони шаҳру деҳот бо ҷойи  кори доимӣ таъмин шаванд.
Боиси  шодмонию сарфарозист, ки дар Панҷакент сафи соҳибкорони ободгар  ҳамарӯза меафзояд. Соҳибкор Шокир Аҳмадов дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош маҷмааи фароғатӣ бунёд намуд, ки он аз майдончаи варзишӣ, сартарошхона, чойхона, тарабхона ва ҳаммом иборат аст. Аксари корҳои сохтмонии ин маҷмаа бо тариқи ҳашар сурат гирифтаанд. Ҳаммом дар як вақт ба 20 нафар мизоҷон хизмат мерасонад. Акнун ҷавонону наврасони деҳа вақти холиашонро на ба хондани сатрҳои ҳангомабарангез ва иғвою дасисаи ифротиён аз шабакаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд, балки дар майдончаи варзишӣ ба обутоби ҷисмонӣ машғуланд.
 Солҳои охир соҳибкор, сарвари трести «Панҷакентсоз» Абдумаин Қодиров  дар ободонии шаҳр ҳиссаи муносиб мегузорад. Ин соҳибкори пурғайрат дар маркази шаҳр чандин биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маишӣ сохта, мушкили мардумро осон  намуд. Боғи ба тозагӣ бунёднамудаи ӯ дар қисмати ғарбии шаҳр, аллакай, меҳмонону дӯстдорони зиёди сайру саёҳатро   ба худ ҷалб намудааст. Ӯ ва соҳибкор Раҳмонқул Каримов якҷо то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду бинои 9-11 - ошёнаи истиқоматӣ ва меҳмонхонаю чойхонаи миллӣ сохта ба истифода доданианд.
Сарвари давлат барҳақ истиқлолиятро неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо унвон кардаанд. Мардуми сипосгузор ва сарбаланди Панҷакент аз ин неъмати бебаҳо ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат оид ба фароҳам овардани оромию субот, шароит барои зиндагии шоиста  шукргузорию ифтихор мекунанд ва пайи ободию шукуфоии бештари Ватан ғайратмандона  талош меварзанд.

Зайнура АЗИМӢ,
муовини раиси шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 250

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед