logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СООРОНБОЙ ЖЭЭНБЕКОВ

Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар карданд, ки мулоқоти имрӯза боз як қадами муҳим дар ҳалли масъалаҳои марбут ба пешбурди муносибатҳои накуи ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд.
Сарони давлатҳо барои густариши муноси-батҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ - СASA-1000, таъсиси механизмҳои муштарак барои коркарди меваю сабзавот ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, фаъол кардани нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаро амри муҳим маънидод карданд.
Тоҷикистону Қирғизистон дорои сарҳадоти умумӣ мебошанд ва  ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша намуданд. 
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 182

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед