logo

сиёсат

БОЗДИД АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ "БОҒИ СОМОН", "ВАТАН" ВА "ҲОҶӢ НЕЪМАТ"

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Сарони ду давлат аз вазъи феълии ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад,  дидан намуда, бо кормандони он аз наздик суҳбат карданд.
"Боғи Сомон" яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро соҳибанд. Аз ин ҷост, ки соли 2017 хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.
Айни замон дар заминҳои хоҷагӣ 7 намуди ангур, аз ҷумла "Ҳусайнии сиёҳу сафед", "Ғалаба", "Шоҳона", "Пешпазак", "Кишмиши сиёҳу сафед" парвариш карда мешавад, ки тибқи нишондодҳо, имсол ҳосил нисбат ба солҳои қаблӣ бештар аст.
Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” баробари парвариши васеи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин, ба парвариши чорвои калону майда низ машғул аст. Айни ҳол хоҷагӣ 4 ҳазор сар чорвои хурд ва бештар аз 100 сар чорвои калонро дар ихтиёр дорад.
Хоҷагии  деҳқонии  "Боғи  Сомон"  бо  ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1100 нафар саҳмдор дорад. Барои парвариш ва нигоҳубини ангур хоҷагӣ дорои таҷрибаи бойи корӣ ва шароити мусоид буда, чанд рӯз қабл бо оғоз гардидани фаъолияти сардхонаи нав иқтидори нигоҳдошти маҳсулот дар ин хоҷагӣ ба 2 ҳазор тонна расонда шуд. Акнун имкониятҳои нигоҳдошти маҳсулот ва захираи он дар хоҷагӣ зиёд шуда, онҳо метавонанд қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавоти худӣ таъмин намоянд.
Дар ҳудуди хоҷагии деҳқонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, ки аслан аз ангур омода мешаванд, дидан намуданд.
 Аҳли заҳмат навъҳои гуногуни ангурро, ки дар шаҳри Турсунзода парвариш меёбанд, ба намоиш гузоштанд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки Турсунзода яке аз минтақаҳои асосии ангурпарварӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, танҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов 312 хоҷагии хурд ва 2 хоҷагии бузурги ангурпарвар фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат чашмрас мебошад.
Иброз гардид, ки дар бозорҳои хориҷи кишвар низ талабот ба ангури Тоҷикистон зиёд аст. Хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" ҳамасола навъҳои гуногуни ангурро ба ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Русия содирот мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко зимни суҳбату боздид ба кори хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, барои густариши фаъолияти минбаъда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав, бахусус бо хоҷагиҳои Ҷумҳурии Беларус дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.


29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти токпарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» шиносоӣ пайдо намуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки аз он 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко зимни боздид аз ангурбоғи хоҷагӣ ба усули парвариши ин навъи меваи хуштаъм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва роҳандозии ҳамкориҳо дар ин самт, махсусан бо хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Беларус таъкид шуд.
Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2015 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин хоҷагидорон аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парваришкарда ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед»-ро шинонданд ва имрӯзҳо аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.
Дар токзори хоҷагӣ ба таври таҷрибавӣ навъҳои «Чиликӣ» ва «Кардинал», ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудаанд, парвариш меёбанд. Президенти Ҷумҳурии Беларус зимни боздид аз ҳосили фаровони токзори аҳли заҳмати хоҷагӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самти содироти ин навъи меваи хуштаъм ба Минск низ таъкид дош-танд.
Заҳматкашони хоҷагӣ дар шаҳри Турсунзода мактаби махсуси худро доранд ва ҳамасола дар доираи дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош бар он мекунанд, ки майдони киштро боз ҳам васеъ намоянд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко аз боғи ангури хоҷагӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 аҳли заҳмати хоҷагӣ беш аз 540 тонна маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ва ба кишварҳои Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Русия содирот кардаанд ва соли равон бошад, ҷамъоварии 700 тонна навъҳои гуногуни ангур ва пешниҳоди он ба бозорҳои дохилию берунӣ дар нақша аст.
Дар назди хоҷагӣ бо мақсади захираи маҳсулот бо ғунҷоиши 500 тонна сардхона бунёд гардидааст, ки дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад. Таҷҳизоти сардхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид шуд ва барои бо сифати баланд нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ аст.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ, дар баробари токдорӣ дар соҳаи ниҳолпарварию чорводорӣ низ таҷрибаи ғанӣ дорад. Дар ниҳолхона 20 номгӯйи ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш меёбад, ки барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр пешниҳод мегарданд.
Меҳмонони олиқадр ташаббуси роҳбарияти хоҷагиро дар самти ангурпарварӣ намунаи ибрат арзёбӣ намуданд ва ин иқдомро дар фаровонии бозорҳо бо ин навъи меваи серталабгор дар ҷаҳон муҳим маънидод карданд.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баъди иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтироми баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд.

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2018    №: 192    Мутолиа карданд: 427

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед