logo

иҷтимоиёт

НОМАИ ШОДБОШИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи 1/4 ниҳоии Чемпионати Осиё – 2018 оид ба футбол дастаи Ҷумҳурии Халқии Демократии Кореяро (вақти асосӣ 1:1, 4:2 аз рӯи пеналти) шикаст дода, дар баробари роҳ ёфтан ба бозии нимниҳоӣ, инчунин,  роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон – 2019 - ро, ки дар Перу баргузор мешавад, ба даст овард. Дар иртибот ба ин, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ футболбозони наврасро бо ин комёбии назаррас табрику таҳният гуфт.
Дар номаи табрикотии президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ омадааст: «Аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва, шахсан, аз номи худам мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таҳти роҳбарии мураббӣ Зайниддин Раҳимов ба ифтихори дарёфти роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон – 2019 (U-17), ки баргузориаш тобистони соли оянда дар кишвари Перу мавриди назар аст, аз самими қалб табрику таҳният мегӯям. Билохира, фурсате фаро расид, то аз ҳосили заҳматҳои ҳамвораи душвори хеш ком ширин кунем. Дар ин лаҳзаҳои бекарони фараҳфизо мехостам ҳайати бозигарон, ситоди мураббиёну маъмурон бар ивази заҳмати босифату касбиашон изҳори самимонаи қаноатмандию муборакбодӣ намоям. Аҳсант, тими зафармандон! Ин аст тимсоли фидокориҳои шумо дар роҳи ҳифзи нангу номи Меҳан! Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар ин лаҳзаҳо аз мунтахаби мамлакат пуштибонӣ менамуданд! Ба мунтахаби сарбаланду пирӯзи футболбозони умедбахши тоҷик дар рақобати марҳилаи нимниҳоии Чемпионати Осиё – 2018 кушоиши кор ва авҷу барор таманно мекунам!».
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2018    №: 193    Мутолиа карданд: 134

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед