logo

сиёсат

ХОРУҒ. МОДАРОН ҚОНУНШИКАНИРО ҚОТЕОНА МАҲКУМ МЕКУНАНД!

Солҳои охир шаҳри маҳбубамон - Хоруғ бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Тоҷикистон ва заҳмати аҳлонаи сокинони меҳнатқаринаш ба шаҳри зебои афсонавӣ монанд мешавад, ба шаҳре, ки аҷдодонамон дар афсонаҳо орзуи онро доштанд. Ин шаҳри гаҳвораи умеди хурду бузурги Боми Ҷаҳон нигини Бадахшон ном гирифт ва ҳар фарди вилоят барои тақдири ояндаи он худро масъул мешуморад. Бахусус, аз мо - сокинон ва ҷавонони шаҳр вобаста аст, ки то чӣ андоза бо амалҳои наку ва писандидаи хеш ояндаи боз ҳам дурахшону равшани наслҳои ояндаамонро таъмин менамоем.
Мутаассифона, амалҳои ҷиноятӣ ва ғайриқонунии бархе аз ҷавонон боиси ноором гардидани авзоъ дар шаҳри азизамон гардидаанд. Ҳар як бесуботӣ ва нооромӣ чун тир, пеш аз ҳама, ба ҷони модарон мехалад, зеро Зан - Модар мавҷуди нозук, латиф, ҳассос, қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, оқибати ҳар ҷангу хунрезӣ бештар аз ҳама ба қалби модарон чанг мезанад, чаро ки модар азизтарин офаридаи хеш - фарзандро аз даст медиҳад.
Омилҳои асосии нооромиҳо бештар ба мавҷудияти силоҳ дар дасти иддае аз ҷавонон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд мебошанд. Аз силоҳ, ҳамчун манбаи хатар ва куштор дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона солҳои охир дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят чандин шаҳрванд ба ҳалокат расид ва ё маъюбу маслуқ шуд. Силоҳ ғайр аз бадбахтӣ ба хонаводаи касе, ки онро дар даст дорад, чизи дигаре намеорад. Мо ба ҳамаи ҷавононе, ки дар даст силоҳ доранд, ҳамчун ба фарзандони худ муроҷиат намуда, мегӯем, ки силоҳашонро ихтиёран супоранд. Ихтиёрӣ супурдани силоҳ шахсро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекунад ва, аз тарафи дигар, дар шаҳри мо амнияту осудагӣ таъмин мегардад, ки орзуи ҳамаи сокинони ВМКБ мебошад.
Қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир ҷомеаи моро ба хатари нобудӣ кашонда, ҳамасола теъдоди зиёди ҷавонон ҷони худро аз даст медиҳанд, он боиси бадбахтӣ дар хонаводаҳо мешавад ва ин амали нангину ноҷавонмардонаи зомин шудан ба ҷони онҳо бар дӯши нафаронест, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд. Мо - занону модарон гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро қотеона маҳкум менамоем ва бовар дорем, ки ба хотири таъмини наслҳои солими оянда тамоми қишрҳои ҷомеа моро дастгирӣ мекунанд.
Дар сафаре, ки чанд рӯз пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон доштанд, як зумра иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо мақсади тараққӣ додани минтақа санги асоси иншооти зиёди гуногунро гузоштанд.
Мо дар симои Эмомалӣ Раҳмон фарзанди вафодори халқу Ватанро мебинем, ки бо қотеияти хос ва меҳри падарона хостори бартараф намудани камбудиҳо гардиданд. Бовар дорем, ки сокинони шаҳр, бахусус ҷавонон дар роҳи халъи силоҳи худихтиёрӣ ба мақомоти маҳаллӣ ҳамкорӣ менамоянд. Итминон дорем, ки ақлу иродаи солим ғалаба мекунад ва дар шаҳри азизу зебоямон осудагӣ ва амонӣ ҳукмфармо гашта, Хоруғ ба шаҳри намунавӣ табдил хоҳад ёфт,- иброз доштанд бонувони ВМКБ дар ҳамоиши худ.
Таҳияи Раҳмони ГУЛЗОР, "Ҷумҳурият"

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2018    №: 193    Мутолиа карданд: 177

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед