logo

иҷтимоиёт

РОЙТЛИНГЕН. САЙРЕ ДАР ТАНГТАРИН КӮЧАИ ДУНЁ

Тоҷикистон баъд аз  истиқлолият  равобити худро бо кишварҳои олам  оғоз намуд ва дарвозаҳои рафтуомадро  бо тамоми мамлакатҳо боз кард. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон васлгари инсонҳо буда, талош менамояд, то робитаашро бо онҳо ҳамеша нигоҳ бидорад. Боиси ифтихор аст, ки пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дорои маконҳои таърихӣ ва саёҳатӣ буда, бо чанд шаҳри дунё, аз ҷумла  Ройтлинген, бародаршаҳр мебошад.
Ройтлинген дар асрҳои IV - V милодӣ бунёд гардидааст. Дар ҷануби Олмон, дар вилояти Баден - Вуртембек ҷойгир аст. Аҳолиаш тақрибан 115 ҳазор нафар аст. Шаҳр калон  набошад ҳам, ҷойҳои зиёди таърихӣ дорад. Маъбади Марями он дар асри XIII бунёд ёфтааст. Кӯчаи тангтарини ҷаҳон бо номи Шпройерхофштрассе ин ҷост. Сайёҳоне, ки ба ин ҷо меоянд, ҳатман аз ин кӯча дидан мекунанд. Тибқи маълумоти сайти шаҳрдорӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Ройтлингени Олмон аз соли 1990 қарордод дар бораи бародаршаҳрӣ вуҷуд дорад. Манбаъ менигорад, ки шаҳри Ройтлинген тӯли солҳои охир бо баргузории маъракаҳои хайриявӣ  маводи тиббӣ ҷамъоварӣ намуда, ба Тоҷикистон фиристодааст.
Бояд зикр кард, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон моҳи декабри соли 1992 барқарор шуданд.
Тибқи торнамои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳои сиёсӣ бо Олмон чун яке аз аввалин намояндагии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1993 оғоз шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Олмон 6 сентябри соли 1994 кушода ва соли 1999 ба шаҳри Берлин кӯчонда шуд.
Ташрифҳои сатҳи баланди дуҷониба ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Олмон замина гузоштанд. Моҳи марти соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон ташриф оварданд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат намуд.
7 - 8 сентябри соли 2015 дар шаҳри Берлин конфронси “Раванди Берлин” таҳти унвони “Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид.
Ҷониби Олмон омодагии худро ҷиҳати минбаъд дастгирӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳот дар доираи стратегияи миллии миёнамуҳлати рушд дар давраи солҳои 2016 - 2022 иброз намуд.
Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Олмон ягона давлатест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади ҳамкорӣ имзо намудааст ва то  имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба тасвиб расидааст. Аз теъдоди мазкур 30 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 9 - торо созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 - торо изҳороти муштарак ташкил медиҳанд. Созишномаҳо соҳаҳои гуногунро фаро гирифтаанд.
Виктория ДМИТРЕНКО,
тоҷикшинос, донишҷӯи Донишгоҳи
Гётингени Олмон
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупо

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2018    №: 194    Мутолиа карданд: 82

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед