logo

фарҳанг

ЗАБОНИ АДАБИИ ТОҶИКӢ: АЗ ОҒОЗ ТО ИМРӮЗ

Забони адабӣ яке аз нишонаҳои муҳими тамаддуни ин ё он миллат маҳсуб мешавад. Зеро маҳз тавассути забони адабӣ, миллатҳои гуногун метавонанд, ки дастовард ва комёбиҳои илмию фарҳангӣ, таърихию сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии худро барои дигарон муаррифӣ кунанд. Барои ташаккули забони адабӣ, дар баробари муоширати одамон ва хат,  як қатор омилҳои дигари фарҳангию иҷтимоӣ  ва сиёсию иқтисодӣ зарур мебошад.

Маврид ба таъкид аст, ки забон то замони ба забони адабӣ ташаккул ёфтан марҳалаҳои зиёди таърихию иҷтимоиро паси сар мекунад. Яъне, дар равиши таърих  ва бархӯрд бо ҳодисаҳои гуногуну муқовимат бо онҳо боис мегардад, ки як гурӯҳ забонҳо дар саҳифаи таърих бо баъзе тағйиротҳои лингвистӣ боқӣ бимонанд ва гурӯҳе дар муқовимат  бо забонҳои пурқудрат тоб наоварда, маҳв мегарданд ва батадриҷ  тобеи забони «ғолиб» мегарданд. Дар чунин муборизаҳо дар арсаи таърих забонҳое ба майдон меоянд, ки ҳудуд ва теъдоди гӯяндагони он хеле васеъ буда, боиси ба вуҷуд омадани шеваҳо мегардад. Бинобар ин, барои муошират ва мубодилаи афкор дар ҳудуди васеи гӯяндагони шеваҳои ба ҳам наздики як минтақа ё як гурӯҳи этникӣ зарурати ихтирои забони адабиро ба вуҷуд овард. Забони адабӣ забони сохта буда, аз забони табиӣ фарқ мекунад. Дар баробари ин забони адабӣ барои зинда мондани забони табиӣ, ки дар шакли овоз (гуфтори одамон) фаъолият дорад, мусоидат менамояд. Пас, забони адабӣ чист? Забоншинос М.Қосимова доир ба мафҳуми забони адабӣ чунин посух додааст: «Забони адабӣ забонест, ки аз тарафи мардум эътироф гаштааст, барои тамоми ҷомеа умумӣ аст, суфта шудаасту сайқал ёфтааст, услуби муайян дорад, ҳамчун меъёр дониста шудааст, бо он забон ҳама сухан меронаду менависад».
Забони адабиро надониста навиштану дарки асари бадеӣ барои адибон ва соҳибзабонони як ҳудуди ҷуғрофӣ,  ки дорои лаҳҷаҳои гуногунанд, ғайриимкон аст. Дар ин замина забони адабӣ воситаи муҳими ба ҳам овардани як миллат маҳсуб шуда, ғояи ягонаи ваҳдати забонӣ ва тафаккури миллии соҳибзабононро инъикос мекунад.
Яке аз омилҳои асосии забони адабӣ таърихан ташаккулёбии он мебошад. Забони адабии тоҷик то замони ташаккулёбиаш марҳилаҳои гуногуни таърихиро паси сар карда, бо ҳодисаҳои зиёде рӯ ба рӯ шудааст. То замони ҷорӣ шудани дини ислом дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон забони тоҷикӣ дар шакли забони адабӣ истифода намешуд. Танҳо баъд аз муборизаҳои зиёд дар муддати зиёда аз 200 сол ин забон тавонист, ки иқтидору неруи худро дар мубориза бо забонҳои дигар, аз ҷумла забони арабӣ нишон диҳад ва дар саҳифаи таърихи башарият мондагор будани худро исбот намояд, ки ба ин пеш аз ҳама вазъи мусоиди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии замони Сомониён мусоидат кардааст. Маҳз бо талоши хонадони илму фарҳангпарвари Сомониён забони тоҷикӣ дорои хат гардид ва ба ҳайси забони адабӣ ташаккул ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд:
«Бо талошу заҳмати фарзандони маърифатпарвари халқ забони тоҷикӣ давра ба давра ташаккул ва таҳаввул ёфта, қаламрави истифодаи он аз Мовароуннаҳру Хуросон фаротар рафта, ба Қафқозу Осиёи Хурд, Ироқу нимҷазираи Ҳинд доман паҳн кард ва садсолаҳо нақши забони байналмилалиро иҷро намуд".
Баъд аз бунёди давлати Сомониён ва бо ташаббуси ин хонадон дар як марказ муттаҳид сохтани аҳли илму адаби замон забони адабӣ, арзи ҳастӣ кард, ки дар раъси он устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ меистод. Ба андешаи Давлатшоҳи Самарқандӣ: «Аммо ба рӯзгори Оли Сомон шеъри форсӣ равнақ ёфт ва устод Рӯдакӣ дар ин олам саромад  буд ва қабл аз вай шоире, ки дар форсӣ соҳибдевон бошад, нашунудаам. Пас, воҷиб бувад, ки ибтидо аз устод Рӯдакӣ намуд». Ин нуктаи Давлатшоҳи Самарқандӣ сазовари пазириш аст, зеро то замони ба арсаи эҷод ворид гардидани устод Рӯдакӣ адибони зиёде ба навиштани асарҳо машғул буданд. Вале аз сабаби роиҷ набудани қавоиди ягонаи забони адабӣ осори онҳо ба ҳайси асарҳои  ҷавобгӯ ба меъёрҳои забони адабӣ пазируфта нашудааст. Дар ашъори устод Рӯдакӣ мо тамоми хусусиятҳоеро, ки барои ташаккули забони адабии тоҷикӣ мусоидат кардаанд, пайдо намуда метавонем. Пеш аз ҳама, дар ташаккули забони адабӣ риояи меъёри ягонаи луғавию грамматикӣ зарур аст. Зеро забони адабӣ барои як ҷомеаи мутаммарказ, ки манфиатҳои маънавию фарҳангии онҳо умумӣ ва ягона аст, хизмат менамояд.
Дар осори бозмондаи Одамушшуаро мо аксари хусусиятҳои луғавию грамматикии забони тоҷикиро мушоҳида карда метавонем, ки онҳо солҳои зиёде дар осори манзуму мансур ва забони зиндаи халқ ҳифз гардидаанд.
Яке аз вижагиҳои  забони адабӣ ба забони гуфтугӯӣ наздик будани он мебошад. Устод Рӯдакӣ, ки худ тараннумгари ғояҳои мардумӣ буд, дар истифода аз хазинаи боғановату рангини забони мардум устодии беҳамтое нишон додааст. Масалан, вожаи «анде», ки шояд истифодаи он дар забони шуарои дигар ба назар расад, то имрӯз дар забони мардуми аксарияти маҳалҳои тоҷикнишин истеъмол мегардад, дар байти зерини устод Рӯдакӣ мавриди истифода қарор гирифтааст:
Анде, ки амири мо боз омад пирӯз,
Марг аз паси дидан-ш раво бошаду шояд.
Ё:
Аблаҳу фарзонаро фарҷом хок,
Ҷойгоҳи ҳар ду андар як мағок.
«Мағок» ба маънии чуқурии табиӣ ё дар замин кандашуда ва маҷозан ба маънии гӯр омадааст. Дар баъзе лаҳҷаҳо ин калима ба маънои хонаи тангу торик низ меояд.
Умуман, доир ба хусусиятҳои луғавию грамматики осори устод Рӯдакӣ, ки дар забоншиносии тоҷик таҳқиқотҳои муътамаде ба анҷом расидааст ва онҳо бозгӯйи онанд, ки ба ҳайси бунёдгузори забони адабии тоҷикӣ пазируфта шавад. Анъанаҳои дар забон бунёднамудаи ин устоди бузург дар масири қарнҳои зиёде ба ҳайси меъёр пазируфта шуданд ва  мондагории низоми забони адабии тоҷикиро дар саҳифаҳои таърих таъмин намудаанд.
Маҳмаддовуд САЛОМОВ, мудири кафедраи таърихи забон
ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2018    №: 194    Мутолиа карданд: 164

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед