logo

иқтисод

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. БЕШ АЗ ҲАЗОР ИНШООТ БУНЁД МЕЁБАД

Бешубҳа, ободию сарсабзӣ ва рушду шукуфоии кишвар самари неки даврони истиқлолият ва талошу такопӯҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Имрӯз аз кӯчаву хиёбонҳои зебо бо иморатҳои гуногуни сар ба болову гулгаштҳои хуррам аз гулу буттаҳо, дарахтони сояафкани ҳамешасабз гузар карда, шукри Истиқлолияти давлатӣ, шукри соҳибдавлатӣ  мекунем, ки дар идомаи 27 соли ин даврон ба дастовардҳои зиёду чашмраси иқтисодиву иҷтимоӣ  ва фарҳангиву варзишӣ  муваффақ шудем.
Бобоҷон Ғафуров бо аҳолии 360 ҳазор нафар дар миқёси кишвар аз ноҳияҳои калонтарин маҳсуб меёбад. Табиист, ки  барои бо ҷойи кору таълиму хизматрасонӣ  фаро гирифтани  ин миқдор мардум   иншооти зиёди истеҳсоливу иҷтимоӣ, фарҳангию хизматрасонӣ  бояд бунёд карда шавад. Бино ба иттилои Вализода Зариф Назирӣ, раиси ноҳия, ҷиҳати беҳтар кардани шароити таълиму таҳсили муҳассилин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъминот бо манзили истиқоматӣ бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо теъдоди иншооти сохташаванда сол то сол зиёд мешавад. Масалан, агар дар ҳамин давраи соли гузашта дар миқёси ноҳия 12 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва  фарҳангӣ  бунёд ёфта бошад, дар 8 моҳи соли равон 14 иншоот бунёд гардидааст. Фақат маблағи аз ҳисоби буҷети ноҳия барои сохтмону таъмир равонашуда имсол 4 миллиону 853 ҳазор сомонӣ  афзоиш ёфт.
Соли равон дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров маҷмааи фарҳангӣ бо харҷи зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағи буҷети маҳаллӣ  бо диди нав таъмиру азнавсозӣ  шуда, ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи мардум ва маркази баргузории чорабиниҳои оммавӣ  мубаддал гашт.  Даъвати  Президенти мамлакат оид ба вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони сарбаланди ноҳия бо рӯҳи болида дастгирӣ ёфт. Ҳоло дар ҳар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия гурӯҳҳои корӣ оид ба бунёдкорию ободонӣ таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин, нақшаи чорабиниҳои ободонӣ  ва созандагӣ  барои солҳои 2018-2021 таҳия шуда, тибқи вазифагузориҳои роҳбари гурӯҳи корӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат  Қурбонбой Ҳакимзода бояд ин нақшаҳо то 1 сентябри соли 2021 пурра амалӣ шаванд. Бо назардошти ташаббусҳои сокинони ноҳия дар се сол бо шумули корҳои  ободонӣ бунёду навсозии 1117 иншоот, аз ҷумла 312 иншоот дар бахши иҷтимоӣ, ба нақша гирифта шудааст. Дар ин радиф дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бунёд намудани  2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхона, қасри фарҳанг, 11 кошонаи ҳусн, 3 таваллудхона, 9 гармхона, 3 сардхона, 4 фермаи чорводорӣ , 6 фермаи парандапарварӣ  ва 2 ҳавзи моҳипарварӣ ва марказҳои зиёди хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ҳашт моҳи соли равон дар ноҳия чандин иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб дар деҳаи Овчиқалъача барои 624 хонанда, бинои нави иловагии мактаб дар Ҷамоати деҳоти Дадабой Холматов, варзишгоҳ  дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён, кӯдакистони “Зебо” дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз ва кӯдакистон дар шаҳраки Ғафуров, 3 беморхонаи рақамӣ  ва 13 хонаи саломатӣ  мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифтанд. Дар пайи иҷрои дастури Пешвои миллат дар бораи дар ҳар ҷамоати деҳот бунёд намудани ҳаммом, толори ҳусн ва сартарошхона дар деҳоти ноҳия 1 кошонаи ҳусн, 5 сартарошхона ва 30 маркази  савдою хизматрасонӣ бо фарогирии  160 ҷойи нави корӣ  ба истифода дода шуданд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”                                                                             
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2018    №: 194    Мутолиа карданд: 67

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед