Хабарҳо
Як мулоқоти муҳим
Дар сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мулоқоти роҳбарони бахши тандурустии вилоят бо беш аз 20 нафар устоҳои халқии хатнагар сурат гирифт.
Тибқи иттилои маркази матбуоти сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят, мақсад аз ташкили ин мулоқот иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зимни суҳбат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баён доштанд.
Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори сарраёсати хадамоти мазкур, гуфт, ки аз моҳи январи соли 2019 гузарондани хатна аз тарафи устоҳои халқӣ пурра манъ карда мешавад. Мақсад аз ин амал пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла гепатит ва бемории норасоии масунияти бадан, мебошад. Ҳангоми гузарондани хатна дар беморхонаҳо табибон имкон доранд чандин бемориҳоеро, ки аксаран пӯшида мемонанд ва ба саломатии писарбача таъсири манфӣ мерасонанд, ошкор намоянд ва кӯдакро сари вақт ба табобат фаро гиранд.
Устоҳои халқӣ низ изҳор доштанд, ки бо дастгирӣ аз сиёсати Сарвари давлат ва ба хотири солимии аҳолӣ минбаъд фаъолияти худро қатъ намуда, ҳамчунин, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Мутахассисони соҳа дар ҷамъбасти мулоқот ба устоҳои халқӣ ба хотири омодагӣ дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ сипосгузорӣ намуданд. Тавре таъкид гардид, мардум бояд бидонад, ки ҳоло дар тамоми беморхонаҳо ҳуҷраҳои махсуси хатна ташкил карда шудаанд ва ин хизматрасонӣ барои писарбачаҳои то 22 - рӯза ройгон аст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 234