logo

Хабарҳо

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд.

Тибқи қарори якҷояи сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят, кишоварзони шаҳри Конибодом ҷойи аввал ва ноҳияи Мастчоҳ ҷойи дуюмро ишғол карданд. Дар 20 рӯзи аввали пахтачинӣ деҳқонони шаҳри Конибодом 7132,9 (баробари 51,9 дарсади нақшаи солона) ва кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ 11311 тонна (баробари 44,2 дарсади нақшаи солона) ҳосил ғун доштанд. Дар байни ҷамоатҳо бошад, Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ беҳтарин дониста шуд. Пахтакорони ин ҷамоат аз аввалинҳо шуда нақшаи пешбинишударо ба андозаи 110 дарсад иҷро намуданд.
Ғолибони мусобиқа мутаносибан бо 20 000, 10 000 ва 5000  сомонӣ мукофотонда шуда, чинакчиёни беҳтарин бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гаштанд. 
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат иброз дошт, ки пахта ҳамчун ашёи пурқимати саноатӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Аз ин хотир, соли равон майдони пахта дар вилоят наздики 7 ҳазор гектар зиёд гардида, дар назар аст, ки 130 000 тонна ҳосил ба даст оварда шавад. Раиси вилоят аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки сокинони касбу кори гуногуни шаҳру навоҳии вилоят рӯзҳои истироҳатӣ ба марди деҳқон барои ҷамъоварии ҳосил кумак менамоянд ва ҷиҳати ҳарчи бештар ғанӣ гардидани хирмани пахта ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби пахтакорони вилоят то имрӯз ҳудуди 50 000  тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 37,9 дарсади нақшаи солона баробар мебошад. Бо дастури раиси вилоят шуруъ аз 1-уми октябр ба ҳар килограм пахтаи чидашуда 80 дирам пардохт карда мешавад. Инчунин, бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил дар вилояти Суғд “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон гардидааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 143

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед