logo

иҷтимоиёт

ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ МУДОФИАВӢ. КҲФ СОҲИБИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ШУД

3 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Маросими ифтитоҳи марказ бо ҳузури котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Абдураҳим Қаҳҳоров, нозири кулли Маркази  Шоҳ  Салмон оид ба имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Арабистони Саудӣ   Абдуллоҳ ибни  Абдулазиз – ар - Рабиа, сарвари идораи генералии мудофиаи граждании ВКД - и Арабистони Саудӣ Сулаймон ибни Абдуллоҳ Амр як қатор роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт.
Тавре гуфта шуд, фаъолияти марказ барои омӯзондан ва тайёр кардани мутахассисони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани офатҳои табиат, пешгирӣ ва барқарорсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода равона шудааст.
Абдураҳим Қаҳҳоров, дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур, аз ҷумла чунин таъкид дошт: «Тавре ба ҳамагон маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дар баробари манзараҳои нотакрораш, бинобар хосиятҳои геологӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор меравад. Бар асари тағйирёбии иқлими сайёра солҳои охир зуҳуроти офатҳои табиат афзоиш ёфта, ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ ворид месозад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки танҳо солҳои 2016 - 2017 ва шаш моҳи аввали соли 2018 дар ҷумҳурӣ 1049 ҳодисаи табиат ва ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 112 ҳолат ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зиёда аз 100 миллион доллар зарар расонда, 62 нафар ба ҳалокат расид. Бояд қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти кумита имрӯз сохторҳои наҷотдиҳии кумита аз ҷиҳати моддиву техникӣ ва маҳорати касбӣ ба як неруи эътимоднок табдил ёфта, дар истодагарӣ ба офатҳои табиат маҳорати баланди касбӣ нишон медиҳанд».
Дар охири ҷамъомади тантанавӣ наҷотдиҳандагони кумита як силсила барномаҳои намоиширо иҷро карданд. Ҳамчунин, меҳмонон бо техникаи махсусе, ки дар ихтиёри кумита мавҷуд аст, ошно шуданд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2018    №: 195    Мутолиа карданд: 130

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед